• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 107
Баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқию сиёсии ҷавонон, пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳо миёни онҳо, инчунин, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, устувории оила ва солимии ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки дар вохӯрии судияҳои Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо донишҷӯёни факултетҳои фалсафа ва иқтисод ва идора мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ташкили чунин вохӯриҳои...
Пос доштан ва ҳифз намудани муқаддасоти миллӣ вазифаи мо – шаҳрвандон буда, дар ин замина пояҳои давлатдорӣ устувор хоҳад гашт. Парчам ҳамчун рамзи миллӣ ва соҳибдавлатӣ дар баланд бардоштани ҳиссу ифтихори миллӣ нақши муҳимро касб менамояд. Парчами миллӣ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан ҳам ҳамчун рамзи миллӣ, рамзи давлатдорӣ боиси ифтихору сарбаландии ҳар як...
Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд. Аз ин рӯ, бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин ба баъд ҳамасола 24 ноябр...
БАХШИ ИДОРАКУНИИ ЛОИҲАҲОИ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба иттилои омузгорон, муҳақиқон ва муҳассилин мерасонад, ки “Лоиҳаи минтақавии ташкилоти байналмилалии USAID оид ба захираҳои обӣ ва муҳити зист” миёни тадқиқотчиёни ҷавон озмуни грантӣ барои пешбурди тадқиқот дар соҳаи захираҳои обӣ, муҳити зист ва дигар соҳаҳои ба ин алоқаманд, ҳамзамон идоракунии муштараки захираҳои обӣ, эълон кардааст.
Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 пазируфта шудааст. Ҳамакнун вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии Парчамро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №254 аз 12-уми майи 2007 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар мекунад. Дар асоси Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11-уми декабри соли...
Баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ, Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳои узви ин Иттиҳод истиқлолияти худро ба даст овард. Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд. Дар он солҳо аксари мардуми Тоҷикистон бовар доштанд, ки ин ҷанги бародаркуш ҳастии давлату миллатро зери суол мегузорад. Зеро дар он шабу рузҳо фаъолияти ҳокимияти давлатии қонунӣ фалаҷ...
Парчам ҳамчун рамзи миллӣ ва соҳибдавлатӣ бидуни шакку шубҳа омил ва заминаи ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва сиёсию иҷтимоӣ ҷиҳати баланд бардоштани ҳис ва ифтихори миллӣ нақш ва ҷойгоҳи сазовори худро дорад. Парчами миллӣ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан ҳам ҳамчун рамзи миллӣ, рамзи давлатдорӣ боиси ифтихору сарбаландии ҳар як тоҷикистонии ватандӯсти бонангу номус мебошад.
Чист парчам? Ифтихори миллат аст, Чист парчам? Иқтидори миллат аст. Ҷуз парчам нест тоҷикро нишон, Чист парчам? Эҳтироми миллат аст. Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш...
Имрӯз (18.11.2022) бо ибтикор ва ташаббуси факултети фарматсевтии  ДМТ бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар мавзӯи «Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - ибтидои таърихи навини тоҷикон» мизи мудавар баргузор гардид. Мизи мудавар бо сухани ифтитоҳии декани факултети фарматсевтӣ н.и.б., дотсент Раҷабзода Фариддуни Кишвар оғоз гардида, гуфта шуд, ки Иҷлосияи XVI Шурои...
Имрӯз ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо кормандону омӯзгорони ҷавони факултетҳои химия, тиббӣ ва фарматсевтӣ, инчунин, кормандони Институти илмию тадқиқотӣ ва Литсейи равияи табиию риёзии донишгоҳ вохӯрӣ намуд. Дар вохӯрӣ фаъолияти кормандону омӯзгорони ҷавон дар рушду инкишофи самтҳои мухталифи донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зимнан гуфта шуд, ки омӯзгорони ҷавон бояд ба низоми таълим,...

Эълонҳо