НИШАСТ ДАР МАВЗӮИ ПЕШГИРИИ ҲОЛАТҲОИ КОРРУПСИОНӢ

823

Имрӯз (16.03.2021) дар бинои марказии ДМТ вохӯрии намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гузаронида шуд. Дар вохӯрӣ ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, муовини сардори Раёсати таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионии Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентӣ Турсунзода Шодком Худоймурод, сармутахассиси Раёсати таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионии Сарраёсати мазкур Раҳмонзода Умед ва мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳ Сафарзода Анвар Ислом иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар вохӯрӣ доир ба масъалаҳои пешгирӣ намудани амалҳои номатлуби коррупсиянӣ андешаҳои ҷолиб иброз гашт. «Коррупсия яке аз равандҳои номатлуби ҷамъиятиест, ки монеаи рушди кишвар, аз ҷумла дар соҳаи маориф шуда метавонад»-иброз дошт Турсунзода Ш.Х..

Дар ҷамъбаст ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бори дигар меҳмононро хушомадед гуфта, дар самти рушди ҳамкориҳо изҳори сипос ва миннатдорӣ баён намуданд.