• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 138
Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба марҳилаи нави инкишофи таърихӣ - бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ворид гардид. Пас аз эълон гардидани истиқлоли Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ давлати мустақилу соҳибихтиёри Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардид. Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии ҷиноятҳои фаромиллӣ, таъмини рушди...
Илмҳои филологӣ ё ба қавли умум суханшиносӣ, ки дар қаламрави форсизабонон бо унвони улуми адабӣ ёд мешавад, 22 шоха дорад ва аз бузургтарин дастовардҳои миллии ҳар яке аз ин мардумон, аз ҷумла халқи муаззами тоҷик маърифат мешавад, чунки дар мазмуну муҳтавои ин улум ҳам сатҳи маънавият ва ҳам фарҳангу маданият ва низ шуури зебоишинохтиву тафаккури дунёшиносии ҷомеа...
Андешаҳои ҷавонон дар робита ба Истиқлолияти давлатӣ Насима Қосимӣ – корманди Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакӣ: -Ҳамасола 9-уми сентябрро ҳамчун рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн мегирем. Зеро Истиқлолият ин армони ҳазорсолаи миллӣ ва дастоварди бебаҳои таърих аст. Истиқлолият ба мо имкон дод, ки масири сарнавишти...
Бо амри таърих миллати сарбаланду тамаддунофар ва фарҳангсолору бунёдкори тоҷик дар интиҳои садсолаи гузашта рӯзи 9-уми сентябри соли 1991 арзишмандтарин дастовард, бузургтарин неъмат ва беназиртарин сарват – Истиқлолияти давлатиро ба даст овард, ки ин санаи муқаддас дар таърихи навини рушди давлатдории миллӣ абадан бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Истиқлолият ҳамчун воқеаи фараҳбахши таърихӣ...
Маҳз истиқлолият имконият фароҳам овард, ки мардуми Тоҷикистон тақдири худро ба даст гирифта, роҳи пешрафти минбаъда ва сарнавишти ояндаи сарзамини аҷдодии хешро мустақилона интихоб намоянд. Ба ин маънӣ истиқлолият неъмати бебаҳо, мояи ифтихор, манбаи худшиносӣ, сарчашмаи нерубахш ва омили бунёдии таҳкиму тақвияти пояҳои давлатдории миллии мо мебошад.  Эмомалӣ Раҳмон Дар ҳар давру замон вобаста ба...
Имрӯз (03.09.2021) бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ - 30-юмин солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо итбикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили адибони ҷавон таҳти унвони "Тараннуми Истиқлол" баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани завқи адабиву фарҳангӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию таърихӣ, таҳкими эҳсоси худшиносию худогоҳӣ таҳия гардида буд.
Имрӯз (03.09.2021) дар шаҳри Душанбе маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҳошияи ин маҷлис барои иштироки фаъолона дар татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, хизмати содиқона ба халқ, саҳмгузорӣ дар ташкил ва баргузории чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ, тақвияти ҳисси худогоҳиву хештаншиносӣ, густариши маърифату фарҳанг ва ҷалби мардум...
Ҳамасола дар саросари Тоҷикистон Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ - 1-уми сентябр ҳамчун санаи гиромидошти илму маърифат ҷашн гирифта мешавад, ки ин аз таваҷҷуҳи доимӣ ва эҳтироми хоссаи Ҳукумати мамлакат ба аҳли илму маориф гувоҳӣ медиҳад. Имрӯз (1.09.2021) дар толори калони Донишгоҳи миллӣ оғози соли нави таҳсил ва дарси сулҳ чун анъанаи солҳои гузашта бо шукуҳу шаҳомат таҷлил карда шуд. Дар доираи...
ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН, ПРОФЕССОР ХУШВАХТЗОДА Қ.Х. БАХШИДА БА РӮЗИ ДОНИШ Устодон, кормандон ва донишҷӯёни азиз! Оғози Соли нави хонишро барои ҳар яки Шумо самимона табрик мегӯям. Соли нави таҳсил бо таҷлили Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ оғоз мешавад. Дониш, илму маърифат пайванди...
 Баъд аз истиқлолияти давлатӣ ҷавонон чун як неруи пуриқтидори созанда ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеа эътироф гардиданд. Ин қишри муҳимми ҷомеаро мебояд, ки аз файзи истиқлол бештар баҳра гирифта, ба қадри ин ҳама неъмати бебаҳо ба мисли озодӣ ва соҳибистиқлолӣ расида, онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд. Зеро истиқлол ин бародарию баробарии тамоми узви ҷомеа, сари баланд, зиндагии...

Эълонҳо