ПАЙВАНДИ ЗАНҶИРАИ ИЛМ БО ИСТЕҲСОЛОТ

380

Имрӯз (24.02.2024) дар толори калони Шаҳраки донишҷӯёни донишгоҳ ректори ДМТ, профессор Насриддинзода Э.С. бо устодону кормандоне, ки ба корҳои илмӣ машғуланд, вохӯрӣ намуд. Дар нишаст масъалаҳои гуногуни фаъолияти донишгоҳ, аз ҷумла бахши илм ва инноватсия мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зиман гуфта шуд, ки мақсад аз баргузории вохӯрии мазкур баланд бардоштани корҳои илмию таҳқиқотӣ, сари вақт ҳимоя намудани рисолаҳои илмӣ ва пайванди илм бо истеҳсолот, инчунин, беҳтар намудани ҷараёни корҳои таълимию тарбиявӣ мебошад.

Гуфта шуд, ки имрӯзҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самтҳои мухталиф, аз ҷумла дар рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ тадбирҳои муҳиммеро роҳандозӣ намудаанд. Эълон гардидани солҳои 2020-2040 ҳамчун «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» аз ҷумлаи тадбирҳоест, ки ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, ҳамчунин, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав мусоидат менамояд.

Ҳамзамон, зикр шуд, ки донишгоҳ дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат ҷиҳати ба талаботи стандартҳои байналмилалии таҳсилот мутобиқ намудани нақшаву барномаҳои таълимӣ ва дар ин замина омода кардани кадрҳои баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ даҳ ихтисоси донишгоҳ: кори табобатӣ, кори тиббӣ-ташхисӣ, дорусозӣ, математика (фаъолияти илмӣ-педагогӣ), физика (фаъолияти илмӣ-педагогӣ), химия (фаъолияти илмӣ-педагогӣ), биология (фаъолияти илмӣ-истеҳсолӣ), муносибатҳои байналмилалӣ, ҳуқуқшиносӣ ва молия ва қарзро аз аккредитатсияи барномавии байналмилалӣ – Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг гузаронд, ки баҳри такмил додани ихтисосҳои мазкур тадбирҳои тоза андешида, равобити судмандро бо шарикон мустаҳкам намуд.


Дигар масъалаҳое, ки мавриди таҳлил қарор гирифт, интихоби мавзуҳои муҳимми рӯз ва риояи меъёрҳои забони тоҷикӣ ҳангоми навиштани рисолаҳои илмӣ буд. Зикр шуд, ки ба мавзуъҳои мубрами рӯз, ки ҷиҳати рушти соҳаҳои мухталифи кишвар мусоидат мекунанд, таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардида, корҳои илмии бунёдӣ таълиф шаванд ва меъёрҳои забони тоҷикӣ риоя гарданд.
Пеш бурдани ҷараёни корҳои илмӣ, ташкил намудани чорабиниҳои илмию амалӣ, омодагӣ ба олимпиадаҳои дохили донишгоҳӣ ва ҷумҳуриявию байналмилалӣ, ташкили озмунҳои фаннӣ, чопи мақолаи илмию оммавӣ, ҷоннок намудани маҳфилҳои инфиродӣ аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки дар ин нишаст мавриди таҳлил қарор гирифтанд.

Таъкид шуд, ки пайванди занҷираи таълим, тарбия, илм бо истеҳсолот ногузир аст. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки фаъолияти худро баҳри баланд бардоштани сифати таълим, тарбияи кадрҳои хушсалиқаю ватандӯст ва иҷрои корҳои илмии бунёдӣ, инчунин, татбиқи илм бо истеҳсолот бештар равона намоем.