ОМӮЗИШИ ЗАБОНҲОИ ОЛМОНӢ ВА ФАРОНСАВӢ БЕҲБУДӢ МЕТАЛАБАД

248

Дар вохӯрии навбатии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо устодони кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои олмонӣ ва фаронсавӣ масъалаи таҳкими сатҳи забономӯзии ҷавонон ва назаррас намудани фаъолияти кафедраи мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ҷаласа вобаста ба суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ ироа шуд, устодону кормандони кафедра дастуру супоришҳои мушаххас гирифтанд. Зимнан гуфта шуд, ки барои сайқал додани сатҳи забондонии ҷавонон –донишҷӯён, хусусан забонҳои олмолнӣ ва фаронсавӣ тадбирҳои муҳим андешида шуда, фаъолияти кафедраи мазкур ҷоннок карда шавад.

Дар идомаи вохӯрӣ Ректори донишгоҳ аз фаъолияти самтҳои гуногуни кафедра изҳори нигаронӣ намуд. Аз ҷумла омӯзиши таҷрибаи пешрафта, гузаштан аз курсҳои такмили ихтисос, дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузорӣ ва таҳияи китобу барномаҳои дарсӣ вобаста ба ихтисос, инчунин, сари вақт дифоъ намудани рисолаҳои илмӣ ва дар заминаи ин баланд бардоштани фоизи унвондорони кафедраро масъалаҳои муҳиму ҳалталаб арзёбӣ кард. Гуфта шуд, ки тибқи таҳлилҳо таълим ва корбарӣ дар самти омӯзиши забонҳои олмонӣ ва фаронсавӣ беҳбудиро талаб доранд.