• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 91
Дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо дабири кулли Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Корея Алек Ли ва сардори Раёсати ҳамкориҳои хориҷии Корея дар Тоҷикистон Жебок Сим тариқи ҳузурӣ, инчунин, бо намояндагони донишгоҳҳои Корея тариқи маҷозӣ суҳбат намуданд. Зимнан ҷониби Корея аз ҳаёти донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Корея сухан ронда, ёдовар шуданд, ки онҳо...
Табрикоти ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бахшида ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии кишвар Устодону кормандон ва шогирдони азиз! Ҳамасола 29-уми сентябр дар кишвари мо Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат кулли кормандони хизмати дипломатии кишварро самимона табрик намуда, барояшон саломатӣ ва муваффақиятҳои...
Ҳамасола ҳафтаи охири моҳи сентябр бахшида ба Рӯзи Конфутсий ҷамъомади илмӣ-фарҳангӣ ташкил ва баргузор гардонида мешавад. Имрӯз (28.09.2022) бо ин муносибат дар пояи Донишкадаи таълимию фарҳангию Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Донишкадаи Конфутсий – шарики боэътимоди шумо» чорабинии фарҳангӣ гузаронида шуд. Дар чорабинӣ меҳмонон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ва намояндагони Сафорати Ҷумҳурии...
Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ (1207-1273) аз нобиғагони сухан ва абармардони олами адаб, фурӯзонтарин ситорагони осмони фарҳанги Машриқзамин, дурахшонтарин чеҳраҳои шеъру адаби форсӣ ва илму адёни ҷаҳонист. 30 сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мешавад. Ҳамасола ба ин муносибат дар Донишгоҳи миллӣ ҳамоишҳои гуногунсатҳ доир мегардад. Имсол бори аввал бо ташаббуси...
Бахшида ба 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти Ҷоми Кулуби футболи “Истиқлол” оғоз ёфт. Дар мусобиқа футболбозони сохторхои гуногуни ҷумҳурӣ иштирок менамоянд. Дар мусобиқа дастаҳо ба 4 гурӯҳ тақсим шуда, бозии аввалин рӯзи 26.09.2022 шурӯъ шуд. Дар ин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дастаи Донишгоҳи...
Имрӯз (27.09.2022) дар доираи нақша-чорабиниҳои муштараки Прокуроуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарҳи “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои солҳои 2021-2025” дар шаҳраки донишҷӯёни донишгоҳ вохӯрии муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рофизода Мирзоамон ва муовини аввали ректори...
Имрӯз (24.09.2022) бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Қурбоналӣ Абдулло, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, намояндагони Вазорати маориф ва...
Ҳайати устодону кормандон ва толибилмони Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди ДМТ дар пешбурд ва амалисозии сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти забономӯзӣ пешраву пешсафанд. Нақши Донишкадаи Конфутсийи назди ДМТ дар гиромидошти забони давлатӣ, фарҳанги милли ду кишвари дўст- Тоҷикистону Чин чашмрас мебошад. Донишкадаи Конфутсийи назди ДМТ маҳсули замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар тули...
Имрӯз (22.09.2022) дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ бо ташаббуси кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судӣ мизи гирди илмӣ – назариявӣ дар мавзӯи “Рушди илми криминалистика дар даврони истиқлолият” бахшида ба фаъолияти илмии профессор Ямоқова Зумрад баргузор гардид. Дар нишаст намояндагони сохторҳои мухталифи ҷумҳурӣ иштирок намуда, дар робита ба рушди илми криминалистика дар даврони соҳибистиқлолӣ ва...
Дар асоси сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти омӯзиш ва такмили сатҳи забономӯзии омӯзгорон дар пояи Донишгоҳи миллии Тоҷикстон дар ҳамкорӣ бо сафорати Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар шаҳри Душанбе, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дафтари Швейтсария дар Тоҷикистон Форуми такмили ихтисос барои омӯзгорони забони олмонӣ - 2022...

Эълонҳо