ҒОЛИБИЯТИ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШИ ҲАРБӢ-АМАЛӢ

216

Имрӯз бахшида ба Рӯзи ғалаба – 9-уми май бо ибтикори раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо  Кумитаи Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи шаҳри Душанбе миёни донишҷӯёни курси якуми факултетҳои донишгоҳ мусобиқаи варзиши ҳарбӣ-амалӣ баргузор гардид.

Дар мусобиқаи мазкур дастаҳо аз рӯйи машқҳои тирпаронӣ аз силоҳи пневматикӣ, вазнбардорӣ ва кор бо силоҳ иштирок намуда, дар натиҷа дастаи донишҷӯёни факултети муносибатҳои байналхалқӣ сазовори ҷойи аввал, дастаи донишҷӯёни факултети молиявию иқтисодӣ сазовори ҷойи дуюм ва дастаи донишҷӯёни факултети забонҳои Осиё ва Аврупо сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Дастаҳои ғолиб бо Ҷом, медал, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ, инчунин, мутасаддиёни чорабинӣ ва дастаҳои фаъол бо ифтихорнома қадрдонӣ шуданд.

Ёдрас мешавем, ки мусобиқаи мазкур бо мақсади  тарғиб намудани варзиши тирпарронӣ ва рушди тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон роҳандозӣ шудааст..

Ба ғолибон муборак!