ОСОИШИ ВАТАН – ОСОИШИ ҲАР ХОНАДОН

531

Ватан бебаҳотарин муқаддасоте мебошад, ки инсон дар канори он парвариш меёбаду ба воя мерасад ва аз меҳрубониву навозишаш сайқал меёбаду баҳри оромӣ, суботи сиёсӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушду осудагияш кӯшиш менамояд, то ки дар комёбиҳову пешравиаш саҳмгузор бошад. Беҳтарин инсон ҳамон инсон ба шумор меравад, ки барои осудагиву ободӣ ва пешрафту тараққиёти Ватанаш талош варзида, аз обу ҳавои он шукргузор бошад ва ба хотири ояндаи нек насли солимро ба камол расонад.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр кардаанд: “Мо бояд Ватани худро сидқан ва баробари ҷони хеш дӯст дорем, ватандӯсту меҳанпарасти воқеӣ бошем, шукронаи неъмати бузургтарин ва муқаддаси инсонӣ, яъне соҳибватанӣ ва озодиро дар хотир дошта бошем, барои ҳимояи сарзамини аҷдодӣ ҳамеша омода бошем ва ба хотири пешрафту ободии давлати соҳибистқлоламон ва рӯзгори осудаву ороми ҳар як хонадони кишвари азизамон шабу рӯз заҳмат кашем”. Алалхусус, дар замони имрӯза, ки ҷомеаи ҷаҳониро хатари ҳаракатҳои созмонҳои террористӣ ва гурӯҳҳои тундгаро таҳдид менамоянд, вазифаи муқаддаси ҳар фарди худогоҳу худшиноси кишвар ин аст, ки барои миллати куҳанбунёди худ, насли солиму бомаърифат ва ватандӯсту ватанпарварро тарбия намояд, то ки дар оянда бо ҳама хислатҳову амалҳои наҷибаш давлату сарзамини хешро тавонад эмин нигаҳ дорад.

Боиси нигаронист, ки тайи солҳои охир иддае аз бародарони мо- қиргизҳо ҳамасола дасисаҳо ва бозиҳои сиёсии худро торафт ба марзҳои мо мекашанд, ки оқибаташ на танҳо ба ҳаёти ин ду халқ, махсусан барои аҳолии назди сарҳад, балки барои ҳамаи халқҳои маскуни Осиёи Марказӣ хеле гарон гардида, ба ҳастиву оромӣ ва обрӯю эътибори Тоҷикистони азизамон дар арсаи байналмилалӣ нуқсон мерасонанд. Баҳри ба даст овардани саргаҳи об яке аз охирин муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон охири моҳи апрел рух дод. Пас аз чанд рӯзи муноқиша ва ноамнӣ дар марз мақомоти ҳама сатҳҳо тавонистанд вазъро ба эътидол оранд.

Дар иртибот ба ин муноқишаҳо раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода ба журналистон ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоии Тоҷикистон ва Қирғизистон муроҷиатнома ирсол намудааст. Дар муроҷиатномаи Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон гуфта шудааст, ки Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар баробари дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз ташаннуҷи авзоъ дар минтақаи наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки боиси ҳалокати одамон гардидааст, нигаронии шадиди худро изҳор менамояд. Зинатуллоҳ Исмоилзода афзудааст, мо, журналистон дар чунин вазъ бояд ба эҳсосот дода нашавем, балки ҳамаи масоилро дар тарозуи адлу инсоф баркашида, сабаби домана задани алангаи нафрату оштинопазирӣ набошем.

Мо бояд ба андешаҳои дурӯғ дода нашавем ва баҳри оромию осудагии кишвар камари ҳиммат бандем. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки дар атрофи пояи устувори Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол – Ватани маҳбубамон, муттаҳид намудани тамоми гурӯҳҳо ва қишрҳои ҷомеаи кишвар ҳадафи асосии ҳукумат мебошад. Таъкид доштаанд, ки ҳамин Ваҳдат буд, ки ба миллати тоҷик худшиносиву таҳаммулпазирӣ ва хушбахтиву саодат насиб гардид.

Моро мебояд, ки лаҳзае ватанро аз ёд набарорем, ватандорию ватансозиро вазифаи муқаддас бидонем. Дар хотир дошт, ки ояндаи накӯ ва пойдории ин давлату мардуми тамаддунсозаш аз кирдор ва ҷаҳду талошҳои ҳар яки мо вобаста мебошад.

 Ҳ.Қурбонов,

мудири кафедраи филологияи Ҳинд