• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 88
Омӯзгорӣ касби пурифтихор, бошараф ва соҳибрисолат аст. Омӯзгор барои рушди ҷомеа, таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ муваззаф мебошад. Бояд дар хотир гирифт, ки омӯзгор бояд заҳмат ба харҷ диҳад то наслро ба камол расонад. Насли одӣ не, насли созанда, бунёдкор, дурандеш, худшинос, худогоҳ, ҷомеасоз. Ин масъала зимни вохӯрии навбатии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо...
Имрӯз (25.10.2022) бахшида ба 30 солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори калони Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар доираи нақша-чорабиниҳои муштараки ДМТ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ маҳфили ““Тоҷикон”-оинаи таърихи миллат” баргузор гардид. Ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии муовини аввали раиси Кумитаи...
Дар ҳамаи давру замонҳо ҳадафу мақсади аввалиндараҷаи ҳар як давлат ва роҳбарияти сиёсии он бунёд ва ҳифзи рӯзгори осоиштаи халқу диёр, сарсабзӣ ва сарбаландии миллаташ дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Вале баҳри расидан ба ин аҳдоф уқдаҳои печида ва монеаҳои ғайричашмдошт пеш меоянд, ки барои рафъи он кӯшишу талошҳои дастаҷамъонаи зиёде лозиманд. Бояд тазаккур дод, ки имрӯз инсоният...
Имрӯз (24.10.2022) дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон чорабинии тантанавии идона доир гардид. Сухани ифтитоҳиро раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода оғоз намуда, кулли иштирокдорон, аъзоёни Кумитаи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи иттифоқҳои касаба, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” 24 октябр таҷлил мегардад,...
Санаи 22-юми октябр дар Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии “Занони хушбахт” ярмаркаи васеи ҷойҳои холии корӣ ва вазифаҳои озод бо иштироки бонкҳо, ташкилотҳои хурди қарзӣ ва корхонаю ташкилотҳои соҳаи саноат, сохтмон, нақлиёт, тандурустӣ...
Дар Тоҷикистон 13 сол инҷониб якшанбеи сеюми моҳи октябр Иди Меҳргон таҷлил карда мешавад. Ҳамасола Меҳргон дар тамоми гӯшаву канори мамлакат бо баргузории барномаи фарҳангӣ ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ доир мегардад. Меҳргон яке аз идҳои қадимии мардуми ориёинажод буда, маҳз ба туфайли соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз нав эҳё карда шуд. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»...
Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди ДМТ дар самти омода намудани мутахассисони донандаи забони чинӣ саҳми назаррас мегузорад. Имрӯз дар доираи ҳамкориҳо дар пояи донишкада барои ҷалб намудани мутахассисон ба ҷойи кор аз ҷониби ҶДММ «Зарафшон» семинари омӯзишӣ баргузор гардид. Дар семинар директори Донишкадаи Конфутсийи назди ДМТ аз ҷониби Тоҷикистон Қосимов Фаррух, муовини директори Генералии ҶДММ «Зарафшон» У...
20.10.2022. Дар маҷлисгоҳи Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвони “Масъалаҳои муосири математика ва татбиқи он” бо иштироки олимону муҳаққиқон аз сохторҳои илмию таълимии дохил ва хориҷи кишвар конфренсияи байналмилалии илмӣ – амалӣ баргузор гардид.  Дар ифтитоҳи ҳамоиш ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хушвахтзода Қ. Х. Ҳузури меҳмонони...
 Имрӯз (20.10.2022) дар толори калони Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ дар якҷоягӣ бо Институти Осиё ва Аврупои АМИТ ва факултети муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Аз Волга то Ганга тавассути Трансоксиана» конференсияи  байналмилалии илми-амалӣ баргузор гардид, ки тибқи нақша давоми ду рӯз идома меёбад. Дар ифтитоҳи конференсия ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода...
Имрӯз (19.10.2022) дар оғози ҷаласаи васеи Шурои олимони Донишгоҳи миллӣ, ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. чанде аз дастовардҳои устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳро муаррифӣ ва қадрдонӣ намуд. Дар оғоз устодоне, ки дар самти тадқиқоти илмӣ бо дастовардҳои назаррас шарафёб шудаанд, муаррифӣ шуданд. Сипас, иштирокчиёни фаъоли озмун ва олимпиадаҳои байналмилалӣ, ки аз санаи 09.10.2022 то 14.10.2022 бо роҳбарии...

Эълонҳо