ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗАМ, ПАРЧАМАТ ПОЯНДА БОД!

445

Парчами имрӯзаи давлатӣ, яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Эҳтиром ва ҳифз намудани муқаддасоти миллӣ вазифаи мо – шаҳрвандон аст. Парчам ҳамчун рамзи миллӣ ва соҳибдавлатӣ дар баланд бардоштани ҳиссу ифтихори миллӣ нақши муҳим дорад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан боиси ифтихори ҳар як тоҷику Тоҷикистонист.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз 24 ноябри соли 1992 аз ҷониби Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида буд. Минбаъд ин сана ҳамчун ҷашни умумимиллӣ аввалин маротиба рӯзи 24 ноябри соли 2009, яъне баъди ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағирот ворид шудан, Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта шуд.

Агар ба таърихи парчам назар афканем он моро ба гузаштаи дур мебарад. Тибқи маълумотҳо аз “Шоҳнома”-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ бори аввал дар таърихи башарият аввалин парчамро Коваи оҳангар сохтааст. Пас аз оне, ки 17 писари ӯро Заҳҳок мекушад, ӯ пешдомани худро баланд мебардорад ва дер зери он мардум ҷамъ омада зидди Заҳҳок мубориза мебаранд ва ҳукумати ӯро сарнагун мекунанд. Аз ҳамон замонҳо парчам ҳамчун рамзи муттаҳидист.

Тибқи баъзе маълумотҳои дигар таърихи пайдоиши парчам ҳамчун рамзи миллӣ ва давлатдорӣ ба давраҳои бостонии таърих рафта мерасад. Махсусан, дар ҳаёти мардуми Эроннажод пайдоиши парчам ба замонҳои хеле қадим ишора мекунад. Масалан, дар заминаи ҷустуҷӯҳо бостоншиносон дар Шарқи Эрони бостон парчами хурди филизиеро пайдо намуданд, ки таърихи он ба ҳазораи сеи пеш аз мелод рост меояд. Ин бозёфт, ки дар он расми шер ва тулӯи офтоб акс ёфтааст, яке аз қадимтарин парчам дар таърихи башарият ба ҳисоб меравад.

Дар воқеъ то ба вуҷудоии парчам дар шакли ҳозирааш он ҳамчун рамзи муттаҳиди истифода мешуд ва он аз матоъ не балки аз ашёҳои гуногун иборат буд, ки муносибатҳои одамонро ба расму оин, касбу кор ва дину оинашон дар бар мегирифт.

Ба парчами Тоҷикистон дар замони Шӯравӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст ва он борҳо тағйири шакл кардааст. Барои қабули он дар замони Истиқлолият озмун эълон карда шуд, ки он ба таври пӯшида ҷараён мегирифт. Дар озмун зиёда аз 200 намунаи парчам пешниҳод карда шуд, ки ҳар яки он зери назари академик Муҳаммад Осимӣ ба таври алоҳида мавриди омӯзиш қарор мегирифт. Ҳар як намунаи пешниҳод шуда аз се ранг иборат буд, ки ҳар яке дорои мазмуну муҳтавои хос буда ифодагари ормонҳои мардум буд ва таърихи гузаштаи халқи тоҷикро дар худ инъикос мекард.

Ҳамин тавр, комиссия ба кори худ бо интихоби лоиҳаи парчам ва нишони давлатие, ки аз ҷониби Ҳабибуллаев З., Заневский А., Додхудоева Л., Игнатушина Н. ва Сайдалиев М. пешниҳод шуда буд, нуқта гузошт. Авҷ гирифтани ҷанги шаҳрвандӣ ба таҳия ва қабули рамзҳои нави давлатӣ монеа эҷод кард ва танҳо санаи 24-уми ноябри соли 1992 дар Қасри арбоб дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нишон ва Парчами нави давлатӣ қабул гардид. Дар ҳамон Иҷлосия «Қарор оид ба Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Қарор оид ба Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Мувофиқи он «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатӣ, иттифоқи вайроннашавандаи коргарон, деҳқонон ва зиёиён, дӯстӣ ва бародарии ҳамаи халқҳои маскуни ҷумҳурӣ мебошад».

Парчами давлатӣ аз се рахи рангаи ба таври уфиқи ҷойгиршуда иборат аст рахи рангаи боло ба рахи рангаи поён баробар аст ва рахи байн 1,5-баробари яке аз рахҳои рангаро ташкил медиҳад дар байни парчам тоҷ бо ҳафт ситора инъикос ёфтааст, ки ҳар яке дорои мазмуну муҳтавои хос мебошанд.

Ранги сурх – рамзи ягонагии кишвар, сулҳу дўстии миёни миллатҳо ва ҷоннисориҳои мардум ба хотири ҳифзи марзу бум мебошад.

Ранги сафед – рамзи сафедӣ, покӣ, фаровонии барфу кӯҳҳои баланди кишвар ва боигарии асосии мамлакат – пахта аст.

Ранги сабз – рамзи водиҳои сабзпӯш, сарзамини кишоварзӣ, ҳамчунин шукуфоии кишвар аст.

Инъикоси тоҷ ва ҳафт ситора бошад, дар Парчами давлатии Тоҷикистон аз соҳибдавлатӣ ва мустақилияту соҳибихтиёр будани Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.

Моҳи сентябри соли 2011 ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ баландтарин парчам дар ҷаҳон ( пояи парчам 165 метр, дарозии парчам 60м ва бари он 30м) Парчами кишварамон бунёд шуд, ки он ба китоби Рекордҳои Гиннес ворид гардид.

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон симои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, бигзор парчами мо то абад парафшон бошад ва дар ватани азизамон фазои сулҳ ҳукмрон бошад.

Рӯзи парчам муборак бошад ҳамдиёрони азиз!

Тоҷикистони азизам парчамат поянда бод,

Мавҷзан дар зери гардун қосиди оянда бод.

Файзуллозода Э.Ф. -декани факултети химияи ДМТ,

Каримов М.-донишҷӯи курси чоруми факултети химияи ДМТ.