МУСОБИҚАИ ФУТБОЛИ ХУРД БАЙНИ УСТОДОНУ КОРМАНДОН

788

Имрӯз (09.12.2020) дар Қасри варзишии Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими кушодашавии мусобиқа оид ба футболи хурд миёни устодону кормандони сохторҳои марбутаи донишгоҳ барои дарёфти «Ҷоми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ.Х. оғоз гардида, қайд намуданд, ки ҳадаф аз баргузории мусобиқаи мазкур ин, пеш аз ҳама, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва дар ин замина таҳким бахшидани дӯстию рафоқат миёни кормандони сохторҳои донишгоҳ мебошад.

Мавсуф аз таваҷҷуҳи махсуси Пешвои миллат оид ба варзиш ёдовар шуда, иброз намуданд, ки «Тандурустии ҷавонон тандурустии миллат аст. Зеро маҳз тавассути фарогир сохтани варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва оммавӣ гардонидани он мо метавонем барои ҳаёти солим ва пешрафти ҷомеа шароити мусоид фароҳам оварем».

Бояд қайд намуд, ки мусобиқаи дӯстона аз панҷ давр иборат буда, ғолибони мусобиқа бо «Ҷоми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» ва мукофотҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.