• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 10
Имрӯзҳо дар саросари ҷумҳурӣ нисбат ба омӯзишу шарҳи ҳаматарафаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохторҳои гуногуни кишвар вохӯриву ҷаласаҳо, семинару конференсияҳо гузаронида шуда истодаанд. Ин имконият медиҳад, ки паҳлуҳои гуногуни Паёми имсоларо ба қишрҳои гуногуни ҷомеа ба таври сода ва фаҳмо расонида шавад.
Санаи 10 июни соли 2018 дар шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур, ки сарони давлатҳои аъзо ва ҳамтоёни онҳо иштирок намуданд, муҳимтарин масъалаҳои фаъолияти Созмон баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ихтирооти худ дар сатҳи байналмилалӣ соҳиби 2 медали тилло ва 1 нуқра гардиданд. Ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. устодони донишгоҳро барои дастоварди навбатияшон самимона табрик намуда, 2 медали тилло ва 1 нуқраро дар соли 2024 дар самти илм дастоварди назаррас арзёбӣ намуд. Форуми Ихтирокорони давлати Фаронса бузургтарин намоишгоҳи махсуси...
Ҷумзурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг, дорои пайвандҳои қавии таърихӣ, анъанаҳои устувори дустӣ ва ҳамкории муштараки судманд мебошанд. Ҷумҳурии Исломии Эрон нахустин кишваре мебошад, ки соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳанӯз соли 1991 ба расмият шинохт ва муносиботи дипломатӣ байни ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг моҳи январи соли 1992 барқарор шуд. Баробари огози муносибатҳои дуҷониба дар...
Имрӯз (06.01.2024) дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар амал татбиқ гардидани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф ” бо ибтикори ректори ДМТ дар факултети тиббии донишгоҳ барои беҳтар намудани самти таълиму тарбияи донишҷӯёни факултети мазкур барои ихтисосҳои...
Устоди факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ Бобоев Фузайл Ҷумъабоевич барои силсила корҳо дар мавзуи “Механизмҳои иқтисодии рушди устувори энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо Ҷоиза ва Дипломи Академияи милии илмҳои Тоҷикистон барои олимони ҷавон дар соли2023 сарфароз гардонида шуд. Муборак шавад!
(Бардошт аз Паём) Соҳаи маориф дар сиёсати муваффақонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат яке аз самтҳои афзалиятнок ва калидӣ маҳсуб меёбад. Дар даврони соҳибистиқлолии давлатии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат новобаста аз вазъи иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодии кишвар ба ин самт таваҷҷуҳи махсус...
Имрӯзҳо ҳайати раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии мардумии Чин қарор доранд. Ин даъвати ҳайати Донишгоҳ аз натиҷаи сафари ректори Донишгоҳ , профессор Хушвахтзода Қ.Х. ба ин ҷумҳурӣ аст, ки зимни ин сафар як қатор созишнома ва қарордодҳои дуҷониба бо муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии мардумии Чин баста шуда буд, сурат гирифт.
Имрӯз ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. зимни баррасии ҳисоботи соолона (2023) фаъолияти сохторҳои гуногуни донишгоҳро талил намуд. Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат дар радифи Осорхонаи Пешвои миллат аз ҷумлаи сохторҳои таркибии донишгоҳ мебошад, ки тайи соли сипаригашта ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Зимнан ректори донишгоҳ таъкид дошт, ки санаи 21-уми декабри соли 2022 бо ибтикори...
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи сифати таҳсилот ва муаррифии ҳарчи бештари менеҷменти сифат аз ҷониби ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ.Х. зимни баррасии ҳисоботи солона (2023) соли 2024 дар донишгоҳ “Соли рушди сифати таҳсилот» эълон карда шуд. Ҳамзамон, бо мақсади ҷустуҷӯ ва дарёфти истеъдодҳои ҳақиқии омӯзгорӣ, ҳавасмандгардонӣ ва ташвиқи...

Эълонҳо