БА ИФТИХОРИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
Масири истиқлолияти кишварро бидуни фаъолияти ВАО наметавон тасаввур кард. Дар чунин шароите ки муборизаҳои геополитикӣ ва иттилоотӣ ҳамчун як рукни ҷаҳонишавӣ амал мекунанд, нақши расонаҳо дар ташаккули афкори омма барои муқовимат ба арзишҳои бегона, устуворӣ дар роҳи худшиносиву худогоҳӣ ба маротиб боло меравад. Дар ин замина, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи муассисаҳои давлатии телевизиони «Варзиш», «Синамо» ва Академияи воситаҳои ахбори омма (1 марти соли 2016) басо бамаврид таъкид карданд: «Махсусан, дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ вазифаи шабакаҳои иттилоотӣ зиёд гардида, масъалаҳои тарғиби фарҳанги миллӣ, расму ойинҳои мардумӣ, ташвиқи андеша ва тафаккури миллӣ, тарбияи насли ояндасоз, риояи меъёрҳои забони давлатӣ ва ҳифзи асолату тозагии он рисолати муҳимми воситаҳои ахбори омма ба шумор меравад».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аввалин рӯзҳои фаъолият ба ҳайси роҳбари кишвар таваҷҷӯҳ ва муносибати хос ба фаъолияти ВАО ва озодии баён дошта, дар ин роҳ иқдомоту талошҳои зиёдеро ба анҷом расонидаанд. Мантиқист, агар гӯем, ки тамоми дастовардҳои ҷомеаи имрӯзаи мо дар самти фаъолияти густурдаи расонаҳо ва озодии баён комилан ба иродаи қавии сиёсии Пешвои миллат марбут аст. Аз нахустин қадамҳои роҳбарӣ Сарвари давлат талош карданд, ки заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти ВАО фароҳам оварда шаванд. Дар ин росто даҳҳо асноди ҳуқуқӣ, аз ҷумла қарору қонунҳо, амру фармонҳо ба тасвиб расиданд, ки тамоми паҳлуҳои фаъолияти расонаҳоро танзим мекунанд ва бо назардошти талаботи замон такмил меёбанд. Ва ҳамаи ин аснод дар такя ба санади олии ҳуқуқии кишвар – Конститутсия рӯйи кор омадаанд.
Арзишҳои умумибашарие, аз қабили озодии баён, ошкорбаёнӣ ва гуногунандешӣ ба маънии ҳақиқӣ ба ВАО-и мо маҳз дар замони истиқлолият роҳ ёфтанд ва баёнгари устувории кишвари мо дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ мебошанд. Муҳимтар аз ҳама сензура аз байн рафта, фаъолияти расонаҳо танҳо дар асоси қонунҳо танзим мешавад. Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар доираи принсипҳои ҳақиқатбаёниву воқеънигорӣ дар роҳи таъмини озодии баён ва таҳкими меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки талаботҳои асосии давлати демократӣ мебошанд, фаъолият карда истодаанд.
Бо тасмиму мусоидати бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аввали асри нав – асри 21 бо фароҳам омадани шароити сулҳу субот таъсиси шабакаҳои нави радиоиву телевизионии ҳам давлативу ҳам ғайриҳукуматӣ дар кишвар ба ҳукми анъана даромада, соле нест, ки 1 ё 2 шабакаи нав ба фаъолият оғоз накунад. Яъне дар ин давра васоити электронии ахбори ҷумҳурӣ ба таври бесобиқа рушд ва инфрасохтори соҳаи радиову телевизион ба шароити муосиру талаботи замон мувофиқ карда шуд. Муҳтавои барномаву намоишҳо, маҳорат ва касбияти кормандон тағйиру такмил ёфт. Дар баробари як шабакаи умумии телевизионии замони то истиқлолияти давлатӣ имрӯз 9 шабакаи ҷумҳуриявии телевизионӣ – «Тоҷикистон», «Сафина», «Ҷаҳоннамо», «Баҳористон», «Синамо», «Илм ва табиат», «Варзиш», «Футбол», ТМТ «Шаҳнавоз» ва дар тамоми вилоятҳои кишварамон телевизионҳои вилоятиву минтақавӣ бо мазмуну мӯҳтавои гуногун бо назардошти манфиат ва завқи тамошобинон фаъолият доранд. Яъне ин телевизионҳо сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ, иттилоотӣ, соҳавӣ, кӯдакона, варзишӣ буда, фазои иттилоотии кишварро пурра месозанд. Дар соли ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба фаъолият оғоз намудани Телевизиони «Илм ва табиат» фазои иттилооти кишварро гуногунрангу комилтар кард. Дар назар аст, ки Телевизиони «Душанбе» низ мақоми ҷумҳуриявӣ пайдо карда, дар саросари ҷумҳурӣ пахш гардад. Дар баробари ин чандин телевизионҳои минтақавию ноҳиявӣ ва шаҳрии ғайриҳукуматӣ таъсис ёфта фаъолият доранд. Ба гунаи мисол метавон аз «СМ-1», «Азия», «Гули бодом», «Ҷаҳоноро», «Доро», «Мавҷи Восеъ», «ТВ Регар», «СМТ» ва ғайра ном бурд.
