ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ: ПИРӮЗИИ НАВБАТИИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ

394

Имрӯз роҳбарияти ДМТ барои донишҷӯёни донишгоҳ имконияти мусоидро фароҳам овардааст, ки онҳо метавонанд дар чорабиниҳои сатҳи гуногун, аз ҷумла олимпиадаҳои фаннӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гарданд.

Муддатест, ки аз ҷониби Донишкадаи байналмилалии маниторинги инкишофи демократия, парламентаризм ва риояи ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон – давлатҳои аъзои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБП ИДМ) олимпиадаҳои байналмилалӣ зери унвони «Низоми интихоботии мамлакатҳои ҷаҳон» миёни донишҷӯён доир мегардад. Чанде қабл чунин олимпиада иборат аз се-чаҳор давр доир гардида буд ва донишҷӯйи факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳ Шамил Абдураҳмонзода соҳиби ҷойи дуюм гардид.

Ин навбат Донишкадаи байналмилалии маниторинги инкишофи демократия, парламентаризм ва риояи ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон – давлатҳои аъзои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБП ИДМ) ва шарикии ғайритиҷоратии «Маркази иттилоотӣ-таҳлилии «Авруосиё-Волга» олимпиадаи II байналмилалии интернет-донишҷӯёнро миёни донишҷӯёни донишгоҳҳои олии давлатҳо иштирокчиёни АБП ИДМ таҳти унвони «Низоми интихоботии мамлакатҳои ҷаҳон» дар як давр доир намуд. Дар ин ин олимпиада дастаи донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллӣ иштирок намуда, бо соҳиби як ҷойи аввал, ду ҷойи дуюм ва се ҷойи сеюм гардидаанд.

Ибрагимов Муҳаммад Абдувалиевич – донишҷӯи курси дуюми ихтисоси “24010100” ғолиби озмун, сазовори дипломи дараҷаи I;

Ромиш Наврӯзович -донишҷӯи курси чоруми ихтисоси “24010200” ва Низомов Мубориз Самандаров – донишҷӯи курси сеюми ихтисоси “26010200” сазовори дипломи дараҷаи II;,

Ҳакимов Шерзод Шуҳратджонович, Одиназода Тоҷиддин Лоиқ ва Қаландарова Динора сазовори дипломи дараҷаи III.

Ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. донишҷӯёни мазкурро барои ғолибияти навбатӣ самимона табрик гуфта, дар таҳсили минбаъдаашон комёбиҳо таманно намуд.

Муродзода У.У – ассистенти кафедраи конститутсионии факултети ҳуқуқшиносӣ зимни иттилои хабар афзуд, ки бо дастгирии роҳбарияти донишгоҳ ва садорати факултети ҳуқуқшиносӣ дастовардҳои доншҷӯёни факултет дар ҳоли афзоиш қарор дошта, дар самти дастгирии донишҷӯёни боистеъдод тадбирҳои муҳим андешида шудааст.