НИШАСТИ ТАРБИЯВӢ

580

Ба мушоҳида мерасад, ки имрӯз дар баробари тарбияи фарзанд занҳо боз дар баробари мардон дар корҳои ҷамъиятиву сиёсӣ нақши бориз доранду симои зан ба як шахсияти созанда ва ободкор табдил ёфтааст. Хушбахтона, имрӯз дар кишвар занон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъятию сиёсӣ ва иқтисодиву маънавии кишвар фаъолияти созандаву назаррас доранд. Ҳамин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ нисбат ба фаъолияти занону бонувон чунин иброз доштанд: «Занону духтарон дар ҷомеаи имрӯзаи мо нақши фаъол дошта, дар аксари соҳаҳо, бахусус, дар бахшҳои иҷтимоӣ бештар кору фаъолият менамоянд».

Ин андешаҳо аз ҷониби муовини ректори ДМТ оид ба тарбия, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Раҳмонзода Ҷ.М. зимни баргузории нишастҳои тарбиявӣ, ки бо ибтикори бахши табияи донишгоҳ миёни бонувони донишгоҳ роҳандозӣ шудааст, ироа шуд.

Нишасти навбатӣ дар толори хурди донишгоҳ миёни кормандон сурат гирифт ва дар он масъалаҳои гуногуни фаъолияти занон, аз ҷумла одоби муошират, сару либос ва бо маърифати баланд кор кардан мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре раиси бахши кор бо занон ва духтарони донишгоҳ Маҷидзода Д. иброз дошт: «Тарбияи насли солим ва инсони комил кори душвор аст. Барои амалӣ намудани ин мақсади наҷиб Ҳукумати Тоҷикистон қонуну барномаҳои муҳиммеро қабул намуд, ки ҳадафи асосии онҳо фароҳам овардани шароити мусоид барои кору зиндагии занон, духтарон дар ҳалли масоили мубрами ҳаёти кишвар ва рушди устувори он мебошад. Барои омода намудани донишҷӯдухтарон муҳити донишгоҳӣ ниҳоят зарур ва натиҷаовар аст. Аз ин рӯ, мо тасмим гирифтем, ки дар самти тарбияи донишҷӯдухтарон нишастҳои судмандро роҳандозӣ намоем».

Ёдовар мешавем, ки чунин нишат дар факултетҳои тиббию фарматсевтӣ доир гардид ва тибқи нақша дар тамоми факултетҳо миёни бонувон гузаронида мешавад.