ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ҶАҲОНИШАВӢ ЗАРУР АСТ

194

Дар доираи нақшаи баргузории вохӯриҳои ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо ҳайати устодону кормандони донишгоҳ вохӯрии навбатӣ бо ҳайати устодони факултети муносибатҳои байналхалқӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ фаъолияти устодону кормандон, самтҳои таълим, илм, тарбия ва муносибатҳои байналмилалии факултет ҳамаҷониба мавриди таҳлил қарор гирифт.

Ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ ба факултет, ба кор ҷалб намудани хатмкунандагон, дарёфти грантҳо, навиштани мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои байналмилалӣ, нашри китобҳои дарсӣ ва васоити таълимӣ бо забонҳои русӣ – англисӣ, истифодаи дурусти технологияҳои иттилоотӣ дар раванди таълим ва ҷоннок намудани фаъолияти марказҳои илмӣ аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки мавридии баррасӣ қарор гирифтанд.

Таъкид гардид, ки ҷиҳати омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар самти дипломатия ва ташкили курсҳои лексионӣ оид ба саҳми Пешвои миллат дар рушди муносибатҳои байналмилалӣ, инчунин дар назди марказҳои факултет омӯзиши равандҳои ҷаҳонӣ талаботи замон аст.