Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рамзҳои соҳибистиқлолии кишвари мо буда, имсол мардуми Тоҷикистон 14-умин солгарди ҷашни онро дар фазои сулҳу субот ва созандагӣ истиқбол мегиранд. Парчами миллӣ аввалин рамзи худшиносӣ ва муайянкунандаи қудрати сиёсӣ маҳсуб мешавад. Парчам рамзи мавҷудият ва соҳибихтиёрии ҳар халқ буда, нишон аз таъриху давлатдории он миллат ба шумор меравад. Арзиши парчам ба матои абрешимиву пахтагии он вобаста нест, балки ҳар парчам аз рӯйи меъёре қадрдонӣ мешавад, ки кадом халқу миллатро намояндагӣ мекунад. Парчам ба он хотир арзишманд аст, ки он ҳокимияти давлатӣ, соҳибихтиёрии халқ ва нангу номуси давлатдории моро бозгӯӣ мекунад. Парчам ба навъе обрӯву эътибор ва ҳайсияти миллатҳову кишварҳоро афзоишу рушд медиҳад. Мо миллати парчамдор ҳастем. Тоҷикон чун халқи мутамаддин ва қадимтарини Осиёи Марказӣ дар таърихи чандҳазорсолаи худ оини парчамсозиву парчамдориро гиромӣ медоштаанд.
Зеро парчамдарӣ дар айни замон нишонаи давлатдорист. Парчамдорӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки миллат дар тӯли мавҷудияти худ барои иттиҳоду сарҷамъӣ ва озодии сарзаминаш талош намудааст. Дар парчам нишонаҳои асосии фарҳанги халқу миллатҳо ва дигар аломатҳои давлатдории онҳо инъикос меёбад. Масалан дар парчами Аморати Бухоро моҳу ситора ва панҷаҳои даст акс ёфта буданд. Дар парчами Ливия – танҳо ранги сабз, дар парчами Мозамбик – автомати Калашников тасвир гардидааст. Ё худ дар парчами баъзе кишварҳо (ба мисли Миср, Тунис, Туркия) моҳи нав тасвир шудаст, ки ишора ба дини ислом аст.
Гузаштагони мо дар парчамҳои худ рангҳои сурх, зард, кабуд ва бунафшро бо рамзҳои гуногуни оини далерию қудратмандӣ ба кор будаанд. Дар ин ҷо метавон, аз парчами Куруши Кабир, Коваи оҳангар ва парчами давлатдории Сосониёну Сомониён ёдовар шуд, ки ҳамагӣ нишони нерӯмандӣ, ҷоннисориву садоқатмандӣ баҳри ватан буданд. Хусусан парчами Ковиёнӣ ё тарзе дар «Шоҳнома» омадааст, дирафши Ковиёнӣ на танҳо як парчам буд, балки он рамзи мубориза алайҳи истибдоду ноадолатӣ буд. Шоҳ Фариддун он пешбанди Коваи оҳангарро Дирафши Ковиёнӣ хонду бо зару зевар ороста муқаддас донист.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд: «Ниёгони арҷманди мо ҳазорсолаҳо таҳти парчами хеш саф кашида, ватану миллат, номусу озодӣ, забону фарҳанг ва марзу буми аҷдодиро ҳимоя кардаанд. Яъне парчами давлатӣ баёнгари ҳаққи мавҷудияти миллати соҳибдавлати тоҷик бо тамоми ғановату асолати таърихиву фарҳангӣ ва ҳуқуқии он аст.
Рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла парчам дар давраҳои вазнини ҳаёти халқу миллатҳо воситаи муассири инъикоси якпорчагӣ ва илҳомбахши муборизаи фидокоронаи фарзандони содиқу вафодори онҳо будааст. Зеро ҳар як фарзанди вафодор ва бонангу номуси миллат гӯшаи ватан, ҳастии халқ ва ҷовидонагии давлатдории хешро маҳз дар ҳамин рамзҳо эҳсос карда, боҳимояи онҳо Модар–Ватанро ҳифз менамояд». Парчами кишвари мо 24-уми ноябри 1992 қабул шудааст. То ин замон Тоҷикистон парчами худро, ки ифодакунандаи рамзу манфиатҳои Тоҷикистони Шӯравӣ буд, дошт. Парчами имрӯзаи мо дар замоне қабул шуда буд, ки сарнавишти миллати тоҷик ва давлатдории тоҷик зери хатар буд. Бо ҳамин рамзи муқаддаси миллӣ давлати мо дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шудаву мешавад. Аввалин шуда ба ин парчам раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии ҶТ Эмомалӣ Раҳмон савганд ёд кардаву онро ба дидагон молиданд. Мо зери ин парчам давлатдориву истиқлолияти худро ҳифз намудем, аз оташи ҷанги шаҳрвандӣ раҳо ёфтем, ба сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рӯзгори босаодати имрӯзаи миллат расидем. Мо зери ин парчам ба созандагиву бунёдкорӣ камар баста, Ватанро ба таври шоиста дар ҷомеаи байналмилалӣ муаррифӣ менамоем.
