НАҚШИ ТОҶИКОН ДАР ҶБВ

47

Сабақҳои фоҷиабори Ҷанги дуюми ҷаҳон башариятро ҳушдор медиҳанд, ки сулҳу оромӣ ва зиндагии бидуни ҷангу хунрезӣ неъмати бузург барои ҳар як инсон ва робитаҳои беғаразонаи ҳамкориву дӯстона дар байни халқу миллатҳо шарти муҳимми пешрафту тараққиёти давлатҳо мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳамасола бахшида ба Иди Ғалаба – 9-уми май дар Тоҷикистон чорабиниҳои гуногун баргузор мешавад. Ба ин муносибат имрӯз (06.05.2025) роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чорабинии хотирмонеро баргузор намуд. Бахшида ба 80-умин солгарди Ғалаба Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ” дар сатҳи баланд доир шуд.

Дар оғози конференсия муовини ректори ДМТ оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С.М. ҳозиринро бо ин рӯзи хотирмон самимона табрик намуда, иброз дошт, ки таҷлили ҳамасолаи ҷашни ғалаба ҳамчун иди умумихалқӣ нишони арҷгузорӣ ба қаҳрамонӣ ва анъанаҳои пуршарафи аҷдодони шӯҳратманд буда, аз ҷониби дигар, тавассути он насли имрӯз аз қаҳрамониҳои ҷанговарон, корномаҳои аҷдоди меҳанпарвари худ бархурдор гардида, дар руҳияи садоқат ба Ватан ва анъанаҳои неки падарону бобоёни сарбаландамон тарбия меёбанд.

Рӯзи Ғалаба на танҳо ба собиқадорони ҷангу меҳнат ва шахсони калонсол, балки барои наслҳои наврас ва ҷавони имрӯза низ гиромӣ мебошад, зеро он нишонаи олии ватандӯстиву фидокорӣ ва сабақи бузурги шуҷоату мардонагӣ ба хотири ҳимояи Ватан ба ҳисоб меравад.

Сипас нависандаи халқии Тоҷикистон Ато Ҳамдам, аввалин фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ, генерал-майор Александр Рогов, доктори илмҳои таърих, профессор Акрамӣ Зикриё, устоди факултети таърих Фарҳод Қараев ва устоди факултети журналистика Қироншоҳ Шарифзода суханронӣ намуданд, ки ҷасорату мардонагӣ ва ватандӯстиву хештаншиносии тоҷикон дар ин набардҳо сабақомӯз аст ва ҳифзи ободиву осудагӣ бояд шиори имрӯзаи мо бошад.

Дар анҷоми чорабинӣ, меҳмононро ансамбли халқии “Наврӯз”-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо барномаи фарҳангӣ дар сари хони ҷашнӣ, дар ошхонаи “Ориёна”, шод гардонд.