ШУҲРАТИ ҶАҲОНИИ “ТОҶИКОН”

474

Имрӯз варақгардон намудани саргузашти пурмуаммои шоҳасари “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров ба доираи васеи хонандагони чи дохиливу чи берунӣ ба аҳамияти бузурги илмиву амалӣ молик аст.

Шоҳасари академик Б. Ғафуров «Тоҷикон», на танҳо дар таърихнигории ватанӣ, балки дар миқёси кишварҳои хориҷӣ низ шуҳрату шаҳомати беандоза бузургеро соҳиб гардидааст. Бесабаб нест, ки шоҳасари «Тоҷикон» дар илми ховаршиносии шӯравӣ падидаи ниҳоят муҳим ва навгонии беназир эътироф мегардад. Зеро аксари муҳаққиқони ватанӣ ва хориҷӣ он ақидаи комиллан дурусти илмӣ ва ҳаётиро пазируфтаанд, ки шоҳасари «Тоҷикон»-и Б. Ғафуров аз ҷиҳати масъалагузарӣ, таҳқиқу пажӯҳиш, таҳлилу муқоиса ва хулосаву ҷамъбаст аз дигар асарҳои илмиву тадқиқотӣ ба куллӣ фарқ мекунад ва он дар сатҳи ниҳоят баланди илмию эҷодӣ таълиф ёфтааст. Ҳатто муҳаққиқ дар он масъалаҳои муҳим ва тадқиқталаберо, ки мавриди баррасӣ ва таҳқиқи асосӣ гузаштааст, ба муҳққиқони оянда роҳи васеъ мекушояд ва ҳамзамон, муайян месозад, ки тадқиқотчиёни ҷавон ба кадом масъалаҳои мубрам ва таҳқиқталаб бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар кадом самтҳои афзалиятнок корҳои илмиву таҳқиқотӣ баранд. Аз ин лиҳоз, шоҳасари «Тоҷикон» ба доираи васеи муаррихон ва коршиносони тоҷик ва хориҷӣ ҳамчун қутбнамои корҳои илмиву тадқиқотӣ аз таърихи халқи тоҷик ва умуман мардуми Осиёи Марказӣ башумор меравад.

Б. Ғафуров то рӯзҳои вопасини зиндагии худ пайваста машғули тавзеъ ва такмили асари асосиаш «Тоҷикон» буд. Дар бадали 30 соли кори эҷодӣ дар саргаҳи таърихи халқи тоҷик Б. Ғафуров ҳаҷми асарашро се маротиба зиёд намуда, онро аз як китоб ба ду китоб мерасонад. Ин асар ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Маскав чанд маротиба ба табъ расидааст. «Тоҷикон» на танҳо аз ҷиҳати ҳаҷм ва ғунҷоиш, балки бештар мазмунан низ ғанӣ ва пурра гардидааст. Ҳангоми ба чоп омода намудани «Тоҷикон» ба забони тоҷикӣ бо назардошти афзоиши ҳаҷми нашрия (75 ҷузъи чопӣ, бо сабабҳои техникӣ) муҳаррири масъули китоб Аҳрор Мухторов мувофиқи ризоияти муаллиф асарро ба ду ҷилд тақсим намудааст. Воқеан, ҷилди аввал, чаҳор фасли нахустинро (то асри ХVl), ҷилди дуюм бошад, давраи аз асри ХVl то ғалабаи Инқилоби Октиябрро дар бар мегиранд. Дар соли 1983 нашриёти «Ирфон» китоби якум ва дар соли 1985 бошад, китоби дуввуми «Тоҷикон»-ро ба хонандагони деринтизор тақдим намуд. Б. Ғафуров ҳангоми ба забони тоҷикӣ тайёр кардани асари худ, маълумотҳои манбаъҳо ва тадқиқотҳои гуногунро то аввали соли 1977 моҳирона истифода бурда, эҷодкорона иловаҳо ва тасҳеҳ намудааст. Чуноне ҳамзамонон таъкид месозанд, ки Б.Ғафуров дар шоҳасари «Тоҷикон» тарзу усули нигориши ҷаззоб ва дилфиребро куллан риоя намудааст ва асари мазкур ҷанбаи пурқуввати илмии академиро соҳиб мегардад, вале бо вуҷуди он, вай бевосита ба тариқи оммафаҳм нигошта шудааст ва шахси андак босавод онро мутолиа намуда, аз он пурра баҳраманд шуда метавонад. Зимнан тарҷумаи тоҷикии асар (нашри солҳои 1983, 1985) бори дигар равонии тарзу усули нигориши онро собит менамояд. Бешаку шубҳа хусусияти хоси олими мумтоз Б. Ғафуров дар он таҷассум меёфт, ки ӯ аз сарчашмаҳои хаттӣ, манбаъҳои сершумори таърихӣ, санаду ҳуҷҷатҳои нодир, асноди бойгонӣ ва амсоли он васеъ ва ба мавқеъ истифода мебурд. Масалан, муҳаққиқи заҳматкаш ва тозакор танҳо дар ҷараёни таълифи нашри тоҷикии «Тоҷикон» беш аз 1900 номгӯй асарҳо, монографияҳо ва тадқиқотҳоро истифода бурддааст, ки аз онҳо 367 ададашон ба қалами олимони хориҷӣ мутааллиқ мебошанд. Ҳатто барои дастрас намудани баъзе аз онҳо худаш махсус ба хориҷа сафар карда, онҳоро бо машақатҳои зиёд мутолиаву коркард намудааст. «Тоҷикон» аз ҷумлаи китобҳои муқаррарӣ нест, балки ин шоҳасар таърихи сеҳазорсолаи халқест, ки роҳи дуру дарозеро тай намуда, қариб дар ҳар як марҳилаи таърихӣ барои ҷисман зинда мондан, барои осори маданиашро ҳифз намудан, барои ҳуқуқи маънавияшро барқарор намудан пайваста мубориза бурда омадааст.

