Истиқлол вожаи гуворатарин ва ширинтарину латиф барои ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Офтоби нурпоши истиқлол ба сарзамини аҷдодии мо аввалин нурҳои ҳароратбори худро паҳн намуд. Халқи тоҷик зери шуои тобноки офтоби истиқлол зиндагии хешро дубора дарёфт. Ҳар вақте вожаи истиқлол ба забон меояд, моро ҳамеша шоду мамнун месозад, зеро мо дар ин замони истиқлол камолот дидаву худро шинохтаем. Маҳз ба туфайли истиқлол миллати тоҷик бо сарварии пешвои хеш, Асосгузору сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки як роҳи ниҳоят вазнину тӯлониро дар як муддати кутоҳ тай намояд. Пеш аз ҳама истиқлол ба мо чӣ дод?
-Истиқлол моро худшинос кард;
-Истиқлол ба рӯи ҳар як фарду миллати тоҷиқ дарҳои ҷаҳонро боз кард;
-Истиқлол озоди суханро ба мо дод;
– Истиқлол забони миллати моро дубора тақвият бахшид;
-Истиқлол хабар аз таъриху фарҳанги гузаштаамом ба машом бӯи фараҳ овард;
-Истиқлол моро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд;
-Истиқлол ақлҳои моро дубора нерӯ бахшид.
Барои ба ин ҳадаф ва мақсадҳо расидан, пеш аз ҳама, хизмати Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назаррас аст. Ба шарофати ин марди бузург ва меъмори сулҳ миллат аз парокандагӣ раҳо ёфт. Сарвари кишварамон дар ҳар як баромаду вохӯриҳо ба халқи азизашон ибрози ақида менамоянд ва мегӯянд, ки мардуми тоҷик бояд сабру таҳаммулро аз даст надиҳад ва дар рӯзҳои наздик мо ба тамоми он орзӯву омолҳои некамон мерасем. Марҳила ба марҳила дар тули 30 соли истиқлолият мо ба тамоми ҳадафҳои некӯаҳволона бо чунин Сарвари хирадманду доно расида истодаем.
Имрӯз мо аз доштани чунин сарвари олиҳиммат ва абармарди нексиришт ифтихор менамоем. Дар 30 соли истиқлол Тоҷикистон комилан ба аксарияти ҳадафҳои некӣ худ расид. Замони истиқлол шаҳри Душанбе чун макони сабзу лолазор ва парку гулгаштҳои пур аз фаввораву сероб гардид. Сайру гашт дар хиёбонҳои Душанбе ба кас ҳаловат мебахшад. Ҳатто сайёҳони хориҷӣ аз тозагиву озодагии шаҳри Душанбе дар ҳайрат омадаанд. Фаронсавиҳо тозагии Душанберо нисбат ба Париж хуб арзёбӣ менамоянд ва аз хиёбону гулгаштҳои шаҳрамон ба дурустӣ ҳаловат мебаранд. Ҳамзамон Душанберо шаҳри сабз ва макони меҳру муҳаббат номидаанд.
Мо метавонем доир ба пешрафтҳои миллати тоҷик дар тамоми соҳа ҳарф занем, ки зури қалам ба ҳамаи он намерасад. Дар даврони истиқлол миллати тоҷик, шаҳрҳои қадимаи худро дар робита бо тасдиқи археологҳои франсавӣ ба рӯйхати мероси ҷаҳонӣ дар ЮНЕСКО дохил намуд. Бо ибтикор ва мақсадҳои некбинонаи Пешвои миллати тоҷикон тамоми роҳҳои Тоҷикистон мумфарш, роҳҳои зеризаминӣ байни минтақаҳои Тоҷикистон, истгоҳҳои хурду бузурги оби барқӣ, заводу фабрикаҳо ба кор андохта шуд. Ҳамзамон, соҳаи хоҷагии қишлоқ ва саноат рушду нуму ёфт. Беҳтарин мутахассиони тоҷик дар аксарияти соҳаҳо сабақҳои амалию назариявиро дар давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон омӯхта, вобаста ба иқлими ҳамон минтақа онро амалӣ намуда истодаанд. Мо тоҷикон аз чунин дастовардҳои миллатамон фахр менамоем. Ба шарофати истиқлол, варзишгарони тоҷиқ, дар сатҳи ҷаҳонӣ қувваозмоӣ менамоянд, ки барои мо тоҷикон ифтихори бузург аст. Дар тӯли си соли истиқлолият кишвари мо таҳти сарварии Президенти кишварамон дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузошт. Дар ин муддат Тоҷикистон соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардид. Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ пазируфта шуд ва бо аксари мамлакатҳои пешрафтаи дунё робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор намуд. Пешвои миллат ба ивази саҳми хеле арзишманди худ дар таъмини сулҳи Тоҷикистон ва таҳкими амнияти минтақа ва дигар хидматҳои шарофатмандонааш дар вусъати муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории байни мардумон бо унвону нишонҳои олии давлатҳо ва созмонҳои гуногуни ҷаҳон сарфароз гардидааст.
Миллати тоҷикро имрӯз дар тамоми дунё, чун миллати сулҳовару эҷодгар мешиносанд ва ҳатто аз пешрафту ободонии ин кишвар сухан мегӯянд. Миллати тоҷик аз қадим халқи ҷангҷӯ ва ҷангандозу иғвогар набуд. Нисбати ҳамсояҳо муносибати хеле дӯстона дошт ва дорад. Низоъро нисбати ҳамсоягонаш равона намебинад ва ҳамеша тарафдори сулҳу осоиштагист. Халқи тоҷик миллати ба сабру таҳаммул ва ба бардошт аст. То охирон ҳад талош менамояд, муносибати дӯстонаву содиқона ба ҳамагон дошта бошад. Зеро чунин муҳаббат барои ин миллат аз модар гузаштааст. Модаре, ки то ҳанӯз зери болини фарзанд китоби ашъор мегузорад ва аз он баҳри осудагии тифл суруд ё шеър мехонад. Ана чунин хислати волои модар ба фарзандаш меҳру муҳаббат мебахшад ва дар вуҷуди он самимияти волои дӯстиву рафоқатро қавӣ мегардонад. Бояд чизи дигареро қайд кард, ки ҳар як фарзанди бонангу номуси тоҷик барои ҳифз ва ҳимояи замини аҷдодияш вазифадор аст, ки онро аз қувваҳои беруна ҳифз намояд.
Т. Ҷумаев,
Т. Талабов