МАСЪАЛАҲОИ НАЗАРИЯВӢ ВА АМАЛИИ ЗАБОНШИНОСИИ ТИПОЛОГӢ

419

Пешаи омӯзгорӣ чун қуллаи нурафканест, ки тамоми касбу вазифаҳои олам аз он сарчашма мегиранд. Аз ин лиҳоз саромади педагогика Ян Амос Каменский (1592 – 1670) ба касби ифтихорманди омӯзгорӣ баҳои арзанда дода, чунин гуфтааст: «…ба муаллимон вазифаи беҳтарине супорида шудааст, ки болотар аз он дар зери хуршед чизе буда наметавонад».

Яке аз омӯзгорони варзида ва устоди соҳибэҳтиром профессор Абдусалом Мамадназаров мебошад. Ба хотири эҳтиром ва арҷ гузоштан ба хидматҳои эшон дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён дар пояи факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи забони англисӣ ва типологияи муқоисавӣ ба муносибати 75-солагии профессор Абдусалом Мамадназаров конференсияи байналмилалӣ дар мавзӯъи «Масъалаҳои назариявӣ ва амалии забоншиносии типологӣ-муқоисавӣ, забоншиносӣ ва усулҳои нави омӯзиши забонҳои хориҷӣ» баргузор гардид.

Нишаст бо сухани муқаддимавии декани факултети забонҳои Осиё ва Аврупо н.и.ф., дотсент Рустам Шодиев оғоз ёфт.

Сипас ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. суханронӣ намуда, афзуд, ки нақши олими шинохта А. Мамадназаров дар тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ барои кишвар зиёд буда, зери роҳбарии он зиёда аз 10 нафар олими ҷавон оид ба масоили мубрами лексикографияи муосир, типологияи муқоисавии забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ рисолаҳои номзадӣ дифоъ намудаанд. Ҳамзамон, устод А. Мамадназаров дар баробари забоншиноси шинохта будан, ҳамчун тарҷумон, дар соҳаи тарҷума саҳми арзанда гузоштааст.

Сипас пажуҳишгар ва таърихшиноси саршинос аз Донишгоҳи Денвери ИМА Зартман Ҷонатан, профессори кафедраи забони тоҷикии ДДХ ба номи академик Б.Гафуров Абдуҷамол Ҳасанзода, доир ба хизматҳои содиқона ва фаъолияти пурсамари илмии профессор Абдусалом Мамадназаров суханронӣ карданд.

Дар конференсия гуфта шуд, ки саҳми профессор Абдусалом Мамадназаров дар самти рушди забоншиносии тоҷик ва тарҷумонӣ беназир аст.