Зикри он саривақтӣ аст, ки чи муҳаққиқону муаррихон, адабиётшиносону фарҳангшиносони дохилӣ ва чи хориҷӣ ба шоҳасари Б. Ғафуров тақризҳои илмию адабӣ иншо намуда, онро падидаи нави замон ва навгонии беамсоли даврон арзёбӣ намудаанд. Боиси тазаккур аст, ки саргузашти рангин ва қадамҳои ҷасуронаи шоҳасари “Тоҷикон”-и академик Б. Ғафуровро ёдрас намудан боиси ифтихори тоҷикон аст.

Ба қавли академик Акбар Турсунов: “Он асарест, ки аз ибтидо ба китоби рӯимизии ҳар як фарди тоҷик табдил ёфтааст, онро аллакай мардум дар мағозаҳо кофта мегарданд, якбора чанд нусхагӣ харида, ба фарзандон ва хешовандонашон тақдим мекунанд”. Воқеан, ин асари нодир ба аксарияти олимони шарқшиноси ватанӣ ва ховаршиносони хориҷӣ таассуроти оламшумул бахшида, Тоҷикистонро ба худ ва берун аз он шинос намуд.

Бояд зикр намуд, ки шоҳасари “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар ҳаёти илмиву фарҳангии кишварамон ҳодисаи намоёне гардид ва дар саҳифаи рангини таърихшиносии Шуравӣ бо хатти заррин сабт ёфтааст. Аҳамияти илмию амалии асар танҳо бо он, ки вай яке аз тадқиқотҳои бунёдӣ ва мӯҳташам доир ба таърихи халқҳои Осиёи Миёна мебошад, маҳдуд намегардад. Умуман ин шоҳасар дар таҳқиқу баррасии таърихи иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии тамоми машриқзамин саҳми бориз ва арзанда гардидааст. Далели аз тарафи аҳли илм эътироф шудани маҳсули меҳнати олими тоҷик аз он иборат аст, ки ба “Тоҷикон”-и Б. Ғафуров таърихшиносон, бостоншиносон, ховаршиносони номии Шуравӣ, аз қабили академикҳо Б. Б. Пиотровский, А. П. Окладников, М. П. Ким, Е. М. Жуков, И. И. Минс, М. А. Коростовсев, А. Л. Нарочнитский ва олимони шинохтаи тоҷик, академикҳо Б. Искандаров, С. А. Раҷабов, аъзо-корреспонденти АИ Тоҷикистон А. Мухторов, бостоншиноси номӣ В. А. Ранов, адабиётшиноси маъруфи тоҷик Х. Мирзозода, файласуфи кайҳоншиноси сатҳи ҷаҳонӣ А. Турсунов ва дигарон тақризҳои илмиву эҷодӣ иншо намуда, ба он баҳои баланд додаанд. Чунончи, дар тақризи худ ба ин асар, академикҳо А. П. Окладников ва Б. Б. Пиотровский чунин навиштаанд: “Мо дар даст тадқиқоти нави ҷамъбастии олимро дар ҳудуди 60 ҷузъи чопӣ дорем. Ин асари Б.Ғафуров натиҷаи заҳмат ва тадқиқотҳои бештар аз 30 солаи ӯ дар ин мавзӯст. Барҷастатарин қисми фаъолияти илмии вай аст … Б. Ғафуров дар асари худ соҳиби истеъдоди фавқулодаи ба роҳбарӣ гирифтани методологияи марксистӣ-лениниро собит менамояд”. Яке аз бостоншиносони барҷастаи Шӯравӣ, академики АИ ИҶШС, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, лауреати мукофоти давлатии ИҶШС А. П. Окладников, ки дар таҳқиқи таърихи бостонии халқҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикон саҳмгузорӣ намудааст, дар рӯзномаи “Известия” доир ба “Тоҷикон” чунин навишта буд: “Рисолаи муҳташаму бунёдии Б. Ғафуров дониши моро доир ба таърих ва анъанаҳои яке аз халқҳои қадимтарини мамлакат-тоҷикон ғанӣ мегардонад ва ҳиссаи арзанда дар омӯзиши таърихи Ватан аст”.

