НАҚШИ СҲШ ДАР ТАКМИЛИ ҚОНУНГУЗОРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БО ТЕРРОРИЗМ, СЕПАРАТИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

626

Дар ҳама давру замон кишварҳои алоҳида ҷиҳати ҳифзи манофеи миллии худ дар арсаи байналмилалӣ, расидан ба ҳадафҳои умумибашарӣ ва ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ ба як навъ ҳамгироиву иттиҳоди боэътимоду боварибахш ниёз доранд.

Ба роҳ мондани чунин навъи иттиҳоди боэътимод дар шакли созмонҳои байналмилалӣ, ки яке аз ниҳодҳои пуриқтидори дастгирии сулҳ ва амнияти байналмилалӣ мебошанд, омили асосии расидан ба марому мақсадҳои ягона дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Имрӯз ҷомеаи байналмилалӣ дар шароити ниҳоят ҳассос ва замони пуртаззоди зудтағйирёбанда қарор дорад, ки ҳар лаҳза хавфи зуҳури падидаҳои нави номатлуб дар ҷомеаи байналмилалӣ имконпазир буда, омили мазкур амалигардонии ҳамкории густурда ва ҳамаҷонибаро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ногузир мегардонад.

Ҳамин аст, ки нақш ва мақоми созмонҳои байналмилалӣ рӯз аз рӯз меафзояд, зеро ҷомеаи муосири байналмилалӣ маҳз дар заминаи мавҷудияти муносибатҳои гуногуни байналмилалӣ байни субъектони ҳуқуқи байналмилалӣ устувор буда, кандашавии муносибатҳои неку ҳасана боиси вайроншавии низоми муташаккили ҷомеаи байналмилалӣ мегардад. Ҳолати мазкур бори дигар моро водор менамояд, ки ба умқи ҳикмати дар осори бою пурғановати ниёгонамон нуҳуфта, рӯй оварем, ки дар ин ҷо мисраъҳои пандомӯзи Саъдии Шерозӣ ҳамчун хитобе ба кулли башарият ба ёд меояд, ки мефармояд:

Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Асри ХХ1 бо ҳама таҳаввулоти бесобиқаи сиёсӣ ва дигаргуниҳои вазъи геополитикии худ дар минтақа ва ҷаҳон, зарурати ба роҳ мондани ҳамкориҳоро дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти байналмилалӣ, бахусус дар соҳаи ҳарбӣ-сиёсӣ ба бор овардааст. Зуҳури падидаҳои номатлуб, хатарҳои ғайрианъанавӣ ва таҳдидҳои ғайриинтизори онҳо ба амнияти минтақа, кишварҳоро водор намудааст, ки ҳамкориҳои густурдаро ба роҳ монанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви ҷомеаи муосири байналмилалӣ яке аз самтҳои муҳимро дар сиёсати хориҷии худ роҳандозӣ намудани ҳамкориҳои фаъол ва судманд бо созмону ташкилотҳои минтақавию универсалии байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Ҳамкории Шанхай (минбаъд – СҲШ) маҳсуб медонад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2011 таъкид намуданд: «Чун сухан дар бораи минтақа рафт, созмони калонтарини он – Созмони Ҳамкории Шанхай ба мадди назар меояд, чунки он аз рӯзи таъсисаш барои ҳаллу фасли масоили минтақавӣ, ташкили ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои узв дар асосҳои усулан нав ва дигар бахшҳои ҳамкорӣ, ки тадриҷан тамоми соҳаҳои ҳаёти ҳамарӯзаи моро дар бар мегиранд, корҳои зиёдеро анҷом додааст». Сарвари давлат зикр намуданд, ки дар доираи фаъолияти созмони номбурда дар Тоҷикистон лоиҳаҳои зиёди дорои хусусияти умумимиллӣ рӯи даст гирифта шудаанд.

