• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 152
Имрӯз (12.05.2021) бо ташаббуси кафедраи сиёсатшиносии факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Масъалаҳо ва роҳу воситаҳои таҳким ва такмили истиқлолияти Тоҷикистон» конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ доир гардид. Нишаст бо сухани муқаддимавии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. оғоз ёфт. Дар...
 Истиқлолияти давлатӣ барои кишвари азизамон Тоҷикистон як ганҷи бебаҳо ва муқаддас аст. Дар тӯли 30 соли истиқлолият Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳои давлатдорӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Бо боварӣ метавон гуфт, ки миллати тоҷик дар таърихи чандин ҳазорсолаи худ чунин сатҳи имрӯзаи рушдро соҳиб нагардида буд. Аллакай Тоҷикистону тоҷикистониёнро дар тамоми дунё мешиносанд ва эҳтиром менамоянд. Масъалаи марказӣ барои...
Имрӯз (11.05.2021) дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ибтикороти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Таҳаввулотҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 30 соли соҳибистиқлолӣ» конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор гардид.  Дар кори конференсия ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ.Х,, директори Осорхонаи миллии Тоҷкистон Ибодуллозода А., декани факултети...
Дар толори хурди ДМТ ҷаласа дар робита ба фаъолияти Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини ректор оид ба тарбия Раҳмонзода Ҷ.М., раиси Кумитаи иттифоқи касабаи донишгоҳ Т.Раҷабов ва намояндагони сохторҳои гуногуни донишгоҳ иштирок намуданд. Раиси Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯёни донишгоҳ Самиев З. дар робита ба фаъолияти ҳафтсолаи кумита маълумот дода, таъкид дошт, ки кумита фаъолияти...
   Имрӯз (11.05.2021) дар партави “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” эълон гардидани солҳои 2020-2040 дар соҳаи илму маориф ва дар доираи Лоиҳаи «Беҳтаргардонии ҷараёни таълим ва васеъ гардонидани имкониятҳо аз назария ба амалия (ба кор таъминкунӣ)-и донишҷӯён» мулоқоти ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо директори минтақавии ҶСП «ТТ мобайл» (ҳоло «Мегафон-Тоҷикистон») дар шаҳри Душанбе...
Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чор масъала ба сифати самтҳо ва ҳадафҳои стратегии рушди устувори иқти-содӣ арзёбӣ гардидаанд. Инҳо: 1) баромадани ҷумҳурӣ аз бунбас-ти ком-муникатсионӣ ва табдил додани он ба кишвари транзитӣ; 2) таъмини амнияти озуқаворӣ ва худтаъминкунии озуқа; 3) истифодаи самараноки захираҳои обию энергетикӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ; ва 4) саноатикунонии...
Истиқлол вожаи гуворатарин ва ширинтарину латиф барои ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Офтоби нурпоши истиқлол ба сарзамини аҷдодии мо аввалин нурҳои ҳароратбори худро паҳн намуд. Халқи тоҷик зери шуои тобноки офтоби истиқлол зиндагии хешро дубора дарёфт. Ҳар вақте вожаи истиқлол ба забон меояд, моро ҳамеша шоду мамнун месозад, зеро мо дар ин замони истиқлол камолот дидаву худро...
Муноқишае, ки дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон ба миён омад, дили даҳҳо нафарро андӯҳгин намуд. Дар ин муноқишаи наздисарҳадӣ риштаи умри чандин нафар аз ҳарду ҷониб канда шуда, нафарони зиёд ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Ин ҳодисаи нохуш дилҳоро решу хонаи чандин шаҳрвандро макони ғам гардонид. Ҷонбохтагони ин муноқиша аксаран сарбозон буданд, ки...
Имсол Тоҷикистони азизи мо санаи муҳимми таърихӣ, яъне 30 солагии Истиқлолияти давлатии худро ҷашн мегирад. Ин сана муҳимтарин ва волотарин воқеаи даврони таърихи навини тоҷикон маҳсуб мегардад. 9 сентябри соли 1991 Иҷлосияи 12-уми ғайринавбатии Шӯрои олӣ Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон намуд. Ин санад роҳу равиши ҷомеа ва сарнавишти халқи тоҷикро ба куллӣ дигаргун сохт. Тоҷикон баъд аз ҳазор сол аз нав соҳибдавлат...
Бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои олмонӣ ва фаронсавии ДМТ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Нақши забоншиносии муқоисавӣ дар рушди забони тоҷикӣ» конференсияи умумидонишгоҳии илмию назариявӣ доир гардид. Нишаст бо сухани муқаддимавии сардори шуъбаи ахбори илмию техникии донишгоҳ Абдуллозода Р. оғоз ёфт. Сипас маърӯзаҳои Т.Назаров «Сохтори истилоҳоти дандонпизишкӣ дар забони тоҷикӣ...

Эълонҳо