Дар самти радиошунавонӣ низ комёбиҳо ба ибтикороти созандаи Пешвои миллат рабт мегиранд. Имрӯз Радиои «Тоҷикистон», ки таърихи беш аз 90-сола дорад, 4 шабакаи радиоии ҷумҳуриявиро муттаҳид месозад. Яъне дар баробари Радиои «Тоҷикистон» ҳамчунин дар фазои иттилоотии кишвар шабакаҳои «Садои Душанбе» (соли таъсис 1999), «Овози тоҷик» (аз соли 1949 то соли 2006 Саридораи гуфторҳо барои мамлакатҳои хориҷӣ) ва «Фарҳанг» (соли таъсис 2008) пахш мешаванд. Ин ҷо бояд зикр кард, ки Радиои «Тоҷикистон» дар баробари он ки аз 4 шабакаи алоҳида иборат аст, инчунин дар назди ҳар яке аз шабакаҳо идораҳои барномаҳои соҳавӣ мавҷуданд. Аз ҷумла, идораҳои барномаҳои иттилоотӣ, таҳлилӣ, фарҳанги фароғатӣ, мусиқӣ дар Радиои «Тоҷикистон» вуҷуд доранд, ки ҳар яке дар самти худ таҳияи барномаҳои соҳавиро ба роҳ мондаанд. Ҳамчунин бо шарофати истиқлолият ва мусоидати бевоситаи Президент дар баробари радиоҳои давлатӣ радиоҳои ғайриҳукуматӣ таъсис ёфтаву пахш мешаванд. Радиоҳои ғайриҳукуматии «Азия-плюс», «Ватан», «Имрӯз», «Тироз» «Авис-плюс» ва ғайра дар фазои иттилоотӣ ҷойгоҳи сазовор ва шунавандаи худро доранд. Агар то истиқлолият Радиои Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Саридораи барномаҳои бурунмарзӣ дар як шабонарӯз 26 соат гуфтор дошт, пас имрӯз танҳо аз тариқи шабакаҳои радиоӣ (ҳам ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ) дар як шабонарӯз беш аз 300 соат гуфтор пахш мешавад. Дар умум, аз чор се ҳиссаи шабакаҳои радиоиву телевизионӣ ба бахши ғайриҳукуматӣ рост меоянд. Ва ин шабакаҳо на танҳо фазои иттилоотии моро комил месозанд, балки дар таъмини амнияти фазои иттилоотӣ, ташаккули афкори умум саҳм мегузоранд.
Дар маҷмӯъ, ҳоло дар Тоҷикистони соҳибистиқлол 91 муассисаи телевизиониву радиоӣ фаъол буда, бештари онҳо ғайриҳукуматӣ мебошанд. Ин расонаҳо барои боз комилтару рангоранг гардидани фазои иттилоотии кишвар, дар рӯҳияи тоҷикият, худшиносиву худогоҳӣ, зебоипарастӣ тарбия намудани насли наврас, боло бурдани маърифати ҷомеа, дастрасии бештари мардуми Тоҷикистон ба иттилои зарурӣ мусоидат менамоянд. Албатта, фаъолияти ҳамаи радиову телевизионҳоро наметавон ҷавобгӯй ба талаботи аудитория ҳисобид. Шабакаҳои навтаъсис ҳанӯз ба таври бояд завқу талаботи аудиторияро қонеъ сохта наметавонанд. Бисёр муаммоҳое, аз ҷумла ороишу дизайни номувофиқ, сатҳи пасти муҳтавои барномаҳо, нокофӣ будани ҷустуҷӯҳои эҷодӣ, зиёд будани шоуҳои каммазмун дар фаъолияташон ҷой дорад, донишу маҳорати касбии журналистон, коргардонҳо, наворбардорон, мутахассисони овоз беҳбудӣ мехоҳад. Аммо муҳим он аст, ки фазои иттилоотии мо бо таъсиси ин шабакаҳо комилтару пурратар мегардад.