Имрӯз СҲШ яке аз ташкилотҳои ба таври динамикӣ инкишоёбандаи ҷомеаи байналмилалӣ ба шумор меравад. Муқовимати дастаҷамъонаи давлатҳои аъзои он дар мубориза ба терроризм, сепаратизм ва ифротгароӣ яке аз самтҳои асосии созмони мазкур ба шумор рафта, дар ин самт, тавонистааст таҷрибаи назаррасро аз худ намояд. Бояд зикр кард, ки рушди ҳамкории дарозмуддати давлатҳои узв натанҳо ба манфиати амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки ба манфиати тамоми кишварҳои узви СҲШ дониста мешавад.

Ҳамин тариқ, СҲШ маҷмӯи механизмҳо ва созишномаҳоеро ба вуҷуд овард, ки барои танзим намудани равандҳои бехатарӣ дар минтақа мусоидат мекунанд. Кишварҳои узви СҲШ, ки Конвенсияи Шанхайро дар бораи мубориза бо терроризм, сепаратизм ва экстремизм аз 15 июни соли 2001 қабул карда буданд, дар асоси мақсад ва принсипҳои Созмони Милали Муттаҳид вобаста ба сулҳу амният дар арсаи байналмилалӣ, дар рӯҳияи баланд бурдани сатҳи муносибатҳои ҳасанаи ҳамсоягӣ ва ҳамкории байни кишварҳо амал намуда, эътироф менамоянд, ки терроризм, сепаратизм ва экстремизм ба сулҳу амнияти миллату халқиятҳо, рушди робитаҳои дӯстона байни кишварҳо ва ҳамчунин барои амалӣ намудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсону шаҳрванд таҳдиди воқеӣ мерасонанд.

Терроризм, сепаратизм ва экстремизм ба тамомияти арзӣ ва истиқлолияти кишварҳо низ таҳдид намуда, имкони рушди ҳамаҷонибаро аз байн мебарад. Бо мақсади ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳифзи тамомияти арзии кишварҳои узви Созмон, таъмини суботу амният, махсусан тавассути рушди ҳамкориҳо дар самти мубориза бо терроризм, сепаратизм ва экстремизм, ки дар санадҳои зарурӣ, аз қабили Эъломия дар бораи таъсиси Созмони Ҳамкории Шанхай аз 15 июни соли 2001, Конвенсияи Шанхай дар бораи мубориза бо терроризм, сепаратизм ва экстремизм аз 15 июни соли 2001 ва Хартияи Созмони Ҳамкории Шанхай аз 7 июни соли 2002 дарҷ гардидаанд, кишварҳои узви СҲШ Сохтори минтақавии зиддитеррористиро дар санаи 7 июни соли 2002 таъсис додаанд.

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба терроризм, сепаратизм ва экстремизм ба талаботи зарурӣ дар сатҳи созмони мазкур ҷавобгӯ буда, парламенти кишвар дар масъалаи таъмини ҳуқуқии ҷанбаҳои гуногуни ҳамкориҳо нақши боз ҳам фаъолтарро иҷро мекунад.

Бо роҳи табодули таҷриба дар масъалаи қонунгузорӣ ва маълумоти ҳуқуқӣ, инчунин, ҳамоҳангнамоии саривақтӣ ва муназзами қонунгузории кишварҳои узв, суръат бахшидан ба раванди тасдиқи ҳуҷҷатҳои қабулнамудаи СҲШ низ дар ин замина амалӣ мешавад, ки ин барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти созмон мусоидат мекунад.

