ОҒОЗИ ОЗМУНИ ДОНИШГОҲИИ “НАҚШИ КИТОБИ “ТОҶИКОН ДАР ОИНАИ ТАЪРИХ. АЗ ОРИЁН ТО СОМОНИЁН”- И ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ДМТ

624

Имрӯз дар асоси фармоиши ректори ДМТ оид ба багузор намудани Озмуни умумидонишгоҳӣ таҳти унвони “Нақши китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён”- и Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тафаккури миллӣ” бахшида ба 75 солагии ДМТ даври аввал оғоз ёфт.

Мувофиқи нақша имрӯз дар факултаҳои ҳуқушиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ даври аввали озмун гузаронида шуд. Дар озмун донишҷӯёну магисторони факултаҳо ширкат намуда, тибқи нақшаи баргузории озмун 10 савол дар шакли хаттӣ пешниҳод гардид. Нишондодҳо зимни посухҳо назаррас буданд ва гуфта шуд, ки озмун мутобиқи нақша миёни устодону донишҷӯёни дигар факултетҳо идома доранд.