Имрӯз (21.05.2026) бо ташаббуси Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар пайравӣ аз иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба маросими ба Ватан баргардондани муште аз хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат – Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва чеҳраи барҷастаи фарҳангии миллат Нисор Муҳаммад ҳамоиши илмӣ таҳти унвони «Нақши созандаи Пешвои миллат дар эҳёи хотираи таърихӣ ва гиромидошти шахсиятҳои барӯманди миллат» баргузор гардид.
Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллӣ ва сухани муқаддимавии ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин ифтитоҳ ёфт.
Мавсуф зимни суханронӣ таъкид намуд, ки иқдоми таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба сарзамини Тоҷикистон баргардондани муште аз хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат рамзи арҷгузорӣ ба таърих ва фарҳанги миллӣ, эҳтиром ба қаҳрамонони давлатдорӣ ва туҳфаи арзишманди маънавӣ барои миллати тоҷик дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мебошад. Зикр гардид, ки ин иқдом идомаи сиёсати фарҳангпарварона, таърихсоз, инсондӯстона ва наҷибонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бозгӯи он аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ эҳёи хотираи таърихӣ, гиромидошти фарзандони барӯманди миллат ва таҳкими худшиносии миллӣ ба самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.
Сипас, доктори илмҳои таърих, директори Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат Ҷамолиддин Шарифзода оид ба аҳамияти таърихиву сиёсӣ ва маънавии иқдоми Пешвои миллат суханронӣ намуда, таъкид кард, ки гиромидошти шахсиятҳои барҷастаи миллӣ омили муҳимми таҳкими худогоҳии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ мебошад.
Ҳамчунин, номзади илмҳои таърих, дотсенти факултети таърихи Донишгоҳ Неъмонов Беҳруз зимни маърӯзаи худ иброз дошт, ки хизматҳои таърихии фарзандони фарзонаи миллат дар роҳи ташаккули давлатдории тоҷикон ва ҳифзи арзишҳои миллӣ барои наслҳои имрӯзу оянда намунаи ибрат ба ҳисоб мераванд.
Қобили зикр аст, ки бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муште аз хоки оромгоҳи ин фарзандони барӯманди миллат ба Тоҷикистон оварда шуда, ҳамчун нишони арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихии онҳо дар роҳи таъсис ва таҳкими давлатдории миллӣ арзёбӣ мегардад. Эҳтиром ба гузашта ва пос доштани хотираи шахсиятҳои фидокор яке аз пояҳои муҳимми худшиносӣ, ваҳдати миллӣ ва таҳкими арзишҳои давлатдорӣ ба ҳисоб меравад.