Барои ҳалли мушкилотҳои мавҷуда ва боз ҳам густариш додани фаъолият СҲШ як қатор санадҳо қабул гардидаанд, ки таъсири худро ба рушди бемайлони қонунгузории кишварҳои узви созмон мерасонанд: Созишномаи миёни давлатҳои аъзои СҲШ оид ба Сохтори минтақавии зиддитеррористӣ; Регламенти Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористӣ; Созишнома оид ба базаи иттилооти Сохтори минтақавии зиддитеррористӣ; Созишнома миёни СҲШ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба шартҳои мавқеъгирии Сохтори минтақавии зиддитеррористӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон; Консепсияи ҳамкориҳои давлатҳои аъзои СҲШ оид ба мубориза бар зидди терроризм, сепаратизм ва экстремизм; Конвенсия оид ба имтиёзҳои СҲШ; Низомнома оид ба феҳристи ҷустуҷӯи шахсоне, ки аз ҷониби мақомотҳои махсус ва ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои аъзои СҲШ дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ барои содир намудани ҷиноят ё гумони содир намудани ҷинояти хусусияти террористӣ, экстремистӣ ва сепаратистидошта қарор дорад; Созишнома оид ба тартиби ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои зиддитеррористӣ дар ҳудуди давлатҳои аъзои СҲШ; Созишнома миёни давлатҳои аъзои СҲШ оид ба мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводҳои нашъаовар, воситаҳои психотропӣ ва перекурсорӣ; Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ошкор ва маҳкамсозии роҳҳои ба ҳудуди давлатҳои аъзои СҲШ воридгардии шахсоне, ки ба терроризм, экстремизм ва сепаратизм даст доранд; Созишнома оид ба ҳамкориҳо миёни ҳукуматҳои давлатҳои аъзои СҲШ дар мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводҳои нашъаовар, воситаҳои психотропӣ ва перекурсорӣ; Созишнома оид ба таъмин намудани ҳимояи иттилоот дар доираи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ; Созишнома оид ба ҳимояи техникии иттилоот дар Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ; Созишнома оид ба тартиби ташкил ва гузаронидани омӯзишҳои зиддитерростии муштараки давлатҳои аъзои СҲШ; Созишнома миёни давлатҳои аъзои СҲШ оид ба гузаронидани омӯзишҳои муштараки ҳарбӣ; Конвенсияи СҲШ бар зидди терроризм; Созишнома оид ба омода намудани кадрҳо барои мақомотҳои зиддитеррористи давлатҳои аъзои СҲШ; Созишнома миёни ҳукуматҳои давлатҳои аъзои СҲШ оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи таъмин намудани амнияти иттилооти байналмилалӣ. (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ) » аз 8 декабри соли 2003, № 69(Ахбори Маxлиси Олии Xум[урии Тоxикистон с.2003, №12, мод.697; с.2007, № 3, мод.158; Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 с., № 1146)

Яке аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии СҲШ ин Конвенсия оид ба мубориза бар зидди терроризм, сепаратизм ва экстремизм аз 15 июни соли 2001 ба шумор меравад, ки дар ташакули заминаҳои ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба ин зуҳуротҳои номатлуб дар кишварҳои аъзои он нақши бориз дорад.

Мавриди зикри хос аст, ки дар дебочаи ин санади меъёрии ҳуқуқӣ зикр шудааст, ки «амалҳои фарогири терроризм, сепаратизм и экстремизм дар ягон ҳолат наметавонанд сафед карда шаванд ва шахсони дар содиркунии чунин амалҳо дастдошта, бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд». Ин маънои онро дорад, ки санади мазкур ба муқобили «се зуҳуроти бад» -терроризм, экстремизм ва сепаратизм равона гардида, дуруст татбиқ намудани паҳлуҳои алоҳидаи ин Конвенсия ба сатҳу сифати муқовимат бо ин зуҳуроти номатлуб дар сатҳи минтақа ва арсаи байналмилалӣ таъсири зиёд дорад.

 Тавре зикр шуд, нақши СҲШ дар такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо терроризм, сепаратизм ва экстремизм бисёр назаррас буда, дар доираи санадҳои қабулгардида ва принсипҳои асосии фаъолияти ин созмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав қабул гардид ва дар қисмати дигар тағйироту иловаҳо ворид карда шуд.

