ОМӮЗИШИ КУРСҲОИ МАХСУС

113

Дар робита ба эълон гаштани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва ҷиҳати баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ курси такмили ихтисос аз рӯи равияи фанҳои дақиқ аз санаи 13.01.2020 то 15.02.2020 гузаронида шуд. Дар курси мазкур омӯзгорни факултетҳои физикаи ДМТ ва ДДОТ ба номи С.Айнӣ иштирок доштанд.

 Санаи 15-уми феврали соли ҷорӣ дар факултети физикаи ДМТ маросими супоридани дипломҳо баргузор гардид, ки дар он сардори Раёсати таълими ДМТ Азиззода У.А., декани факултети физикаи ДМТ Д.Қ.Солеҳов, кормандони масъули Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди ДМТ иштирок доштанд.