• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 135
Муовини декан оид ба илми факултети фарматсевтии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Раҳимова Малика Ҳалимовна бо дастгирӣ ва роҳбаладии декани факултети мазкур, доктори илмҳои фарматсевтӣ, профессор Мӯсозода Сафол дар 14 – умин Намоишгоҳи байналмилалии ихтирои бонувон «KIWIE – 2021» ва Форуми байналмилалии занони ихтироъкор дар пойтахти Куриёи Ҷанубӣ – шаҳри Сеул тариқи маҷозӣ (онлайнӣ) иштирок намуда, ба комёбии чашмгире...
Имрӯз (28.09.2021) дар пояи факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 110- солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода дар мавзӯи «Сотим Улуғзода ва адабу фарҳанги миллӣ» конференсияи байналмилалии илмию амалӣ баргузор гардид. Ба ин муносибат намояндагони илму таълими сохторҳои гуногуни дохилу хориҷи кишвар ба донишгоҳ ташриф оварда, субҳи имрӯз бо роҳбарии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва ҳайати устодону донишҷӯёни...
Санаи 27.09.2021 дар толори Кохи Суруш бо дастгирӣ ва сарпарастии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони мусобиқаҳои варзишии дуюмин Фестивали дӯстии ҷавонону варзишгарони шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар маросими ҷоизасупорӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, намояндагони кумитаҳои рушди сайёҳӣ ва кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Вазорати маориф...
Худо он миллатеро сарварӣ дод, Ки тақдираш ба дасте хеш бинвишт.  Ба он миллат сару коре надорад, Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.          Воқеан, ба дасти хеш навиштани тақдир вақте амалӣ мешавад, ки Истиқлолият бошад. Ба ин маъно, ки ҳама гуна арзишҳои милливу дастовардҳои миллӣ...
Муҳтарам ҷаноби Раис,Муҳтарам ҷаноби Дабири кулл,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш аз ҳама, мехоҳам Раиси иҷлоси навбатии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷаноби Абдулло Шоҳидро ба муносибати интихоб шуданашон ба ин маснад табрику таҳният намоям. Ҳамкорони гиромӣ, 9 сентябри соли ҷорӣ мардуми шарифи Тоҷикистон рӯйдоди...
(Бардошт аз суханронии Пешвои миллат дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии СММ, 24.09.2021) Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари пешбарандаи сиёсати хориҷии сулҳҷӯёнаву созанда эътироф гардида, эътибори бештаре пайдо кардааст. Воқеан ҳам дар равади соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон бо кишварҳои зиёди ҷаҳон равобити дипломатӣ барқарор намуд. Ҳамчунин, муносибатҳои шарикиро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар чорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ роҳандозӣ...
Мулоҳизаҳо дар робита ба ҷалби ҷавонон ба китобхонӣ  Таҷрибаи рӯзгор ва андарзҳои бузургон моро ҳушдор медиҳад, ки инсон дар ҳамаи давру замон ниёз ба хондан, омӯхтан, дониш андӯхтан, тавонистан ва эҳтиёту ҳифзи арзишҳои маънавиро дошт. Дар ин бобат суханони устод Рӯдакиро ба ёд меорем: То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,
Дар кафедраи умумидонишгоҳии фалсафаи Донишгоҳи миллӣ маҳфили илмию назариявӣ дар мавзӯи «Таъиноти илми «мантиқ» дар низоми донишҳои фалсафӣ» баргузор гардид. Дар маҳфил доктори илмҳои фалсафа, профессор, мантиқшинос Неъматулло Сайфуллоев, доктори илмҳои фалсафа, профессор Идибек Зиёев, ходтими пешбари илмии Маркази омӯзиши «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон», Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Абдуллохонов, директори мактаби байналмилалии Президентӣ Муҳибулло Зувайдуллозода ва дигар олимон ширкат варзиданд.
Имрӯз (23.09.2021) бо ташаббуси кафедраи географияи иқтисодӣ ва сайёҳии факултети молиявию иқтисодии ДМТ дар мавзӯи «Тоҷикистон дар арсаи сайёҳии байналмилалӣ» мизи гирди ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор гардид. Нишаст бо сухани муқаддимавии сардори шуъбаи ахбори илмию техникии донишгоҳ Абдуллозода Р. оғоз ёфт. Мавсуф афзуд, ки дар заминаи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакат соҳаи сайёҳии Тоҷикистон мавқеи байналмилалии худро тадриҷан беҳтару...
Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ дар донишгоҳ Имрӯз дар саросари кишвар Рӯзи поягузори адабиёти форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ таҷлил мешавад. Ба хотири гиромидошти «Одамушшуаро» бо ташаббуси кафедраи таърихи адабиёти тоҷики факултети филологияи тоҷик дар толори Ганҷинаи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода конференсияи илмӣ – амалӣ таҳти унвони «Ҳамоиши бузургдошти Рӯдакӣ» бо иштироки устодону донишҷӯён ва меҳмонон аз дигар...

Эълонҳо