Сарфи назар аз пешрафтҳои техникӣ, дар замони шӯравӣ радио 80 фоиз ва телевизион камтар аз 70 фоизи ҳудуди кишварамонро фаро мегирифт. Мувофиқи маълумотҳо имрӯз пахши радиову телевизиони Тоҷикистон дар фазои тақрибан 99% ҳудуди ҷумҳурӣ роҳандозӣ гаштааст.
Пайваст шудани телевизионҳои давлатӣ ба системаи моҳвораӣ ва гузаштан ба пахши рақамӣ аз дастовардҳои қобили андеша дар ин самт буда, дар муаррифии зиндагии шоистаи мардуми мо ба оламиён ва беҳтар шудани сифати барномаву намоишҳо нақши муҳим мебозад.
Имрӯзҳо дастрасӣ ба иттилоот тариқи технологияҳои нави иттилоотиву иртиботӣ як ҷузъи муҳими рӯзгори мардум гардидааст, ки интернет аз чунин имкониятҳост. Тибқи омори расмӣ, беш аз нисфи сокинони мамлакатамон аз шабакаи интернет истифода мебаранд. Ҳоло маводи матбуот. иттилои агентиҳои иттилоотӣ, барномаҳои радиову намоишҳои телевизионро аз тариқи интернет дастрас карда метавонем. Иқрор бояд шуд, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ аҳолии ягон кишвар баробари мардуми мо имконияти дастрасӣ ба интернетро надоранд. Рушди рӯзафзуни технологияи иттилоотиву иртиботӣ низ самараи сиёсати созандаи Президенти мамлакат, мӯҳтарм Эмомалӣ Раҳмон буда, дар ин самт иқдомҳои ҳукумати кишвар натиҷаи дилхоҳ овардаанд. Қариб тамоми нашрияҳои ҷумҳуриявӣ (ҳам давлативу ҳам ғайриҳукуматӣ) сайтҳои интернетии худро доранд. Матбуот ва агентиҳои иттилотии мо бо доштани сайтҳои интернетӣ аудиторияи худро тавсеа мебахшанд ва ба он наздиктар мешаванд. Ҷаҳони имрӯзаро бидуни фаъолияти расонаҳо тасаввур кардан ғайриимкон аст. Гӯиё, тамоми зиндагии мо ба ВАО иртибот мегирад. Ин аз боло рафтани нақши ВАО гувоҳӣ медиҳад. Дар баробари фаъолияти шаклҳои гуногуни расонаҳо усулҳои иттилоърасонӣ, таҳлилу баррасии муаммоҳо тағйир ёфтааст. Дар навбати худ, ин яке аз омилҳои таъсири бештари расонаҳо ба ҷомеа мегардад.
Ин суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаҳои моро хулоса мекунанд: «Манфиатҳои миллӣ тақозо мекунанд, ки воситаҳои ахбори омма ба сифати дастгоҳи тавонои иттилоотӣ дар муборизаи таҳмилии иттилоотӣ чун сипари боэътимоди халқу давлат хизмат намоянд, ба ҳифзи оромиву суботи ҷомеа фаъолона мусоидат кунанд ва эътимоди мардумро ба фардои нек таҳким бахшанд».
Ҳамин як таҳлили мухтасар кофист то хулоса кунем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди ВАО, аз ҷумла радиову телевизион хизматҳои шоёне анҷом дода, фаъолияти онҳоро ба дараҷаи сифатан нав раҳнамоӣ кардаанд.
Сангин Гулзод,
мудири кафедраи телевизион
ва радиошунавонии факултети журналистика