ОМОДАГИИ ДОНИШГОҲ БАРОИ ҚАБУЛИ ДОНИШҶӮЁН -2021

405

Бо дастгирии роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар саҳни факултети фалсафаи донишгоҳ, ки дар Шаҳраки донишҷӯён, маҳаллаи Буни Ҳисорак ҷойгир аст, макони қабули довталабон ва ё ба истилоҳ Комиссияи қабул ташкил шудааст. Барои қабули довталабон ва роҳнамо сохтани онҳо ба ихтисосу факултети интихобкардаашон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Пас аз эълони Маркази миллии тестӣ дар мавриди ҷойҳои амиқи таҳсили довталабон донишгоҳ онҳоро ҳамчун донишҷў қабул менамояд.