НИШАСТ: МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ИФРОТГАРОӢ

384

Дар доираи нақша-чорабиниҳои раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» бо ташаббуси шуъбаи ҳуқуқи ДМТ имрӯз (11.03.2022) дар толори калони факултети тиббӣ вохӯрии устодону донишҷӯён бо намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Рӯзиев, Судяҳои суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Матин Бобозода ва Маҳмадисо Саидзода, мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиназар Ашуров, намояндаи Кумитаи дин, танзими анана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Сафарзода ва мудири шуъбаи ҳуқуқи ДМТ Муминзода Н. доир гардид.

Нишастро мудири шуъбаи ҳуқуқ оғоз намуда, афзуд, ки «Дар ҷаҳони муосири пуртазод ва зудтағйирёбанда чолишҳои пайиҳам ва таҳдидҳои терроризму ифротгароӣ ҷомеаи ҷаҳониро беш аз пеш ба ташвиш овардааст. Авзоъ дар кишварҳои ҷангзада собит месозад, ки ин амалҳо бо аҳдофи геосиёсии кишварҳои абарқудрат ва созмонҳову гурӯҳҳои манфиатхоҳ омезиши ҳамсон дошта, чун вабое ва ё силоҳи қатли ом ба тамоми мавҷудоти сайёра таҳдиди амиқ доранд».

Сипас Юсуф Рӯзиев изҳор намуд, ки «имрӯз ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ва гурӯҳҳову ҷонибҳои манфиатхоҳ барои амалӣ намудани аҳдофи хеш дар радифи силоҳу лавозимоти ҷангӣ аз иттилоот ва расонаҳои иттилоотӣ, бахусус шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври густурда истифода мекунанд. Албатта, дар асри нав, ки онро асри иттилоот унвон кардаанд, таъсири иттилоот ва расонаҳои иттилоърасон бисёр амиқ ва нишонрас гардидааст. Зеро, имрӯз бо рушди фаъоли Интернет шабакаҳои иҷтимоӣ таъсири худро дар тафаккури ҷомеа хеле  амиқ мегузоранд. Аз ин нуқтаи назар, таъмини амнияти иттилоотӣ дар замони муосир ба унсури асосии таъмини амнияти миллӣ табдил ёфтааст».

Ҳамзамон, дар вохӯрӣ таъкид гардид, ки терроризм ва ифротгароӣ яке аз масъалаҳои доғи рӯз ва вабои аср буда, мубориза бо он қарзи ҳар як шаҳрванд мебошад.

Бояд зикр намуд, ки мақсад аз баргузор намудани чунин вохӯриҳо, пеш аз ҳама, тарбияи насли солиму созанда, худшиносу худогоҳ, ватандӯсту хештаншинос мебошад.