• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 42
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон анъанаи некест, ки дар оғози ҷаласаи васеи Шурои олимон, ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дастовардҳои самтҳои гуногуни донишгоҳро муаррифӣ ва бо туҳфаҳои хотиравию мукофотпулӣ қадрдонӣ менамоянд. Имрӯз чунин рӯйдоди хотирмон дар ҷаласаи васеи Шурои олимон доир гардид, ки чанде аз дастовардҳои устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ муаррифӣ ва қадрдонӣ шуданд.
Дар партави сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ибтикори ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. иқдоми навбатӣ – хониши сиёсӣ дар донишгоҳ ба роҳ монда шуд. Хониши навбатӣ бо иштироки ректори донишгоҳ ва роҳбарону корманодни сохторҳои гуногуни донишгоҳ сурат гирифт.
Дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба намояндаи Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Русия дар сафорати Русия дар Душанбе Бурулко И.Е. ва мушовири сафорати мазкур Уколов М.В. ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои илмию тадқиқотӣ ба Донишгоҳи миллӣ ташриф оварда, бо ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва намояндагони сохторҳои дахлдори донишгоҳ мулоқот намуданд. Зимнан ҷонибҳо дар робита ба масъалаҳои гуногуни илмии дипломатӣ,...
ОЗМУН барои корҳои беҳтарини инноватсионӣ байни хонандагони литсей, донишҷӯён, унвонҷӯён, аспирантон, докторантон ва ҳайати устодону профессорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани фаъолияти илмиву инноватсионии хонандагони литсей, донишҷӯён, унвонҷӯён, аспирантон, докторантон ва ҳайати устодону профессорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, тақвият додани омодагии касбии онҳо бо назардошти...
Дар заминаи Вохӯрии панҷуми машварати сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ миёни ҷавонони Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ баргузор гардид. Дар ин мусобиқаи даставӣ донишҷӯи курси 4-уми факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Рамзиёрзода Саддам иштирок намуда, сазовори ҷои сеюм гардид. Муборак бошад!
Аз санаи 12 сентябр то имрӯз (14.09.2023) Мусобиқаи кушоди шаҳри Душанбе оид ба ҳендбол байни писарон ва духтарон барои дарёфти "Ҷоми раиси шаҳри Душанбе" бахшида ба 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур дастаи варзишгарони Донишгоҳи миллӣ фаъолона иштирок намуда, дастаи духтарон сазовори ҷойи 2- юм ва дастаи писарон сазовори ҷойи 3 -юм гардиданд.
Тавре иттилоъ додем, Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои Осиёи Марказӣ Форум дар ду бахш идома дорад. Дар бахши аввал маърӯзаҳо дар самти «Тамоюлҳои таҳсилоти байналмилалӣ дар шароити ҷаҳони тағйирёбанда: анъана ва инноватсияҳо» ва дар бахши дуюм суханрониҳо дар самти «Рушди ҳамкориҳои илмию педагогӣ ҳамчун омили ҳамгироии байналмилалӣ дар фазои таълимии бисёрфарҳангӣ» баррасӣ хоҳанд шуд.
Имрӯз (13.09.2023) Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар доираи панҷумин ҷаласаи машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар заминаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Форум аз қабули меҳмонон ва тамошои дастовардҳои илмию таълимии зумрае аз муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд. Баъд аз қабули меҳмонон ва боздиди намоишгоҳ дар...
Дар доираи ҳамкории астрономҳои тоҷик бо Институти астрономияи Синзяни Академияи илмҳои Чин магистри курси дуюми кафедраи астрономияи факултети физика Шарифова Фарангис аз 15 то 26 август дар шаҳри Урумчии Ҷумҳурии халқии Чин дар мактаби тобистона аз рӯи барномаи «Central Asia radio-Astronomy Traninig Workshop» табодули таҷриба намуд. Дар ин мактаб ба ҷузъ намояндаи Тоҷикистон, инчунин, аз ҷумҳуриҳои Узбекистон...

Эълонҳо