Парчами Ҷумҳурии Тоҷикстон бо тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар аз решаҳои таърихии давлатдории миллати тоҷик сарчашма мегирад ва аз се ранги дар пиндори мо фалсафию маъниофар: сафед, сурх ва сабз иборат буда, ранги сурх – ифодагари муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед – нишони бахту саодат ва умеду орзу, ранги сабз – нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Имрӯз дар маркази пойтахт, дар канори Қасри Миллат парчами давлатӣ бо баландии 165 метр қомат барафрохтааст. Баландии парчам 30 метр ва дарозӣ ё паҳноияш 60 метр мебошад. Мо дар чанд соли шоҳид ҳастем, ки дар ҳама гӯшаҳои кишварамон Парчаму Нишони давлатиамон қомат меафрозанд. Ин ҳамадалели возеҳи он аст, ки Ҳукумати кишвар ва мардуми Тоҷикистон рамзҳои давлатии худро қадрдонӣ мекунад.
Иқрор бояд шуд, ки бо ҳама хубиҳояш ҳукумати шӯравӣ натавонист, он ифтихор, эҳтиром ва самимиятеро, ки имрӯз мо ба Парчами худ дорем, дар ниҳоди мардум ҷой кунад. Он замон эҳтироми парчам расмиву маросимӣ буд. Имрӯз бо боло шудани Парчами кишварамон дар ҳама ҷо моро ҳисси ифтихор фаро мегирад. Ифтихор аз давлату давлатдорӣ, аз амалишавии орзуву армони ҳазорсолаҳо. Эҷодкоре нест, ки васфи парчамро накарда бошад. Ифтихор аз муқаддасоти миллату давлатамон, аз ҷумла парчам дар ниҳоди кӯдакони мо аз оилаву богча сар мезанад. Тамоми кӯдакон дар васфи парчам пораи шеъреро аз ёд медонанд. Ва чун кӯдакони мо дар васфи парчам месароянд, худи моро низ ҳамон ифтихор фаро мегирад.
Ҳаққи ифтихорро аз Парчами миллӣ ҳамаи сокинони Тоҷикистон, новобаста аз қавму милаташон доранд. Яъне дар баробари тоҷикон дигар милатҳои сокини кишвар ҳақ доранд аз ин парчам ифтихор кунанд. Парчамдорӣ ба дунболи худ масъулият низ дорад. Эҳсоси меҳру муҳаббат ба парчам ҳамон вақт умумимилливу мардумӣ мегардад, ки агар бидуни расмиёт ё супорише ҳар як шаҳрванди мамлакат эҳтироми онро ба ҷо оварад, дар боло шудани он дарки масъулият намояд.
Парчам ба он хотир муқаддас аст, ки алтернатива надорад. Ҳар чизе, ки мисли Модар, Ватан ҷовидониву бебадал ва ягона аст, муқаддас аст. Ба арзишҳои муқаддас хиёнат намекунанд, ҳар касе ба ин арзишҳо хиёнат мекунад, бо номи хоин ёд мешавад. Эҳтиром ба парчам аз он барнамеояд, ки онро болои мизи корӣ ё дар пушти гардани худ печондаву гардонем. Балки эҳтиром ин хиёнат накардан бар арзишҳои ҳамин миллату давлат, ҳамин Ватану сарзамин мебошад. Хизмат кардан барои саодати миллат, барои рушди Ватан ва даст назадан ба амалҳои бад беҳтарин шеваи эҳтиром ба парчами миллӣ мебошанд. Мо ҳар яке дар иҷрои вазифаи худ ба таври бояд кӯшиш намоем: муаллимон хуб дарс гӯянд, табибон хуб табобат кунанд, ҷавонон барои азхуд кардани донишҳои замонавӣ талош намоянд… Ин аст эҳтиром ба арзишҳои миллӣ. Эҳтиром ба Парчам ин эҳтиром ба заҳмату талошҳои фарзонафарзандони миллат дар роҳи расидан ба истиқлолият ва давлатдорӣ мебошад.
Овардани як нукта аз суханони Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бамаврид аст: «Эҳтиром ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла парчам арҷ гузоштан ба тамоми арзишҳои дирӯзу имрӯз ва фардои миллат аст… Бинобар ин, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ – Конститутсия, Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ бояд дар миёни мардум ва пеш аз ҳама, наврасону ҷавонон ҳамчун рамзи нангу номус ва шарафи миллӣ вусъат пайдо намояд».
Сангин ГУЛЗОД, номзади илми филология, дотсент