ПАРЧАМ ИФТИХОРИ МОСТ!

1609

Парчам яке аз муҳимтарин ва намоёнтарин рамзи мардуми ватандўст ва озодию истиқлоли кишвар аст. Донистани таърихи парчам ва асрори он барои ҳама шарту зарур аст. Мо медонем, ки Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 пазируфта шудааст. Ҳамакнун вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии Парчамро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №254 аз 12-уми майи 2007 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар мекунад.

Дар асоси Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11-уми декабри соли 1999 бо Қарори №892 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст. Аммо таърихи Парчами мо аз дирафши Коваи Оҳангар мегирад, ки Кова бо шамшери худ аз пешдомани чармини оҳангариаш бурида, ба нўги шамшери худ баста, баланд барафрохтааст. Яъне куҳантарин намоди кишвардории тоҷикон парчаме бо номи «Дирафши Ковиёнӣ» будааст, ки онро «Ахтари Ковиёнӣ» низ хондаанд.

Ин дирафш пораи чармин буд. Баъдтар онро аз подшоҳ ба подшоҳ месупурданд ва ҳар подшоҳ ба он порае аз пўсти шеру палангу хирс, ки ҷонварони бузурганд, илова мекарданду бо зару зевар оро медоданд.

Имрўз Парчами Тоҷикистон рангину баландтарину зебою парафшон аст ва аз ин хусус бисёр навиштаанд. Вале муҳимтар аз ин мо бояд бо Парчами худ ифтихор кунем ва онро аз бому минбару кўчаҳо ба хона ва дилу дидаҳои худ ҷо карда тавонем. Парчам ҳамеша ифтихори мост ва дар берун аз кишвар нахустин намунаи ёдоварии азизи давлату кишварамон аст. Варзишгаре чун ғолиб омад, Парчами моро болои сар мебардорад ва шодию хурсандии худро бо он ифода мекунад. Ў гўё Тоҷикистонро болою баланд мебардорад.

Рўзе, ки Парчами асосии мо дар боғи Парчам барафрохта мешуд, шахсан Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Љумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи сарбозони Гвардияи миллӣ як гўшаи онро сари китф бардошта мебурданд, то барафрохта шавад! Эҳтироми Парчамро аз Пешвои миллатамон бояд омўзем!

Дар мусобиқоту озмуну олимпиадаҳо ҳам мо бо Парчами худ иштирок мекунем ва худро муаррифӣ мекунем.

Имрўз парчам ва сурати он бояд дар бари пироҳани мо ҷо гирад, Парчам ба хонаҳо ҳам роҳ ёбаду як гўшаи манзили моро зеб диҳад. Эҳтирому иззати Парчам эҳтирому иззату Тоҷикистон ва мардуми Тоҷикистон аст. Мо онро ба даст гирифта, ифтихор мекунем, аз тамошои он дидаҳои мо нур мегирад, парафшониаш ба дилҳо сурур мебахшад!

Мо тамоми мардуми Тоҷикистони офтобрўро ба Рўзи Парчам табрик мегўем ва орзум мекунем, ки ин парчами зебо садсолаҳо парафшон бошад!

Рўзи Парчам муборак бошад!

Саодат Азизова корманди МТТИ ва ТФ-и ДМТ