• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 59
Имрӯз (06.04.2023) ҳайати кормандони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси дастгоҳи ин ниҳод Саидкабир Абдураҳмонзода аз Маркази илмӣ-таҳқиқотӣ ва Осорхонаи Пешвои миллат, ки дар бинои таълимии факултетҳои иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷойгир аст, боздид ба амал оварданд. Ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳайати кормандони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистонро...
Ба муносибати муваффақона амалӣ гардидани ташаббуси бузург ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» дар соли 2023 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хонишҳои сиёсӣ ба роҳ монда шудааст. Имрўз дарси навбатиро номзади илмҳои таърих, дотсенти факултети таърих...
Имрӯз (05.04.2023) дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҳфили навбатии «Хирадманд» бо иштироки доктори илмҳои физика ва математика, профессор, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ баргузор шуд. Дар маҳфил устодону донишҷӯёни равияҳои илмҳои дақиқ иштирок намуданд. Маҳфил бо сухани муқаддимавии декани факултети филология, доктори илмҳои филология, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ оғоз ёфт. Мавсуф дар...
Имрӯз ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо муовини сафири Давлати шоҳигарии Тайланд дар Ҷумҳурии Қазоқистон хонум Оратай Пхубунлап Гунасийлан мулоқот намуд. Дар оғоз ректори донишгоҳ оид ба зарфияти илмию таълимӣ донишгоҳ ва ҳамкориҳои он бо муассисаву марказҳои илмӣ-таҳқиқотии хориҷи кишвар суханронӣ намуд. Зимни мулоқот хонум Оратай Пхубунлап Гунасийлан дар...
Имрӯз (03.04.2023) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ибтикори Раёсати донишгоҳ ва бахши кор бо духтарон ва занон дар доираи «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2030», бо ташаббуси Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон курси омӯзишии «Зан-сарвар» гузаронида шуд.
Боиси ифтихор аст, ки ҳамарӯза дастовардҳои устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ зиёд гардида, онҳо аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ пайваста қадрдонӣ мегарданд. Имрӯз (01.04.2023) дар оғози ҷаласаи васеи Шурои олимони донишгоҳ аз ҷониби раиси Шуро, ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. зумрае аз дастовардҳои илмию таълимӣ ва ғолибияти устодону донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявию...
Бо мақсади муайян намудани вазъи таълиму тарбия ва корҳои илмӣ-тадқиқотӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз аттестатсияи давлатӣ гузашт. Бо иштироки ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва муовини директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқзода Хурсанд Сафар ҷалассаи васеи устодону кормандон оид ба баррасии натиҷаи аттестатсияи давлатӣ доир...
Имрӯз дар толори калони Донишгоҳи миллӣ Комиссияи экспертии Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (Независимое Агентство аккредитация и рейтинга (НААР)): раиси комиссия — Косов Владимир Николаевич - доктори илмҳои физикаю математика, профессори Донишгоҳи миллии педагогии Қазоқистон, ҳамоҳангсози Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг – Назирова Гулфия Ривкатовна, номзади илмҳои иқтисодӣ, менеҷери лоиҳа оид ба ташкили комиссияҳои экспертии берунии Агентии...
Имрӯз ватани азизи мо бо сулҳу субот пешрафт дорад. Мо намегузорем, ки бегонагон оромии кишвари моро халалдор созанд. Халқи мо бо фарҳанги волои хеш машҳури дунё гаштааст. Аз ин рӯ, ҳифзи фарҳанги ниёгон, дастовардҳои замони соҳиистиқлолӣ ва ҳифзи сулҳу суботи кишвар қарзи шаҳрвандии ҳар як мост. Ин нукта имрӯз зимни вохӯрии...
Имрӯз (30.03. 2023) курси таълимии «Сарварон (лидерҳо)-и сиёсӣ» -и Донишгоҳи миллӣ бо ҳузури Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим доир гардид. Нишаст бо сухани муқаддимавии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. оғоз ёфт. Сипас муҳтарам Азим Иброҳим дар робита ба мавзуъҳои ҷавонон, идеологияи созанда ва низоми идоракунии давлати муосир суханронӣ намуд.

Эълонҳо