МУҚОВИМАТ БА ҶИНОЯТКОРӢ – ЯКЕ АЗ МАСЪАЛАҲОИ БАРРАСИШАВАНДАИ ШУРОИ ОЛИМОНИ ДОНИШГОҲ

260

Нимаи дуюми имрӯз (28. 02. 2024) ҷаласаи навбатии Шурои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар рӯзномаи ҷаласа муҳимтарин масъалаҳои рушди ҳаёти таълимӣ, илмӣ, тарбиявӣ, тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва пешбурди фаъолияти хоҷагидорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Масъалаи якуми рӯзномаи ҷаласа ба вазъи иҷрои «Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон»» бахшида шуда, натиҷаи тадбирҳои андешидашуда ва корҳои анҷомдодаи масъулини донишгоҳ дар самти пешбурди корҳои профилактикӣ, огоҳонидан ва пешгирии ҷинояткорӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шунида шуд.

Аснои баррасии масъалаи мазкур ректори донишгоҳ, узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Насриддинзода Э.С. иброз дошт, ки Барномаи мазкур бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, № 265 тасдиқ карда шуда, дар заминаи он «Нақшаи чорабиниҳо вобаста ба амалӣ намудани Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» таҳия ва тасдиқ шудааст. Барномаи мазкур бо мақсади амалӣ намудани чораҳои маҷмӯӣ ва саривақтии сиёсати ҳуқуқии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба ҷинояткорӣ таҳия шудааст.

Таъкид карда шуд, ки мақсади асосии Барнома паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ дар мамлакат тавассути такмил додани фаъолияти сохтори давлатӣ ва ҷамъиятӣ оид ба огоҳкунии кирдори зиддиҳуқуқӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ, ҳамчунин, бартараф намудани оқибатҳои манфии онҳо, ҷорӣ намудани навоварӣ, истифодаи таҷрибаи пешқадам дар самти муқовимат ба кирдори зиддиҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, боварӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти идоракунии давлатӣ, таъмини ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, манфиатҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ аз таҷовузи ҷиноятӣ иборат мебошад.

Масъалаи муқовимат ба ҷинояткорӣ ҳамеша дар меҳвари сиёсати ҳуқуқии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар ин самт пайваста тадбирҳои муассир андешида мешаванд. Дар робита ба ин масъала зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда буданд, ки вазъи мураккаби ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, “ҷанги сард”, таҳдиду хатарҳои муосир – терроризму экстремизм, кочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем.

Дар воқеъ, имрӯз терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, ҷиноятҳои киберӣ, ҷиноятҳои фаромилии муташаккил, коррупсия бо оқибатҳои бераҳмонаи худ ба мушкилоти ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфта, аз он хавфу хатарҳое маҳсуб меёбанд, ки ба амнияти давлат, мудофиаи мамлакат ва дахлнопазирии ҳудуди кишвар таҳдид менамоянд. Бо назардошти вазъи пешгӯйинашаванда ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир дар зери таъсири манфии омилҳои ҷаҳонишавӣ пеш аз ҳама зарурати ҳимояи манфиатҳои миллӣ, бехатарии давлатӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ, истиқлолияти давлатӣ ва дахлнопазирии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйи кор омадааст.

Аз ин рӯ, раиси Шурои олимони донишгоҳ иброз дошт, ки дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои «Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» заминаҳои мусоиди ҳуқуқиву ташкилӣ фароҳам оварда шуда, дар ин самт аз ҷониби бахши ҳуқуқ дар ҳамоҳангӣ бо дигар сохторҳои таркибии донишгоҳ Барнома, «Нақшаи чорабиниҳо вобаста ба амалӣ намудани Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» ба тасвиб расидаанд.

Бо мақсади пешгирию огоҳонидани ҷинояткорӣ зарурияти густариши ҳарчи бештари функсияи тарғибу ташвиқи қонунҳо ва вусъат додани корҳои фаҳмондадиҳию тарғиботӣ ба миён омадааст. Эълон шудани соли 2024 аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” тақозо менамояд, ки масъалаи вусъат додани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати боло бурдани донишҳои ҳуқуқии донишҷӯён, тарбияи онҳо дар рӯҳияи хештаншиносӣ ва арҷгузорӣ ба дастовардҳои соҳибихтиёрии давлатӣ, пешгирии омилҳои гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротиву террористӣ ва созмонҳои тундрав, дар зеҳну тафаккур ва замири онҳо тарбия ва ҷой кардани андешаи хизмати содиқона ба халқу Ватани азизамон пайваста дар маркази таваҷҷуҳи ҳамешагии устодону кормандон ва дигар масъулини донишгоҳ қарор дода шавад.

Дар фарҷом аз ҷониби ректори донишгоҳ даъват ба амал оварда шуд, ки бо дарназардошти вазъи мураккаби сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ, авзои кунунии минтақа, таъсири паёмадҳои ногувори раванди ҷаҳонишавӣ ва таҳаввулотҳои босуръат тағйирёбандаи замони муосир моро зарур аст, ки беш аз ҳар вақти дигар атрофи сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат муттаҳид гашта, ҷиҳати ҳифз ва нигаҳдошти арзишҳои истиқлоли давлатӣ, дахлнопазирии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибихтиёрии Ватани азизамон бар муқобили таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир ва ҷинояткорӣ муборизаи беамон барем. Дар ҷаласа ҳамзамон ба деканҳои факултет ва дигар роҳбарони сохторҳои таркибии донишгоҳ дар хусуси ҷоннок намудани чорабиниҳои фарогири хусусияти маърифативу профилактикӣ ва фаҳмондадиҳӣ миёни ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ, омӯзгорон, донишҷуён, магистрантон ва хобгоҳҳо ҷиҳати иҷрои «Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Ҳамзамон, дар робита ба масъалаи мазкур маърӯзаи ассистенти кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ Исоев К.М. дар доираи мавзўи таҳқиқоти диссертатсионӣ «Исботкунӣ дар мурофиаи судии ҷиноятӣ: масъалаҳои назариявӣ, танзими ҳуқуқӣ ва мушкилоти амалӣ», ки дар доираи Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» омода гардидааст, шунида шуд. Гуфта шуд, ки саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди ҳаёти ҳуқуқии ҷомеа, такмили қонунгузорӣ, амалишавии ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ, аз ҷумла такмили қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ беназир аст. Яке аз самтҳои асосии фаъолияти давлатӣ, ки пеш аз ҳама зарурати ҳимоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва таъмини қонуниятро рӯйи кор меорад, ин соҳаи мурофиаи судии ҷиноятӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, масъалаириоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар мурофиаи ҷиноятӣ яке аз масъалаҳои муҳим арзёбӣ мешавад.

Тағйиротҳои куллие, ки дар шароити муосир дар соҳаи мурофиаи ҷиноятӣ падид омадаанд, тақозо менамоянд, ки доираи фаъолияти дарккунӣ ва исботкунӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ тақвият дода шуда, зарур аст, ки дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ аз тамоми имконият ва усулҳои бо қонун манънашуда ҷиҳати бартараф кардани зуҳуроти манфӣ дар ҷомеа самаранок истифода бурда шаванд.