• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 142
Фаъолияти байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон батадриҷ рушд карда истодааст. Ҳамасола роҳбарияти донишгоҳ ба яке аз самтҳои калидии фаъолияти худ – равобити байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Таҳкиму густариши робитаҳои байналмилалӣ дар самти илм ва маориф, аз ҷумла, табодули устодону донишҷӯён, иштироки мутақобила дар ҳамоишҳои илмӣ, таҳия ва роҳандозии барномаҳои муштараки таълимии зинаи бакалавр ва магистратура, роҳандозӣ ва...
Дар давраи нисбатан кӯтоҳи рушди сиёсати дохилӣ (1991-1992), Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби бисёр давлатҳои ҷаҳон эътироф гардида, давраи барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ бо кишварҳои хориҷӣ фаро расид. Аммо вазъияти сиёсии дохилӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ ба нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ халал ворид намуда, раванди рушди он дар роҳи бунёди давлати сохибихтиёру мустақил қатъ гардид. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16 ноябри...
6 август дар шаҳри Туркманбошии Ҷумҳурии Туркманистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ карданд. Дар вохӯрӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев...
Имрӯз дар пешорӯйи мо ҷашни бузурги таърихӣ, яъне 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон қарор дорад. Ин ҷашн моҳиятан ба ташаккули тамаддуни давлатдорӣ ва роҳи душвору сангини расидан ба истиқлолият пайванди ногусастанӣ дошта, падидаи барҷастаи таърихию фарҳангӣ, мазҳари идеалу ормонҳои чандинасраи фарзандони асилу огоҳ, рамзи асолату ҳувият, нишонаи ҳастию бақои деринаи миллати мо мебошад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам...
Истиқлолият ва раванди истиқлолиятгароӣ масъалаи муҳими ташаккул ва рушди минбаъдаи кишварҳои мухталиф мебошад. Кишварҳои зиёд маҳз дар раванди истиқлолиятгароӣ имконияти ба даст овардани мустақилияти сиёсиро аз метрополия, баъзан аз субъекти асосии федератсия ва баҳри озод намудани кишвар аз истилолгарон пайдо намуданд. Дар ибтидо ин амал бо озодшавӣ аз таъсири беруна оғоз гардида буд. Баъдан, он бо омилҳои дигари давлатдорӣ ба мисли ҳифзи истиқлолият...
Муддатест, ки аз ҷониби сохторҳои дахлдори Ҷумҳурии Қазоқистон дастовардҳои хатмкунандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) муаррифӣ ва қадрдонӣ шуда, дар китоби бонуфуз бо унвони «Донишҷӯи беҳтарин» нашр мешавад. Дастовардҳои Эшонова Шаҳзода Муртазоевна – донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси иқтисод ва идора дар корхонаҳои факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллӣ дар сеюмин чопи китоби байналмилалии «Донишҷӯи беҳтарини ИДМ...
Ҳайати устодону кормандони Донишгоҳи миллӣ аз марҳилаи дуюми ваксинаи зидди COVID-19 ва зумрае аз марҳилаи аввал гузашта истодаанд. Бо вуҷуди он ки устодону кормандон дар давраи таътил қарор доранд, қисме барои эмгузаронӣ ба донишгоҳ меоянду зумрае ба марказҳои саломатии маҳалли зисташон мераванд. Бо талаби роҳбаридати донишгоҳ дар назди бинои факултети фалсафа, ки дар маҳаллаи Буни Ҳисорак ҷойгир аст, бунгоҳи...
Тавре иттилоъ дода будем, бо дастгирии роҳбарияти донишгоҳ дар саҳни факултети фалсафаи донишгоҳ, ки дар Шаҳраки донишҷӯён, маҳаллаи Буни Ҳисорак ҷойгир аст, макони қабули довталабон ва ё ба истилоҳ Комиссияи қабул ташкил шудааст. Барои қабули довталабон ва роҳнамои намудани онҳо ба ихтисосу факултети интихобкардаашон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Пас аз эълони Маркази миллии тестӣ дар мавриди ҷойҳои амиқи...
Дар доираи илмҳои сиёсӣ таҳқиқи равандҳои глобализатсионӣ ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ аҳамияти илмию назариявӣ ва амалию сиёсиро касб намудааст. Зеро олами сиёсат гуногунчеҳра буда, таваҷҷуҳи олимон ва донишмандонро масъалаҳои мухталиф, аз ҷумла бартарӣ пайдо намудани иштирокчиёни асосии муносибатҳои байналхалқӣ дар нисбати масъалаи таҳким ва такмили истиқлолияти давлатӣ ҷалб месозад. Пӯшида нест, ки андешаҳо дар бораи он, ки давлатҳо ба мисли пештар дар низоми муносибатҳои...
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маркази бузурги илмию таълимӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, дар баланд бардоштани маърифату худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисос мақому манзалати хосса дорад. Ин андеша имрӯз (27.07.2021) аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ зимни супоридани дипломҳои аъло ба хатмкунандагони донишгоҳ гуфта шуд. Ба ин муносибат дар толори калони...

Эълонҳо