ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ КОРҲОИ БЕҲТАРИНИ ИННОВАТСИОНӢ

732

Ҳамасола бо дастгирии роҳбарияти ДМТ ва ташаббуси Парки технологии донишгоҳ байни устодону кормандон, донишҷӯёну унвонҷӯён, аспирантону докторантон ва хонандагони литсейи донишгоҳ барои дарёфти корҳои беҳтарини инноватсионӣ озмун эълон карда мешавад. Имсол чунин озмун дар сатҳи баланд гузаронида шуд, ки аз ҷониби иштирокчиён 22 лоиҳа пешниҳод гардид. Дар асоси фармоиши ректори донишгоҳ комиссияи озмунӣ ташкил карда шуда, лоиҳаҳои пешниҳодшуда мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Лоиҳаҳои инноватсионӣ рӯзҳои 28-29 декабри соли 2020 аз ҷониби комиссия баҳогузорӣ ва ғолибон бо диплому ҷоизапулӣ сарфароз гардиданд.

Ғолибон миёни кормандон ва аспирантон

1. Иноятулло Файзуллоев – аспиранти соли 3-юми факултети физика, ки лоиҳааш “Лазерный датчик смещения на основе полимерно-жидкокристаллических композитов” ном дошт, дар озмун сазовори ҷойи аввал, дипломи дараҷаи I ва дар ҳаҷми 2000 сомонӣ соҳиби ҷоизапулӣ гардид.

2. Сафархон Ғафуров – мудири кафедраи асосҳои тайёрии тиббӣ ва бехатарии фаъолияти ҳаёт, ки лоиҳааш “Влияние предварительной термической обработки на светостойкость полистирола” ном дошт, дар озмун сазовори ҷойи дуюм, дипломи дараҷаи II ва дар ҳаҷми 1500 сомонӣ соҳиби ҷоизапулӣ гардид.

3. Исломиддин Саидов – ассистенти факултети биология, ки лоиҳааш “Технологияи парвариши марҷумак дар шароити минтақаи наздикӯҳии Тоҷикистони марказӣ” ном дошт, дар озмун сазовори ҷойи сеюм, дипломи дараҷаи III ва дар ҳаҷми 1000 сомонӣ соҳиби ҷоизапулӣ гардид.

Ғолибон миёни донишҷӯён

4. Маҳноза Кабирова – донишҷӯи курси 1-уми факултети муносибатҳои байналмилалӣ, ки лоиҳааш “Намоиши объектҳо ва намоишномаҳои гуногун дар 3Д аҳром (пирамида)” ном дошт, дар озмун сазовори ҷойи аввал, дипломи дараҷаи I ва дар ҳаҷми 2000 сомонӣ соҳиби ҷоизапулӣ гардид.

5. Муҳаммади Т. – донишҷӯи курси 1-уми факултети журналистика, ки лоиҳааш “Использования VR очков для лабораторных работ в различных сферах” ном дошт, дар озмун сазовори ҷойи дуюм, дипломи дараҷаи II ва дар ҳаҷми 1500 сомонӣ соҳиби ҷоизапулӣ гардид.

6. Абдулҳалим Шукуров – донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси кимиёи татбиқии факултети кимиё, ки лоиҳааш “Усули инноватсионии таҳсилот аз фанҳои дақиқ бо мақсади татбиқи илм дар истеҳсолот” ном дошт, дар озмун сазовори ҷойи сеюм, дипломи дараҷаи III ва дар ҳаҷми 1000 сомонӣ соҳибӣ ҷоизапулӣ гардид.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади ҳавасмандгардонии иштирокчиён ба дигар муаллифони лоиҳаҳо “Ифтихорнома”-и донишгоҳ дода шуд.