• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 118
Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеъ ва натиҷаи фаъолияти чанде аз муассисаои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикисторо натиҷагирӣ намуд. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон миёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ сазовори ҷойи якум гардид.Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи таълим, корҳои илмӣ-тадқиқотии муассисаҳоро мавриди санҷиш қарор дода, ДМТ бо...
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  дар самти татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба омӯзиши илмҳои дақиқу табиатшиносӣ ибтикороти беназирро роҳандозӣ намуд. Аввалин маротиба дар донишгоҳ дар партави эълон шудани  “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, солҳои 2020-2040 давоми ду рӯз (29-30.03.2022) олимпиадаи...
Имрӯз (29.03.2022) ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ.Х бо мовини ректори Донишгоҳи давлатии Пскови Федератсияи Русия оид ба таълим ва робитаҳои байналмиллалӣ Серова Олга ва мудири бахши иттилоот дар соҳаи таълими  Донишгоҳи давлатии Пскови Федератсияи Русия Лобарёв Дмитрий вохӯрӣ анҷом дод. Дар оғоз ректори донишгоҳ ташрифи меҳмононро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфта,...
Ҳадаф аз мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Словакия дар Тоҷикистон Ян Борӣ бо ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х., ки имрӯз (29.03.2022) дар бинои марказии Донишгоҳи миллӣ сурат гирифт, ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд дар самти илму фарҳанг, мустаҳкам намудани робитаҳо ва табодули устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ бо донишгоҳҳои  Ҷумҳурии Словакия буд. Ректори донишгоҳ...
‌Дар факултети физикаи Донишгоҳи миллӣ олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни физика ҷараён дорад. Дар панҷ синфхона донишҷӯён тақсим шуда, беш аз шаст нафарро ташкил медиҳанд. Дар олимпиадаи мазкур дар баробари донишҷӯёни тоҷик, инчунин, донишҷӯён аз Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Афғонистон иштирок доранд. Тибқи талаботи олимпиада саволномаҳо бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ...
Бо ташаббуси Донишгоҳи миллӣ дар партави эълон гардидани "Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф" бори аввал аз фанни физика олимпиадаи байналмилалӣ доир мегардад. Имрӯз бо иштироки меҳмонон олимпиадаи мазкур ифтитоҳ ёфт. Ба иштирокчиён муваффақиятҳо хоҳонем!
Бо дастгирии роҳбарияти Донишгоҳи миллӣ бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ бо ибтикори кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши донишгоҳ чорабиниҳои гуногуни варзишӣ миёни донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид. Яке аз мусобиқаҳои варзишӣ ин гӯштини миллӣ буд, ки сардовари мусобиқаи мазкур корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, муаллими калони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши донишгоҳ С.Собиров буд. Доварони...
Имрӯз (19.03.2022) дар Шаҳраки донишҷӯёни донишгоҳи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Насими баҳорӣ, фазои идонаи донишгоҳ ба дили устодону донишҷӯён фараҳу шодӣ бахшид. Дар саҳни Шаҳраки донишҷӯён аз ҷониби садорати факултетҳои донишгоҳ хони наврӯзӣ, аз қабили ҳафтсин, ҳафтшин ва ҳафтмим, гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ ва хуришҳои баҳорӣ ороста шуд, ки...
Имрӯз (18.03.2022) дар толори Ганҷинаи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода  таҳти унвони «Абдушукури Абдусаттор - пажӯҳишгар, шоир, мутарҷим ва таҳиягари осори адабӣ» семинари илмии кафедра - «Баҳори дониш» баргузор гардид. Нишаст бо сухани муқаддимавии декани факултети филология, профессор Сироҷиддини Э. оғоз ёфт. Зикр шуд, ки нақши Абдушукури Абдусаттор дар рушди адабиёти тоҷик, бахусус  нашри осори шоирони...
Дар самти омӯзиши осори гаронбаҳои Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ таъсиси маркази илмӣ-таълимӣ ва ё илмӣ-фарҳангӣ муҳим буда, барои муҳаққиқони риштаи таъриху фарҳанги миллат ва таҳкими муносибатҳои илмию адабӣ заминаи мусоид мегузорад. Ин масъала имрӯз (17.03.2022) дар вохӯрии ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо сафири Ҷумҳурии  Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зеке Карагёлов мавриди баррасӣ қарор гирифт.   

Эълонҳо