• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 75
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот имрӯз (01.12.2022) бо ибтикор шурои олимон ва...
Бо ташаббуси роҳбарияти Донишгоҳи миллӣ маҳфили «Хирадманд» дар толори калони донишгоҳ дар сатҳи баланд доир гардид. Иштирокчии маҳфил шоири халқии Тоҷикистон Рустами Ваҳҳоб буд. Маҳфилро декани факултети филологияи тоҷик, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ сарварӣ мекард. Мавсуф зикр намуд, ки эҷодиёти Рустами Ваҳҳоб маънои зиндагии мо мебошад ва эҷодиёташ саршор аз муҳаббату ватандорист. Меҳмони маҳфил аз...
Дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён бо иштироки намояндагони Бонки рушди Осиё, устодон, унвонҷӯён, магистрантон ва донишҷӯёни факултетҳои иқтисодии ДМТ ҳамоиши сатҳи баланди илмӣ баргузор гардид. Ҳамоиш бо сухани муқаддимавии декани факултети иқтисод ва идора Исайнов Ҳ.Р. оғоз ёфт. Дар раванди чорабинии мазкур намояндагони зерини Бонки рушди Осиё: Алберт Парк – сариқтисодчии Бонки рушди Осиё;...
Олами набототро набояд тамомшуда ҳисобид, зеро дар айни замон қисми нисбатан ками растаниҳои дар флораи Тоҷикистон рӯянда, яъне аз 4500 намуди растаниҳои олӣ, тақрибан 1500 намуди онҳо доругӣ буда, аз ин 30 фоизи онҳо аз ҷониби олимони ватанӣ ва хориҷӣ омӯхта шудааст. Ин нукта имрӯз (30.11.2022) зимни конференсияи ҷумҳуриявии илмию –амалӣ, ки таҳти унвони...
Бахшида ба 30-солагии муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар заминаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Фестивали муаррифии забон ва фарҳанги рус «Дӯстии халқҳо» доир гардид. Дар чорабинӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Григорев Семён Вячеславович ва намояндагони сохторҳои илмию таълимӣ ва дипломатии ҳарду кишвар ширкат варзиданд. Дар оғоз ректори ДМТ,...
Бахшида ба 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи Иттифоқи касабаи донишҷӯён, шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ ва клуби варзиши Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз 16 то 18-ноябр мусобиқаи кушод оид ба шоҳмот миёни донишҷӯписарон ва шашка миёни донишҷӯдухтарон (дастаҳо аз факултетҳо) доир гардид, ки имрӯз дар арафаи таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ ҷамъбаст шуд.
Имрӯз (26.11.2022) дар оғози ҷаласаи васеи Шурои олимони Донишгоҳи миллӣ, ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. чанде аз дастовардҳои назарраси устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳро муаррифӣ ва қадрдонӣ намуд.Дар ҷаласаи  ба иштирокчиёни чорабиниҳои сиёсӣ-маърифатӣ, ғолибияти устодону донишҷӯён дар ҳамоишҳои илмии байналмилалӣ (маҷозӣ), гирифтани нишону медалҳои фахрии устодону донишҷӯён дар форум ва ҳамоишҳои байналмилалӣ, соҳиби дипломи номзадӣ гаштани устодон,...
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2022 ва амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо...
Имрӯз (25.11.2022) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба сисолагии барқарории муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҳамоиш доир гардид. Дар ҳамоиш ректори донишгоҳ Қобилҷон Хушвахтзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон ар-Рушайдон ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ ширкат варзиданд. Зимни ифтитоҳи ҳамоиш Ректори...
Имрӯз (25.11.2022) тибқи нақша – чорабиниҳои раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар факултети молиявию иқтисодии донишгоҳ конфренсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзуи “Муаммоҳои низоми андозбандӣ дар шароити муосир” бо иштироки муҳаққиқони соҳа аз дохил ва хориҷи кишвар баргузор гардид. Конфренсияи мазкур бо сухани муқаддимавии сардори раёсати илми донишгоҳ Рустам Наботӣ ва декани факултети молиявию иқтисодӣ...

Эълонҳо