ОМИЛҲОИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ

767

Дар ҳошияи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 27-конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Мутаҳид оид ба тағйирёбии иқлим.

Ҳаёти тамоми сокинони Замин бевосита аз ҳолати иқлим вобаста аст. Тағйирёбии иқлим таҳдиди бузургтарин ба организмҳои зинда, аз ҷумала одамон мебошад, ки инсоният ба он рӯ ба рӯ шудааст. Оид ба ин масъала чандин маротиба дар СММ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вокуниш нишон медиҳанд ва вобастагии таъсири фаъолияти инсонро ба тағйирёбии иқлим ва оқибати он, яъне гармшавии глобалӣ ақидаи хешро баён намудаанд. Аз ҷумла: «Аён аст, ки тағйирёбии иқлим ба равандҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии кишварҳои минтақаҳои гуногуни ҷаҳон таъсири бевосита мерасонад» Эмомалӣ Раҳмон, Конфронси 27-уми ҷонибҳои Конвенсияи чаҳорчӯбаи СММ оид ба тағирёбии иқлим. 7.11. 2022.

Олимони соҳа исбот кардаанд, ки дар ҷаҳон суръати афзоиши энергетикаи муосир дар асоси сӯхтани сӯзишвории истихроҷшаванда дар оянда низ идома ёбад, иқлими Замин ба самти гармшавӣ тағйир меёбад. Аз ин рӯ, масъалаи гармшавии иқлим дар сайёраи мо боиси пайдошавии пайёмадҳои ҳатарнок мегардад. Аз ҷумла зиёд шудани обхезиҳо ва тундбодҳо, масъалаи биёбоншавӣ ва ғ. Ин мушкилиҳо дар навбати худ ҳам ба табиат ва ҳам ба инсон зиён мерасонанд. Аз ин рӯ, пешгӯйи дар оянда тағйир ёфтани иқлим ва оқибатҳои манфии он ба организмҳои зинда, масъалаи хеле муҳим мебошад. Аз он ҷумла омилҳои тағйирёбии иқлим ин:

-тағйир ёфтани андоза ва мавқеи нисбии материкҳо ва уқёнусҳо;-тағйирёбии рӯшноии Офтоб;

-тағйир ёфтани нишондиҳандаҳои мадори Замин;

-тағйир ёфтани тозагии атмосфера ва таркиби он дар натиҷаи дигаргуншавии фаъолияти вулконии Замин;

-тағйирёбии консентратсияи газҳои парникӣ (CO2 ва CH4) дар атмосфера;

-тағйирёбии миқдори гармии дар қаъри уқёнусҳо.-зиёдшавии масоҳати биёбонҳо;

-хушкшавии дарёҳо ва эҳтимоли ба ҳалокат дучор шудани одамон;

-вайроншавии гардиши обҳои уқёнуси ҷаҳонӣ, ки боиси оқибатҳои бебозгашт барои иқлим мегардад;

-авҷгирии бемориҳои музмин;

-ба амал омадани бештари тӯфонҳо ва дигар офатҳои табиӣ.

Каримзода Акобир Изатулло,доктори илмҳои биология, профессор