НИШАСТИ МАТБУОТӢ: ТАВАҶҶУҲ БА ДАСТОВАРДҲОИ САТҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДМТ

588

Имрӯз (12.07.2021) дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарону намояндагони сохторҳои гуногуни донишгоҳ ва беш аз 30 нафар рӯзноманигорони телевизиону радио ва нашрияву маҷаллаҳои ҷумҳурию шабакаҳои иҷтимоӣ нишасти матбуотӣ доир гардид.

Нишасти матбуотиро ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба фаъолияти шашмоҳаи Донишгоҳи миллӣ дар соли 2021 мухтасар сухан намуд. Қайд гардид, ки ҳайати омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ шашмоҳаи аввали соли 2021-ро бо дастовезҳои хуби таълимию методӣ ва илмию тадқиқотӣ натиҷагирӣ карда, азм доранд, ки соли 2021-ро бо сарбаландӣ ва ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар тарбияи мутахассисон ҷамъбаст намоянд.

Дар идомаи суҳбат Хушвахтзода Қ.Х. доир ба самти таълиму тарбия, илму истеҳсолот, муносибатҳои байналмилалӣ ва корҳои хоҷагию молиявии донишгоҳ суханронӣ намуд.

Дар нишаст миёни роҳбарияти ДМТ ва рӯзноманигорон доир ба имкониятҳои таҳсил дар зинаи докторантура ва магистратура, робитаҳои илмию таълимии донишгоҳ ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои дигар, дифоъи рисолаҳои номзадию докторӣ, ҷараёни таҷрибаомӯзии донишҷӯён ва ба ҷойи кор таъмин намудани онҳо саволу ҷавоб сурат гирифт.

Зимни нишаст рӯзноманигорон роҷеъ ба дастовардҳои сатҳи байналмилалии устодону донишҷӯён, аз Аккредитатсияи байналмилалии EККO гузаштан ва соҳиби “Шаҳодатнома” шудани донишгоҳ, инчунин, имконияти дифоъи рисолаҳои илмӣ дар шӯроҳои муштарак таваҷҷуҳи бештар намуданд.