Пиромуни китоби “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров ховаршиносони машҳури ҷаҳон, ба монанди Ричард Фрай, Иржи Бечка, Манфред Лоренс, Шоши Бушан, Нурул Ҳасан, Файз Аҳмади Файз, Ҳасани Донӣ, Сайид Муҳаммади Ҳаким ва чанде дигарон тақризҳои илмиву эҷодӣ ва ихтисосӣ таълиф намуда, арзиши баланд ва бебаҳои онро мавриди баҳс ва баҳогузорӣ қарор додаанд. Ба ин китоб дар ИМА, Олмон, Чехословакиё, Ҳиндустон, Афғонистон, Покистон ва дигар кишварҳо тақризҳои мусбати илмиву эҷодӣ ба чоп расиданд. Яке аз донишмандони маъруфи Шарқ, муаллифи асарҳои “Мероси Эрон”, “Бухоро”, проффесори Донишгоҳи Гардвард Ричард Фрай (ИМА) дар маҷаллаи “Америка ҳисторик-эл ревью” (“Ахбори муаррихони Амрико”) мақолае таҳти унвони “Академик Б. Ғафуров ва “Тоҷикон”” навишта, ба китоб чунин баҳои баланд медиҳад: “Беназирии академик Б.Ғафуров дар таҳқиқи масъалаҳои марбут ба Осиё на танҳо аз он аст, ки ӯ фарзанди миллати тоҷик аст. Ӯ директори Институти шарқшиносии АИ ИҶШС -бузургтарин маркази ховаршиносие мебошад, ки таҳти раёсаташ дар кӯтоҳтарин муддат муваффақиятҳои гӯшношунидро ноил гаштааст. Агар зарурати тарҷумаи инглисии ягон асари русии оид ба мавзӯи Осиёи Марказӣ пеш ояд, бешак, он “Тоҷикон” аст”. Бесабаб нест, ки зумраи зиёди олимони маъруф ва мутафаккирони барҷастаи ҷаҳон ба хидматҳои бузург ва кору пайкори беназири Б. Ғафуров баҳои баланд додаанд. Чунончи, ховаршиноси маъруфи чех, доктор Иржӣ Бечка ба шоҳасари мазкур баҳои баланд додааст: “”Тоҷикон” на танҳо ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон, балки таърихи тамоми тоҷикони Осиёи Миёна, ҳамчунин қисмати бузурги Афғонистони имрӯзаро фаро гирифтааст. Аз ин лиҳоз, асар на танҳо барои халқи тоҷик, инчунин, барои донистани таърихи инкишофи тамоми халқҳои Осиёи Марказӣ аҳамияти басанда дорад”. Инчунин, муаррих ва муҳаққиқи намоёни Афғонистон, проффессори риштаи таърихи Донишгоҳи Кобул, доктор Ҷалолиддин Сиддиқӣ ба мазмун ва муҳтавои шоҳасари “Тоҷикон”-и Б. Ғафуров эътибори бевосита равона намуда, саҳми барҷастаи муаллифро нишон медиҳад, ки шоистаи гуфтор ва таҳсин буда метавонад: ”Китоби “Тоҷикон” дар воқеъ асарест, ки дар он муборизаи халқи тоҷик бо халқҳои дигари бародари Хуросонзамин ва Мовароуннаҳр зидди ситам ва бедодгариҳои низомҳои гуногуни феодалӣ ба хубӣ акс ёфтааст. Фарозу дурудҳои ин халқро аз адвори хеле куҳан то асри ҳозир ба хубӣ ва диққати олимона баён доштааст”. Президенти Анҷумани покистонии “Ҳамдард Нэшил фаундейшен” Ҳалим Муҳаммад Саид нақши илмиву адабии академик Б. Ғафуровро дар фарҳанг ва тамаддуни ҷаҳонӣ эътироф намуда, чунин иброз медорад: “Б. Ғафуров дар тадқиқоти тамаддуни Осиёи Марказӣ-Покистон, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, Муғулистон ва қисме аз ҳудуди Иттиҳоди Шӯравӣ аз зумраи нахустин муҳаққиқон аст. Фаъолияти ӯ дар омӯзиши ин масъалаҳо сабаби дар ЮНЕСКО ташкил ёфтани бастҳои (секцияҳо) алоҳида гардид. Бесабаб нест, ки саҳми бузурги илми Б. Ғафуровро бо олимони бомаҳорати ҷаҳонӣ дар як қатор мегузорад”. Фарзанди фарзонаи қирғиз, мутафаккири беназири сатҳи ҷаҳонӣ Чингиз Айтматов дар бораи шуҳрату шаҳомати ҷаҳонии академик Б. Ғафуров чунин андешаронӣ намудаст, ки он самимонаву ҷасоратмандона аст: “Б. Ғафуров базургтарин симоҳои илми ҷаҳонӣ буда, бо ҷустуҷӯҳои доманадор, бо ғурури баланди худшиносӣ ва талошу орзуҳо тавонист миллати соҳибфарҳангу соҳибтамаддуни хеш-тоҷиконро дар сафҳаи таърихи ҷаҳониён муаррифӣ созад. Дар солҳои фаъолияти ӯ (дар давраи интератсионализми байналхалқӣ) навиштани китоби “Тоҷикон” бешак қаҳрамонист. Ман гумон мекунам, ки на ба ҳама муҳаққиқ таълифи чунин шоҳасар насиб мегардад”.

