Муқовимат ба савдои одамон ҳамчун масъалаи мубрами ҷомеаи муосир

9

Дар ҷаҳони муосир савдои одамон дар баробари хатарҳои ҷиддие мисли терроризму эстремизм, сепаратизим, гардиши ғайриқонунии маводи мухадир ва дигар таҳдидҳои геополитикӣ мушкилии нигаронкунанда мебошад. Масъалаҳои марбут ба савдои одамон дар шароити имрӯза таҳти таваҷҷуҳи ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дорад, зеро он ҳамчун зуҳуроти манфӣ ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаи инсонӣ зарари ҷуброннопазир мерасонад.

Бино бар тахминҳои коршиносонаи Созмони Ҷаҳонии Кор (СҶК), дар 15 соли охир бештар аз 21 миллион нафар қурбонии савдои одамон гардидаанд. Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қайд мекунад, ки ҳар сол беш аз ним миллион нафар ба ин шумора меафзояд. Созмони Милали Мутаҳид ҳанӯз даҳ сол қабл таъкид кард, ки савдои одамон пас аз тиҷорати маводи мухаддир ва аслиҳа савумин тиҷорати ғайриқонунии серманфиат дар ҷаҳон маҳсуб мегардад, ки солона барои гуруҳҳои ҷинояткор то бештар аз 32 миллиард доллар фоида меорад.

Ҷангу низоъҳои мусаллаҳона ва вазъи ногувори иқтисодӣ вазъро дар ин даҳ сол бадтар кардаанду беҳтар не. Ҳеҷ кишваре аз ин бало эмин нест. Ба савдои одамон таваҷҷуҳи кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ дар оғози асри XXI ҷиддитар гардид. Дар соли 2000 Маҷмааи кулли СММ Протоколи ҷилавгирӣ аз савдои одамон ва мубориза бо онро қабул кард, ки ба номи Протоколи Палермо ва ё Протоколи савдои одамон маъруф аст. То анҷоми соли 2016 шумораи кишварҳое, ки ин санади муҳимми СММ-ро эътироф карда буданд, ба 170 расида буд. Тоҷикистон низ ҳанӯз аз соли 2002 ба ин шумор пайваста буд.

Ин санад чӣ будани мафҳуми “савдои одамон” ва кӣ будани “қурбонии савдои одамон”-ро муайян месозад. Тибқи он, савдои одамон амалҳои зерро фаро мегирад: ҷалб кардан, интиқол додан, супоридан, пинҳон кардан ва ё қабул кардани одамон бо ҳадафи истисмор ба воситаи таҳдиди ҷисмонӣ ва ё зӯроварӣ ва дигар намудҳои маҷбурсозӣ, дуздӣ, фиребгарӣ, сӯиистифода аз мансаб ва ё сӯиистифода аз ҳолати осебпазирӣ, ё бо роҳи харидорӣ бо пешниҳоди маблағ ё хидматрасониҳо ба нафаре, ки одами дигареро назорат ва идора мекунад. Дафтари СММ доир ба мухаддирот ва ҷиноёт, ки дар низоми Созмони Милал масъули протоколҳои Палермост аст, дар анҷоми соли 2016 Гузориши саросарии савдои одамон-2016-ро ба нашр расонид. Гузориш дорои маълумоти муфид ва кӯтоҳ доир ба вазъи савдои одамон дар ҷаҳон буда, бо инфографикаҳо оморро баръало инъикос кардааст.

Бино бар ин гузориш, ҳарчанд, бонувон ҳанӯз ҳам ҳадафи рақами яки ҷинояткорон буда, барои истисмори шаҳвонӣ хариду фурӯш мешаванд, шумораи кӯдакон ва мардон низ дар миёни қурбониёни савдои одамон дар даҳ соли охир афзоиш ёфтааст. Дар ҷамъ, ин ду гуруҳ қариб нисфи қурбониёни савдои одамонро ташкил додаанд. Дар миёни минтақаҳои гуногуни ҷаҳон мардҳо аз ҳама бештар дар минтақаи Аврупои шарқӣ ва Осиёи Марказӣ гирифтори доми ҷинояткорони савдои одамон мегардидаанд. Ин рақами боло ба муҳоҷирати зиёди мардон аз ин кишварҳо рабт дорад. Тақрибан 40 дарсади қурбониёни савдои одамон дар ҷаҳонро, ки аксарашон мард будаанд, барои корҳои иҷборӣ водор кардаанд. Шуморе баробар ба ин рақам дар дохили худи ватанашон қурбонӣ гардидаанд.

Тағйирот дар рақамҳо, махсусан, омори марбут ба савдои одамон андаруни як кишвар марбут ба дарки дигари мафҳуми “савдои одамон” мебошад. Агар қаблан дар зеҳнҳо нишаста буд, ки савдои одамон фурӯхтани занон дар кишвари бегона аст, ҳоло ниҳодҳои марбутаи кишварҳо низ бештар бо хусусиятҳои эътирофшудаи байналмилалии савдои одамон шинос мегарданд ва медонанд, ки маҷбур ва бепул кор фармудани як мард дар шаҳри худаш низ метавонад савдои одамон бошад. Агар тақрибан ҳамаи қурбониёни истисмори шаҳвонӣ зан бошанд, аксари қурбониёни берун овардани аъзои бадан мардон мебошанд. Мардҳоро боз барои корҳои иҷборӣ низ истифода мебаранд, аммо ин маънои онро надорад, ки занҳоро барои корҳои иҷборӣ кам истифода баранд – ҳиссаи ҷинси латиф, ки панҷаҳои нафисашро ба кори сангин зери бори маҷбурият мезанад, зери 40 дарсад аст. Занони зиёдеро барои хизматгорӣ дар манзилҳои истиқоматӣ истифода мебаранд.

Дар аксари ҳолат қурбониёни савдои одамон дар муҳити барояшон бегона, кишвари бегона ва ё шаҳри бегона, дар иҳотаи одамоне ҳастанд, ки ба онҳо зулм мекунанд ва хушунат мерасонанд. Аз ин рӯ, ин қурбониён ба осонӣ ба одамон эътимод баста наметавонанд. Онҳо аз пулис ва мақомот меҳаросанд, тарс аз ҷинояткор дар мағз-мағзи баданашон хуфтааст, зарбу лат ва хушунат мебинанд, зери фишори равонӣ ва таҳдид ба сар мебаранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу дунявӣ дар радифи давлатҳои мутараққии дунё ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои дастгирӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд намегузорад, ки гуруҳи муташаккили ҷинояткор ва шахсони алоҳида ҳадафҳои нопоки худро дар ин самт амалӣ намонд. Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2024 масъалаҳои гуногуни муқовимати давлатӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатиро ба танзим дароварда, он сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо савдои одамонро муайян менамояд. Маврид ба зикр аст, ки тибқи маълумоти Созмони Миллали Муттаҳид, дар ҷаҳон беш аз 40 миллион нафар қурбонии савдои одамон гаштаанд ва ин навъи ҷиноят дар миқёси ҷаҳон ҳамчун ҷинояти вазнин ва поймолкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон эътироф гардидааст.

Элмуродова Давлатби – ассистенти кафедраи кори иҷтимоии факултети фалсафаи ДМТ