МУБОРАК БОД! Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба қатори беҳтарин донишгоҳҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ шомил гардид

448

15 декабр ширкати британиягии «Quacquarelli Symonds (QS)» рейтинги донишгоҳҳои беҳтарини Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ- — 2022 ( QS World University Rankings: EECA (Emerging Europe and Central Asia)-ро нашр кард. Тибқи радабандӣ,  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) дар байни 450 донишгоҳи беҳтарин ҷойи 241-умро ишғол намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар шарҳи ширкати британиягии «Quacquarelli Symonds (QS)» омадааст:

«Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) бо таърихи 70-сола яке аз муассисаҳои олии пешқадам ва калонтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Айни замон дар донишгоҳ 19 факултет мавҷуд буда, дар онҳо таълим аз рӯи се давраи таълим: бакалавр, магистр ва PhD аз рӯи 98 риштаи таҳсил сурат мегирад.

ДМТ бо беш аз 190 донишгоҳу донишкадаҳои хориҷӣ созишномаҳои ҳамкории дуҷониба имзо кардааст. Донишгоҳ узви беш аз 10 ассотсиатсияи байналмилалӣ, аз қабили Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Авруосиё, Донишгоҳи Созмони ҳамкории Шанхай, Донишгоҳи кишварҳои ИДМ ва ғайра мебошад.

Айни замон дар донишгоҳ инчунин 107 кафедраи тахассусӣ ва 7 кафедраи умумидонишгоҳӣ, институти илмӣ-тадқиқотӣ, литсейи риштаи табиатшиносӣ ва математика, китобхонаи электронӣ, 112 лабораторияи илмӣ-тадқиқотӣ ва академӣ, марказҳои интернетӣ, 52 синфхонаи компютерӣ, 39 синфхонаи омӯзиши забон, маркази биотехнологӣ, парки технологӣ, маркази фарҳангии Конфутсий ва шӯъбаи бунёд фаъолият доранд.

Илова бар ин, ДМТ маркази илмии ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад. Он дорои 11 шӯрои диссертатсионӣ мебошад, ки ба донишҷӯёни маҳаллӣ ва хориҷӣ имкон медиҳанд, рисолаи доктории худро дифоъ намуда, ҷузъи ҷаҳони илм гарданд ва минбаъд дар тайёр кардани мутахассисони баландихтисос ва баланд бардоштани сифати таҳсилот дар Тоҷикистон ва хориҷи кишвар саҳмгузор бошанд».

khovar.tj