Тавре дар боло қайд гардид, яке аз масъалаҳои асосӣ дар назди давлатҳои аъзои СҲШ ин ягонагардонии қонунгузории миллӣ ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин гуфтан ҷоиз аст, ки баъди ратификатсияи Конвенсияи Шанхай оид ба мубориза бар зидди терроризм, сепаратизм ва экстремизм дар кишвари мо бори аввал Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» аз 8 декабри соли 2003 (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» аз 8 декабри соли 2003, № 69 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с.2003, №12, мод.697; с.2007, № 3, мод.158; Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 с., № 1146)) қабул гардид, ки дар он мафҳумҳои асосии ин соҳа -«экстремизм», «фаъолияти экстремистӣ» бо назардошти Конвенсияи зикршуда мавриди шарҳу тавзеҳ қарор гирифт.

Ҷиҳати татбиқи ҷавобгарии ҷиноятӣ барои амалҳои экстремистӣ ба Кодекси ҷиноятӣ низ тағйиротҳои ҷиддӣ ворид гардида, кирдорҳои зерин:

 – даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм (моддаи 3071);

– ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ) (моддаи 3072);

 – ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) (моддаи 3073);

– ташкили таълим ё гурӯҳи таълимии хусусияти динии экстремистидошта (моддаи 3074) криминализатсия карда шуданд.

Бо мақсади татбиқи дурусти Конвенсияи Шанхай оид ба мубориза бар зидди терроризм, сепаратизм ва қонунгузории миллӣ дар ин самт бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016, №776 Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 тасдиқ карда шуд, ки ҳамчун санади хусусияти барномавидошта мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян менамояд.

Бо назардошти инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ ва пайдо гардидани таҳдидҳои нав ба кишварҳои узви СҲШ зарурати такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии он ба миён омад. Инро ба назари эътибор гирифта, СҲШ Конвенсияи нави Созмони Ҳамкории Шанхай оид ба муқовимат ба экстремизм (ифротгароӣ)-ро 9 июни соли 2017 қабул намуд, ки он бо дарназардошти миқёс ва хусусияти хатар доштани амалҳои экстремистӣ барои аҳолӣ ва давлатҳои аъзои СҲШ, инчунин, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва муҳимияти тақвияти амалигардонии ҳамкорӣ бар зидди ин зуҳурот равона гардидааст.

Қабули Конвенсияи нави СҲШ оид ба муқовимат ба экстремизм (ифротгароӣ) заруратро ба миён овард, ки дар сатҳи қонунгузории миллӣ дар ин самт низ тағйиротҳо амалӣ карда шавад. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо экстремизм» аз 2 январи соли 2020 дар таҳрири нав қабул гардид, ки меъёрҳои ин санади байналмилалиро имплементатсия намудааст.

 Ҳамчунин бо назардошти иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ва вазъи чолишҳои муосир бо Фармони Президенти кишвар аз 1 июни соли 2021, №187 “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” қабул гардид, ки мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян намуда, ба муттаҳид намудани тадбирҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар ин самт равона шудааст.

Дар маҷмӯъ, гуфтан мумкин аст, ки мубориза бо терроризм, сепаратизм ва экстремизм дар чаҳорчӯбаи СҲШ самти комёбии ҳамкории кишварҳои узв гардидааст. Нақши созмони мазкур дар рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо терроризм, сепаратизм ва экстремизм баръало ба чашм мерасад.

Умедворем, ки СҲШ ҳамчун ташкилоти бонуфузи минтақавию фаромиллӣ фаъолияти худро боз ҳам вусъат бахшида, барои ҳамкории минбаъда ҷиҳати табодули иттилоот, ҳамоҳангии чорабиниҳо ва таҳияи созишномаҳо ва асноди дигари марбут ба муқовимат бо терроризм, сепаратизм ва экстремизм саҳми беандозаи худро мегузорад.

Раҳмон Дилшод Сафарбек, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ,