МУЛОҚОТИ СУДМАНД: ТАРҒИБИ ДАСТОВАРДҲО ВА АРЗИШҲОИ 30 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

1493

Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 15 феврали соли 2021, №97 нақша- чорабиниҳои тарғиботӣ-идеологии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар бораи таҳким бахшидани робита бо аҳли ҷомеа доир ба ҳифзу тарғиби дастовардҳо ва арзишҳои 30 соли Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату ҳамдилӣ, сулҳу амният, баланд бардоштани ҳувияти миллию маънавӣ ва ҳамбастагӣ ба сиёсати созандагӣ ба тасвиб расида, дар робита ба он дар сохторҳои гуногуни ҷумҳурӣ нишастҳои судманд доир мегардад.

Имрӯз (02.03.2021) мулоқоти гурӯҳи таблиғотӣ – идеологии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ бо донишҷӯёни ДМТ дар толори калони Шаҳраки донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид. Қаблан меҳмонон бо роҳбарии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. аз Осорхонаи Пешвои миллат ва Маркази инноватсионии донишгоҳ, ки дар бинои факултетҳои иқтисодии донишгоҳ ҷойгир аст, дидан намуданд. Дар вохӯрӣ ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар робита ба муҳиммияти мавзӯи нишаст ва нуктаҳои гуногуни Паёми Пешвои миллат, инчунин, дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, ваҳдату ҳамдилӣ, сулҳу амният, баланд бардоштани ҳувияти миллию маънавӣ баромад намуданд.

Сипас муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ роҷеъ ба иқдомҳои роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, инчунин, вобаста ба масъалаҳои муҳими ҳаёти мардуми пойтахт, аз ҷумла масъулиятшиносӣ дар таълиму тарбияи фарзанд, пешгирии амалҳои исрофкорӣ, танзими анъана ва ҷашну маросим, иштироки фаъолона дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм – фуруғи маърифат”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – ватани азизи ман”, тарғиби ҳадафҳои ободониву сабзгардонӣ, арзишҳои миллию маънавӣ, одобу ахлоқи ҳамида, фарҳанги шаҳрнишинӣ, ҳифзи солимии инсон, иштироки сокинон дар корҳои созандагӣ, маҳкум намудани зуҳуроти номатлуби ҷинояткорӣ, терроризму ифротгароӣ, истифодаи оқилонаву сарфакоронаи оби нӯшокӣ ва неруи барқ суханронӣ карда, устодону донишҷӯёнро ба саҳмгузорӣ дар баргузории тантанаҳои ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ва дигар чорабиниҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ки дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе доир мегарданд, даъват намуданд.

Дар идомаи вохӯрӣ Ҷамшед Олимов – мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва Рауфзода Сӯҳроб – директори Муассисаи давлатии «Телевизиони Душанбе» оид ба масъалаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, худдорӣ аз амалҳои ифротӣ ва тақвият додани зиракии сиёсӣ, нақши ҷавонон дар пойдории сулҳу суботи сиёсӣ ва ҳифзи истиқлолияти давлатӣ суханронӣ намуданд.