• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 120
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон яке аз муассисаҳои бузурги таҳсилоти олии касбӣ ба шумор рафта, дар баробари омода намудани кадрҳои илмӣ, инчунин, кадрҳои омӯзгорӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, касбӣ ва миёнаи касбӣ саҳми арзанда дорад. Бо ин мақсад дар доираи нақша-чорабиниҳои раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ташаббуси шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият имрӯз (16.02.2022) дар толори калони Шаҳраки...
Имрӯз (16.02.2022) дар доираи нақша-чорабиниҳои раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ташаббуси шуъбаи ҳуқуқи ДМТ дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён вохӯрии намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо устодону донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ доир гардид. Дар вохӯрӣ Сардори Сарраёсати пешгирии коррупсияи АНДМ ва МК Ҷумҳурии Тоҷикистон Расули Барот, сардори шуъбаи аудити...
Имрӯз (15.02.2022) дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён бо иштироки мудири шуъбаи тарбия Саидов Ҳ.М., масъули бахши кураторони донишгоҳ Ашуров И., раиси бахши кор бо занон ва духтарони донишгоҳ Маҷидзода Д. ва дигар намояндагони шуъбаи тарбия бо донишҷӯёни курси 2-юми факултети молиявию иқтисодӣ вохӯрӣ баргузор гардид. Мақсад аз баргузории маҷлиси мазкур, пеш аз ҳама, омӯзиши Паёми Пешвои миллат...
Имрӯз (15.02.2022) бо ташаббуси кафедраи ботаникаи факултети биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар партави эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар мавзӯи «Рушди илми ботаника дар давоми 30-соли Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон» семинари умумидонишгоҳии илмию амалӣ баргузор гардид. Нишаст бо сухани муқаддимавии сардори шуъбаи ахбори...
Имрӯз (12.02.2022) дар толори Шурои олимони Институти илмию таҳқиқотӣ тибқи нақша-чорабиниҳои раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Институти илмию таҳқиқотӣ ва садорати факултети химия дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва солҳои 2022-2026 эълон гардидани “Солҳои рушди саноат” семинари илмию амалӣ баргузор гардид. Семинари илмӣ бо ташаббуси...
Имрӯз (10.02.2022) дар доираи нақша-чорабиниҳои бахши тарбияи ДМТ дар факултети забонҳои Осиё ва Аврупо ҷаласаи Шӯрои кураторон баргузор гардид. Дар ҷаласа оид ба масъалаҳои тарбиявии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, масъалаҳои муҳимми ба фаъолияти кураторони гурӯҳи академӣ вобаста, аз ҷумла: саҳми фаъоли куратори гурӯҳи...
Имрӯз (08.02.2022) дар доираи ҳамкориҳо ва 30-юмин солгарди барқарор гардидани равобити дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ҷаноби Муҳаммадтақии Собирӣ ба Донишгоҳи миллӣ ташриф овард. Нахуст меҳмони олиқадр бо ҳамроҳии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. аз “Ганҷина”-и ба номи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода, ки дар он нодиртарин...
Имрӯз (07.02.2022) дар оғози ҷаласаи васеи Шурои олимони ДМТ дастовардҳои толибилмони Литсейи донишгоҳ муаррифӣ шуд. Гуфта шуд, ки гурӯҳе аз хонандагони Литсейи ДМТ дар олимпиадаи байналмилалии «Глобус», ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, иштирок намуда, ғолиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Ҳамзамон, 3 нафар хонандаи синфи 8-уми литсей дар озмуни гирандагони стипендияи Президентӣ барои соли таҳсили 2021-2022 ғолиб омада,...
Ҳадаф аз мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон Алимирзамин Аскаров бо ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд дар самти илму фарҳанг буд, ки имрӯз (04.02.2022) дар бинои марказии Донишгоҳи миллӣ сурат гирифт. Ректори донишгоҳ меҳмони олиқадрро бо вазъи илму таълим дар донишгоҳ ва неруи илмии он муфассал ошно намуда, афзуд, ки донишгоҳ бо...
Имрӯз (01.02.2022) дар толори Ганҷинаи профессор Шарифҷон Ҳусейнзодаи ДМТ бо иштироки меҳмонон ҷамъомад дар робита ба фаъолияти Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-020 дар назди Донишгоҳи миллӣ доир гардид. Таъкид гардид, ки Шӯрои мазкур баъд аз омӯзиш ва масъалагузориҳо ба фаъолият шуруъ намуд. Аъзои Шӯрои диссертатсионӣ оид ба дарёфти дараҷаи илмии филологӣ,...

Эълонҳо