Бояд таъкид намуд, ки маҳз дар даврони Шуравӣ ба асарҳои худ гузоштани унвони “Тоҷикон” кори бениҳоят душвору мураккаб ва иҷронашаванда маҳсуб меёфт, вале фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, академик Б.Ғафуров ин кори наҷиб ва сангинро бо фахри баланди миллӣ анҷом дода, ба шоҳасари хеш номи “Тоҷикон”-ро гузоштанд, ки онро ҷасорати беҳамто ва қаҳрамонии нотакрор номидан мумкин аст. Бесабаб нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нашри “Тоҷикон”-ро дар он давра ҷасорату матонати бузург номида, ба он чунин баҳо медиҳанд: ““Тоҷикон” воқеан шиносномаи миллат аст. Ин шоҳасари безавол, ки самараи меҳнати сисолаи олим аст, аз ҷумлаи таҳқиқоти бунёдӣ ва фарогирандаи таърихи халқҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Ин асар, барҳақ, китоби рӯимизии ҳар як фарди соҳибмаърифати тоҷик мебошад ва барои худгоҳии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии мардуми мо чун обу ҳаво зарур аст». Ҳамин аст, ки бо дастури Пешвои миллат шоҳасари мазкур ба ҳар хонадони тоҷик тақсим шуда истодааст. Хушбахтона, имрӯз ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бо номи ин абармарди миллат сидқан фахр мекунанд ва номи оламгири ӯ бо шоҳасараш “Тоҷикон” вирди забони на танҳо халқи тоҷик, балки тамоми мардуми олами мутамаддин гирдидааст.

Юсуфи Ш., таърихшинос