Мусобиқаи «Шоҳмот»

769

Аз 21 то 22-юми феврали соли ҷорӣ бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо ибтикори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ аз рӯйи намуди «Шоҳмот» миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва корхонаю муассисаҳои ҷумҳурӣ барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ-2020» баргузор гардид. Дар мусобиқа 42 нафар иштирок намуда, аз Донишгоҳи миллӣ устоди донишгоҳ Абдусалом Дадабоев сазовори ҷойи 3-юм ва «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ-2020» гардид.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл Абдусалом Дадабоев аз дастаи Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии «Шоҳмот», ки дар шаҳри Варнаи Болгария доир гардид, иштирок намуда, сазовори ҷойи чорум гардид.