НАҚШИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМИ МУОСИР

939

Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва Рӯзи байналмилалии занону духтарон дар илм бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Саҳми занон дар рушди илм» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд, ки дар он фаъолияти илмии занону бонувони кишвар дар рушди илми муосири тоҷик баррасӣ гардида, чанд гузориши илмиву назариявии бонувони соҳибтаҷриба дар мавриди дастовардҳои бонувони ҷумҳурӣ дар давраҳои Истиқлолияти давлатӣ шунида шуд. Дар чорабинии мазкур зумрае аз бонувони Донишгоҳи миллӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар оғози ҳамоиш ба чанде аз занони фаъол сипосномаву ифтихорномаҳои АМИТ тақдим гардид. Аз Донишгоҳи миллӣ мудири шуъбаи бақайдгирии ҳуҷҷатҳо, номзади илмҳои филологӣ, дотсент С. Ҳайдарова ва мутахассиси Раёсати таълими донишгоҳ Р.Давлатова соҳиби «Шаҳодатнома» гардиданд. Ёдовар мешавем, ки Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар соҳаи илм, ки ҳамасола 11 феврал таҷлил карда мешавад, аз ҷониби Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид 22 декабри соли 2015 бо мақсади таъмини дастрасии пурра ва баробар ба занону духтарон ба илм ва иштирок дар он қабул карда шудааст.