• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 9
"Ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати тарбияи наврасону ҷавонон бояд ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва инсонпарварии онҳо таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода шавад". Эмомалӣ Раҳмон Дар доираи силсиславохӯриҳои ректори ДМТ, профессор Насриддинзода Э.С. бо волидайни донишҷӯёни донишгоҳ, ки дар заминаи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар партави Қонуни...
Дар заминаи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар партави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» роҳбарияти ДМТ тасмим гирифт, ки суҳбату вохӯриҳои судмандро бо волидайни донишҷӯён ба роҳ монад. Баҳри мустаҳкам намудани равобити волидон бо донишгоҳ ин навбат вохӯрии ректори ДМТ, профессор Насриддинзода Э.С. бо волидайни донишҷӯёни зумрае аз факултетҳои...
Имрӯз дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти татбиқи бандҳои “Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи “Бемории диабети қанд ва роҳҳои пешгирии он” ҳамоиши илмӣ-назариявӣ...
Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бартараф кардани омилҳои иҷтимоии зуҳури ҷинояткорӣ дар ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷавонону наврасон ва дар самти созанда ба роҳ мондани таълиму тарбия, ҳамзамон, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онҳо як силсила санадҳои муҳимми меъёриву ҳуқуқӣ ба тасвиб расидааст. Яке аз...
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 таъкид гардид, ки «ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати тарбияи наврасону ҷавонон бояд ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва инсонпарварии онҳо таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода шавад». Тарбияи ҷавонон аз ҷумлаи афзалияти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти маърифати ҳуқуқӣ мебошад.  Тарбияи ҳуқуқӣ як намуди тарбияи умумӣ буда, дар роҳи амалигардонии маърифати ҳуқуқӣ ду вазифаи асосиро иҷро менамояд:
Дирӯз дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Дониш»-и донишгоҳ дар соли 2023 ва вазифагузорӣ барои соли 2024 ҷаласаи васеъ баргузор гардид. Дар ҷаласа Мирзозода И. – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Каримзода Н. – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ва ҳайати устодону...
Таҷлили ҷашнҳои гуногуни таърихӣ, аз ҷумла Сада аҳамияти калони тарбиявию ватандӯстӣ доранд. Сада панҷоҳ шабонарӯзро то фарорасии Наврӯз дар бар гирифта, аз наздик омадани фасли баҳору оғози корҳои кишоварзӣ мужда мерасонад. Бо мақсади сазовор таҷлил намудан аз ҷашни Сада имрӯз (22.01.2024) бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ...
Бо мақсади беҳтар гардонидани фаъолияти сохторҳои гуногуни донишгоҳ бо иқдоми роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон боздидҳои ректори донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. бо сохторҳои гуногуни донишгоҳ ва вохӯриҳои корӣ ба роҳ монда шудааст. Имрӯз баҳри омодагӣ ба нимсолаи нави таҳсил боздиди навбатии ректори донишгоҳ аз биноҳои таълимии факултетҳои иқтисодии донишгоҳ: факултетҳои баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ ва иқтисод ва идора...
Соҳаи гумрук яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ ба шумор меравад. Таҳлилҳо собит менамоянд, ки вазифаҳои сиёсати гумрукии имрӯзаи ҳар як давлат дар дарёфт намудани роҳҳои бомуваффақияти инкишофи иқтисодӣ мебошад. Мақсад аз сиёсати иқтисодиро пеша намудани кишвар низ маҳз беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум ва рушду тараққӣ додани иқтисодиёти кишвар ва ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ мебошад.
Дар партави дастуру супоришҳо ва иқдомҳои бунёдкоронаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ба “Шаҳри сабз” ва “Шаҳри гулрез” табдил додани пойтахти азизамон-шаҳри Душанбе дар ин замина ободонӣ, кабудизоркунӣ ва хуррамгардонии ҳар як гӯшаи он дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пайваста шанбегиҳои...

Эълонҳо