• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 69
Имрӯз миёни донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Урал бозии дӯстонаи онлайнии шоҳмот баргузор гардид. Имрӯз фазои интернетӣ имкниятҳои бештареро барои инсоният фароҳам овардааст, ки метавонанд аз он ба таври самарона истифода баранд. Бо фароҳам овардани имкониятҳои васеъ озмунҳо гуногун, аз ҷумла бозии зеҳнии шоҳмот низ тариқи онлайнӣ баргузор мешавад.
Имрӯз (05.12.2022) бо ибтикори раёсати донишгоҳ башида ба 30- солагии узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ конфернсия баргузор гардид. Дар конференсия Ҳамоҳангсози доимии СММ дар ҶТ Хонум Сезин Синаноглу иштирок намуд. Пеш аз оғози конференсия Хонум Сезин Синаноглу бо ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. вохӯрӣ намуда, дар робита ба рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи илмию таълимии ҶТ...
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми тоҷик ҷонибдори низоми одилона ва устувории ҷомеаи ҷаҳонӣ, бар асоси усул ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, қабл аз ҳама баробарҳуқуқии ҳамаи субъектҳои равобити байналмилалӣ ва риояи соҳибихтиёрии давлатҳо мебошад. Ин низом ҷавобгӯи манфиатҳои олии ҳамаи халқҳо ва кишварҳо, амният ва суботи ҷаҳонӣ мебошад. Ин нукта имрӯз (02.12.2022) зимни вохӯрии коршинос оид ба масъалаҳои байналмилалӣ...
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои раёсати ДМТ имрӯз (02.12.2022) вохӯрии навбатии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо сохторҳои ҷамъиятию илмии донишгоҳ: шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавон, иштирокчиёни олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ, ғолибони озмунҳои илмию маърифатии сатҳи гуногуни кишвар баргузор гардид. Дар оғоз Ректори донишгоҳ оид ба сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии...
Имрӯз (01.12.2022) бо ибтикори Раёсат ва бахши кор бо духтарон ва занони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур дар толори калони Донишгоҳи миллӣ бо иштироки занону бонувон ва донишҷӯдухтарони фаъол чорабинии маърифатӣ - фарҳангӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ...
Имрӯз (01.12.2022) тибқи нақшаи чорабиниҳои раёсати ДМТ ва дастуру супоришҳои роҳбарияти донишгоҳ курси таълимии «Сарварон (лидерҳо)-и сиёсӣ» эҳё ва дар толори Шурои олимони донишгоҳ дар сатҳи баланд баргузор гардид. Нахуст Ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода бо як гурӯҳ донишҷӯёни факултетҳои гуногуни донишгоҳ, ки ба курси таълимии мазкур ҷалб шуда буданд, машғулият баргузор намуд. Мавсуф...
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот имрӯз (01.12.2022) бо ибтикор шурои олимон ва...
Бо ташаббуси роҳбарияти Донишгоҳи миллӣ маҳфили «Хирадманд» дар толори калони донишгоҳ дар сатҳи баланд доир гардид. Иштирокчии маҳфил шоири халқии Тоҷикистон Рустами Ваҳҳоб буд. Маҳфилро декани факултети филологияи тоҷик, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ сарварӣ мекард. Мавсуф зикр намуд, ки эҷодиёти Рустами Ваҳҳоб маънои зиндагии мо мебошад ва эҷодиёташ саршор аз муҳаббату ватандорист. Меҳмони маҳфил аз...
Дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён бо иштироки намояндагони Бонки рушди Осиё, устодон, унвонҷӯён, магистрантон ва донишҷӯёни факултетҳои иқтисодии ДМТ ҳамоиши сатҳи баланди илмӣ баргузор гардид. Ҳамоиш бо сухани муқаддимавии декани факултети иқтисод ва идора Исайнов Ҳ.Р. оғоз ёфт. Дар раванди чорабинии мазкур намояндагони зерини Бонки рушди Осиё: Алберт Парк – сариқтисодчии Бонки рушди Осиё;...
Олами набототро набояд тамомшуда ҳисобид, зеро дар айни замон қисми нисбатан ками растаниҳои дар флораи Тоҷикистон рӯянда, яъне аз 4500 намуди растаниҳои олӣ, тақрибан 1500 намуди онҳо доругӣ буда, аз ин 30 фоизи онҳо аз ҷониби олимони ватанӣ ва хориҷӣ омӯхта шудааст. Ин нукта имрӯз (30.11.2022) зимни конференсияи ҷумҳуриявии илмию –амалӣ, ки таҳти унвони...

Эълонҳо