Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…»: Даври умумидонишгоҳӣ

2062

Имрӯз (10.04.2020) бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар Донишгоҳи миллӣ даври аввали умумидонишгоҳии Озмуни доир гардид. Дар кушодашавии озмун ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. иштирок намуда, оид ба аҳамияти фарҳангӣ-маърифатии озмуни мазкур суханронӣ намуд. Гуфта шуд, ки Озмуни мазкур миёни устодон, докторантон, магистрон, донишҷӯён ва хонандагони литсейи донишгоҳ гузаронида мешавад. Тибқи нақша Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» аз чор давра иборат буда, аз моҳи апрел то моҳи декабр гузаронида мешавад.