НАҚШИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ОМОДАСОЗИИ КАДРҲОИ ЭҶОДӢ ВА ИЛМИИ ЖУРНАЛИСТИКА

431

Ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ.

Таҳсилоти журналистӣ дар ҷумҳурии мо таърихи 55-сола дорад. Соли 1966 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (он замон Университети давлатии Тоҷикистон) шуъбаи журналистика таъсис ёфт. Фаъолияти ин шуъба то соли 1971 идома дошт ва сипас бинобар дар феҳристи ихтисосҳои барои Тоҷикистон иҷозатдодаи Вазорати маълумоти олии Иттиҳоди Шӯравӣ мавҷуд набуданаш (яъне асноди таъсиси ин шуъба расмӣ нашуда будааст), баста шуд. Кадрҳо барои ВАО-и кишвар минбаъд дар гурӯҳи ихтисоси журналистикаи факултети филологияи тоҷик тайёр карда мешуданд. Сипас соли 1987 бо талошҳои як гурӯҳ устодон шуъбаи журналистика аз нав таъсис ёфт. Соли 1992 бо шарофати истиқлолият дар заминаи ин шуъба ва гурӯҳи тарҷумонӣ факултети журналистика ва тарҷумонӣ таъсис ёфт, ки соли 2007 бо пешниҳоди Вазорати маориф факултети журналистика номгузорӣ шуд. Яъне факултети журналистика ба дурустӣ аввалин фарзанди замони Истиқлол дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

Баъди фароҳам омадани фазои сулҳу субот шуъбаҳои журналистика дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ зиёд шуданд. Имрӯз дар кишвар дар баробари Донишгоҳи миллии Тоҷикистон боз 8 муассисаи таҳсилоти олии кишввар журналистонро тайёр мекунанд. Пойгоҳи моддиву техникӣ, ҳайати кадрии кормандони илмиву таълимии ин муассисаҳо дар як сатҳ нест. Агар дар баъзеяшон заминаи илмиву таълимӣ ва моддиву техникӣ дар сатҳи баланд таъмин бошад, дар баъзеяшон устодони унвондор нестанд, шогирдон дастрасӣ ба интернет, таҷҳизоти техникии журналистӣ надоранд. Аз ин сабаб, ҳамаи коршиносони соҳа шароити беҳтар омода сохтани журналистонро дар Донишгоҳи миллӣ мебинанд. Пеш аз ҳама студияи таълимии радио ва телевизиони муҷаҳҳаз бо технологияи ҳозиразамон, синфхонаҳои компютериву лингафонӣ ва тахтаҳои электронӣ дар ихтиёри донишҷӯён карор доранд. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо аксари нашрияву маҷалла ва нашриётҳои марказӣ шартномаҳои ҳамкорӣ дорад. Имсол (19 марти соли 2021) бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон Шартномаи нави ҳамкорӣ миёни Кумита ва ДМТ ба имзо расид. Дар асоси ин Шартнома гузаронидани таҷрибаомӯзиву машғулиятҳои амалии донишҷӯёни факултети журналистика (тахассуси радио ва телевизион) дар заминаи радио ва телевизионҳои назди Кумита ба роҳ монда мешавад, барои донишҷӯён вақти эфир дар шабакаҳои радиову телевизион дода мешавад.

Ба таълими фанҳои ихтисосии журналистика то соли 1991 ҳамагӣ 5 нафар унвондорон машғул буданд. Ҳоло дар ин самт фақат дар ДМТ қариб аз 30 н. унвондорон, аз ҷумла 8 н. доктори илм фаъолият доранд. Бо назардошти пешрафти ҷомеа ихтисосҳои журналистӣ низ ташаккул ёфтанд. Дар ДМТ аз рӯйи 6 ихтисоси журналистӣ: журналистика (рӯзонаву фосилавӣ, тоҷикиву русӣ), ВЭБ-журналистика (рӯзонаву фосилавӣ), журналистикаи байналхалқӣ, умури нашриёт, иттилоот ва робита, журналист-тарҷумон мутахассисон тайёр карда мешаванд. Журналистони оянда дар 2 зина: бакалавриатура ва магистратура таҳсил мекунанд. Дар солҳои фаъолияти гурӯҳ, шуъба ва факултети журналистика дар донишгоҳамон қариб 5 ҳазор нафар журналист омода карда шудааст.

