• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 159
Имрӯзҳо дар саросари ҷумҳурӣ нисбат ба омӯзишу таҳлили ҳаматарафаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохторҳои гуногуни кишвар вохӯриву ҷаласаҳо, семинару конференсияҳо гузаронида шуда истодаанд. Ин имконият медиҳад, ки паҳлуҳои гуногуни Паёми имсоларо ба қишрҳои гуногуни ҷомеа ба таври сода ва фаҳмо расонида шавад. Бо ин мақсад имрӯз (15.02.2021) дар толори...
Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва Рӯзи байналмилалии занону духтарон дар илм бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Саҳми занон дар рушди илм» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд, ки дар он фаъолияти илмии занону бонувони кишвар дар рушди...
Ҷаҳони имрӯзро бе интернет тасаввур кардан ғайримумкин аст. Интернет ҳарчанд мушкилкушои бисёре аз корҳои мардум гашта бошад ҳам, вале истифодаи нодуруст ва надонистани фарҳанги корбурди он муҷиби бадбахтии афрод, ҳатто ҷомеаҳо гаштааст. Китоби «Фарҳанги корбурдии интернет», ки ахиран дар ҳаҷми 132 саҳифа рӯи чоп омад, ба қалами коршиносон Шонасриддинов М. ва Халиков М. тааллуқ дорад. Муаллифон тавонистаанд, ки ба ҷанбаҳои гуногун, осебпазирӣ ва...
Тавре иттилоъ дода будем, дар пояи Донишгоҳи миллӣ Симпозиуми байналмилалӣ дар мавзӯи “Тағйири падидаи “фирори мағзҳо” ба “гардиши ақлҳо” дар Осиёи Марказӣ” (International Symposium on “Turning Brain Drain into Brain Circulation in Central Asia”) баргузор гардида буд. Симпозиум дар ҳамкорӣ бо Пажӯҳишгоҳи тадқиқотии “Муколамаи тамаддунҳо”(DOC) –и муқими ш. Берлини Ҷумҳурии Федеративии Олмон (ҶФО) ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) бо дастгирии Бунёди “Фолкс Вагени”...
Зимни баргузории нишасти матбуотӣ (02.02.2021) таваҷҷуҳи рӯзноманигорон ба аккредитатсияи байналмилалӣ, ки донишгоҳ аз он бо муваффақият гузашт, бештар гардид. Иттилоъ медиҳем, ки тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашта истодаанд. Тавре Пешвои миллат зимни суханронӣ бахшида ба Рӯзи дониш дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1-уми сентябри...
Имрӯз (02.02.2021) дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарону намояндагони сохторҳои гуногуни донишгоҳ ва наздик ба 40 нафар рӯзноманигорони телевизиону радио ва нашрияҳои ҷумҳурию расонаҳои хабарӣ нишасти матбуотӣ доир гардид. Нишасти матбуотиро ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба фаъолияти як соли Донишгоҳи миллӣ мухтасар сухан намуд. Қайд гардид, ки ҳайати омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ соли 2020-ро бо дастовезҳои...
Дар доираи лоиҳаҳои “Шабакаи такмили таҳсилоти олии илман асоснок дар соҳаи микробиология ва бунёдӣ ва татбиқӣ” ва «Шабакаи такмили таҳсилоти олии илман асоснок дар соҳаи биотехнологияи микробиологӣ» корманди Маркази биотехнологии ДМТ Ҷӯраева М.М., аз санаи 18 январи соли 2020 то санаи 2 январи соли 2021 ба Донишгоҳи Бергени шаҳри Бергени Норвегия...
Имрӯз (29.01.2021) дар ҷаласаи Шӯрои олимони Донишгоҳи миллӣ дастовардҳои чанде аз устодону кормандони донишгоҳ муаррифӣ гардиданд. Ибтидо ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ба декани факултети фалсафа Маҳмадизода Н.Д. “Шаҳодатномаи докторӣ”, ба сардори раёсати илм Наботӣ Р. дар соҳаи “Адабиёт” ва ба донишҷӯ Ашӯрзода Хусрав дар соҳаи “Барномасозӣ” дипломи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзишро супориданд.
Тибқи нақша-чорабиниҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди донишгоҳ дар асоси фармоиши ректори донишгоҳ миёни омӯзгорони ҷавон аз санаи 11-ум то 27-уми январи соли 2021 курси кӯтоҳмуддати “Усулҳои фаъоли таълим” дар ҳаҷми 90 соати академӣ гузаронида шуд. Дар курси мазкур омӯзгорони ҷавоне, ки дар соли таҳсили 2020 - 2021 ба кор...
 Бо мақсади рушди илм ва истифодаи самараноки технологияи аълосифат барои қонеъ гардонидани талаботи истеҳсолот дар истифодаи технологияҳои навтарин ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва инвеститсионӣ дар Парки технологии донишгоҳ коргоҳи хурди истеҳсоли доруҳои гиёҳӣ ба роҳ монда шудааст. Дар коргоҳ шаклҳои сахти дору, ба монанди хокадору, ғурушаҳои доруворӣ, маҷмаъгиёҳ ва гиёҳҳои алоҳидаи доруворӣ таҳия карда мешаванд. Маҳсулоти истеҳсолшаванда дар асоси...

Эълонҳо