Дида мешавад, ки роҳбарияти Давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба сатҳи омодасозии журналистони оянда ва кадрҳои илмиву омӯзгории журналистика таваҷҷуҳи ҳамешагӣ доранд.

Илми тоҷик таърихи ҳазорсолаҳо дорад. Дар ин бора садҳо маъхазҳои илмӣ зикр кардаанд. Аммо дар бораи журналистикаи тоҷик наметавон ин суханро гуфт. Журналистикаи тоҷик аз шохаҳои серпаҳлу, вале хеле кам таҳқиқшудаи илмҳои гуманитарии мо мебошад. Агар гӯем, ки таҳқиқи илмии таърих, назария ва амалияи журналистикаи тоҷик ба таври консептуалӣ дар замони истиқлол ташаккул ёфтааст, хато нахоҳад шуд. То замони истиқлолият баъзе паҳлуҳои таҳқиқи илмии журналистикаи тоҷик дар осори илмии адабиётшиносону муаррихони ҷудогона мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Дар самти журналистика қабул ба аспирантура сурат намегирифт. Ҳамагӣ 2 нафар дар Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. Ломоносов дар риштаи журналистика рисолаи илмӣ дифоъ карда буданд. Бо шарофати истиқлолият журналистикаи тоҷик ба таҳқиқи илмӣ фаро гирифта шуда, аспирантура ва докторантура ба фаъолият оғоз карданд. Агар дар ибтидо муҳаққиқони журналистика дар шӯроҳои диссертатсионии соҳаи таърих ва адабиёт рисолаҳои худро ҳимоя мекарданд, пас аз фароҳам омадани фазои сулҳу субот соли 2004 бо талошҳои декани вақти факултети филология, дотсент М. Имомзода (ҳоло академик, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва декани вақти факултети журналистика, профессор А. Саъдуллоев (шодравон) ва дастгирии профессор М. Н. Қосимова (шодравон) ба Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Русия пешниҳод карда шуд, ки дар назди Шӯрои диссертатсионии ДМТ Д 737.004.03 оид ба ҳимояи рисолаҳои номзадиву доктории филология аз рӯйи ихтисоси 10.01.10 – журналистика низ рисолаҳо ҳимоя карда шаванд. Ва шурӯъ аз соли 2006 дар Тоҷикистон ҳимояи рисолаҳои илмӣ аз рӯйи ихтисоси 10.01.10 – журналистика роҳандозӣ гардид. Баъдан аз соли 2011 дар Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия низ ин ихтисос ифтитоҳ гардид. То имрӯз дар ин шӯроҳо дар самти таҳқиқи илмии таърих, назария ва амалияи журналистика дар кишварамон 11 н. рисолаи докторӣ, беш аз 60 н. шаҳрвандони Тоҷикистон ва 20 н. шаҳрвандони хориҷӣ рисолаи номзадӣ дифоъ кардаанд. Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ бо фармони раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2017 шӯрои диссертатсионӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос доир ба ихтисоси 6D050400 – Рӯзноманигорӣ (дар баробари дигар ихтисосҳои филологӣ) дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Акнун муҳаққиқони тоҷик метавонанд бо забони давлатӣ рисолаҳои худро дар Шӯрои миллии диссертатсионӣ ҳимоя кунанд.

Хулоса, журналистикаи тоҷик дар замони истиқлолият ба таври воқеӣ рушд кардааст, ба дараҷаи сифатан нав баромадааст. Дар ин ҷода саҳми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун манбаи асосии омодасозии кадрҳои илмиву эҷодии журналистӣ хеле бориз аст.

Расонаҳои Тоҷикистон новобаста аз шакли моликият ҳамеша дар инъикосу таҳлили рӯйдодҳои ҷомеаи кишвар талош доранд. Дар роҳи худшиносиву худогоҳии ҷомеа, боло бурдани маърифати мардум, дастрасии шаҳрвандон бо иттилоъ хидмати арзандаеро анҷом медиҳанд.

Сангин Гулзод, мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонии

журналистикаи ДМТ